Мапурс таъми асал аз заҳрошом.
Зи дарду сӯҳбати мардон шавӣ мард,
Равӣ дар осиёи дил расад гард.
Агар ҷӯянда бошӣ,ҷустуҷӯ кун,
Агар гӯяндаӣ,рав зикри Ӯ кун.
Касе пурсид аз султони Аброр,
Шудам дармондаи ин амри душвор,
Надонам ман саъидам ё ки бадбахт,
Биҳиштиам ва ё дар уқбаи сахт?
Бигуфт: Ҳазрат наёлоӣ ба ҳар дег,
Дили худ арза кун дар сӯҳбати нек.
Агар моил шавад дил,нек бахтӣ,
Бикаш сӯи азизон зуд рахте.
Дилат гар сӯҳбати некон нахоҳад,
Бидон,ки дӯзахи сӯзон бихоҳад.
Нишони сарнавишти бад ҳамин аст,
Сияҳдил дар ҷазо асвад ҷабин аст.
Аз- ин гӯям ба некон зуд омез,
Агар по дорӣ,аз бад дур бигрез.
Зи сӯҳбат неку бад пайдост таъсир,
Зи некон шаҳд нӯш аз бад махур тир.
Ки захми тири бад орад ҳалокӣ,
Бигардон аз ҳабисон рӯ ба некӣ.
Зи гарди домани покон шавӣ пок,
Дӯкони собунат инҷо,маҷӯ зок.
Даро дар кӯраи дил,то шавӣ зар,
Намонда то ба девори лаҳад сар.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев