Рўзе марди моҳигире ба хотири касби рўзии ҳалол ба тарафи дарё рафт. Ў чангаки худро дар дарё меандохт вале моҳие ба даст намеовард. Ў аз Худованди таоло хоҳиш мекард, то моҳие насиби ў кунад, зеро фарзандонаш дар хона аз гуруснагӣ доду фиғон мекарданд. Ғуруби офтоб наздик мешуд, ки ногоҳ Худованд ба ў моҳии бузурге ато кард. Ў шукри Худо карда, хурсандона ба сўйи хонааш мерафт. Дар ин ҳол подшоҳ ба тамошои соҳил меомад. Моҳии бузург диққати подшоҳро ба худ ҷалб кард подшоҳ маҷбуран моҳиро аз дасти он мард гирифт ва ба тарафм қаср равон шуд. Ў мехост маликаи худро хушҳол ва ҳайратзада кунад. Бинобар ҳамин мехост моҳиро ба малика нишон диҳад. Ногаҳ моҳӣ ангушти ўро газид ва аз дарди бисёр натавонист он шабро ором бихобад. Пас табибонро хост. Онҳо ба ин натиҷа расиданд, ки ангушти подшоҳро бибуранд. Баъд аз буридани ангушт ҳанўз дардаш боқӣ буд, зеро он осеб дар дасташ сироят карда буд. Табибон гуфтанд дасташ низ бурида шавад. Боз ҳам дард ўро ором намонд, то ин ки дасташро то оринҷ қатъ карданд. Баъд аз ин дарди ҷисмонии ў дур шуд, вале виҷдони ў ноором буд. Аз ин хотир назди олиме рафт ва моҷарои моҳиро ба ў бозгў кард. Олим ба ў гуфт: «ту оромиш пайдо намекунӣ, магар ин ки он марди моҳигир туро бубахшад». Подшоҳ ба ҷустуҷўйи он мард баромад, то он ки ўро ёфт ва мушкилашро ба ў гуфта, аз ў хост, то ўро бубахшад. Марди моҳигир подшоҳро бахшид. Подшоҳ ба ў гуфт: «дар ҳаққи ман чӣ гуфта будӣ, ки ман ба ин бало гирифтор шудам». Гуфт: ҷуз ин калима нагуфтам: «Худоё ў қувваташро ба ман нишон дод, ту қудрати худро ба ў нишон бидеҳ»! Рост гуфтааст паёмбари Худо(с) «битарсед аз дуои мазлум», зеро байни дуои мазлум ва Худованд ҳиҷобе нест. Пас биёед аз Худованд бихоҳем, то моро аз ҷумлаи золимон қарор надиҳад…© (?)
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев