Паёмбар дар
осмон
Рӯзе мушрикони Макка ба
Паёмбари Худо (с) гуфтанд: агар
ту дар ҳақиқат фиристодаи
Худо ҳастӣ моҳтобро дар осмон
аз миён ду пора намо, мо ба ту
имон хоҳем овард. Моҳ дар
шаби чордаҳ буд, Паёмбари
Худо (с) аз Парвардигораш хост
то он чи мушрикон аз ӯ
мехоҳанд бароварда созад. Ин
ҷо буд, ки моҳтоб бо хости
офаридагораш аз миён ду пора
гардид. Мушрикон, ки таваққуи
инро надоштанд дар тааҷҷуб
афтода гуфтанд: Муҳаммад
моро ҷоду кард. Сипас, ки
барои имон наовардан ба худ
баҳонае меҷустанд гуфтанд:
агар Муҳаммад моро ҷоду
карда бошад, ӯ наметавонад
тамоми мардумонро ба афсуни
худ гирад. Абуҷаҳл гуфт: сабр
мекунем то ин ки
бодиянишинон биоянд, агар
онҳо ин чизро мушоҳида карда
бошанд пас Муҳаммад рост
мегӯяд ва агар не, пас маълум
мешавад, ки Муҳаммад
чашмони моро бастааст. Вақте
аз бодия мардумоне ба Макка
омаданд мушрикон ин воқеаро
аз онҳо ҷӯё шуданд. Чун
бодиянишинон гуфтанд, ки ин
чизро мо бо ду чашми худ
дидем Абуҷаҳл ва мушрикон
гуфтанд: ин ҳамон сеҳру
ҷодуест, ки ҳама ҷоро фаро
гирифтааст. Сипас Худованд ин
сураи муборакро нозил намуд:
ﺍﻗﺘﺮﺑﺖ ﺍﻟﺴﺎﻋﺔ ﻭﺍﻧﺸﻖ ﺍﻟﻘﻤﺮ* ﻭﺇﻥ ﻳﺮﻭﺍ
ﺁﻳﺔ ﻳﻌﺮﺿﻮﺍ ﻭﻳﻘﻮﻟﻮﺍ ﺳﺤﺮ ﻣﺴﺘﻤﺮ *
ﻭﻛﺬﺑﻮﺍ ﻭﺍﺗﺒﻌﻮﺍ ﺃﻫﻮﺍﺀﻫﻢ ﻭﻛﻞ ﺃﻣﺮ
ﻣﺴﺘﻘﺮ* ﻭﻟﻘﺪ ﺟﺎﺀﻫﻢ ﻣﻦ ﺍﻷﻧﺒﺎﺀ ﻣﺎﻓﻴﻪ
ﻣﺰﺩﺟﺮ* ﺣﻜﻤﺔ ﺑﺎﻟﻐﺔ ﻓﻤﺎ ﺗﻐﻨﻲ ﺍﻟﻨﺬﺭ *
«Қиёмат наздик шуд ва моҳ
пора гардид. Ва агар мӯъҷизае
бубинанд рӯй бигардонанд ва
гӯянд: «Ҷодуе бузург аст». Ва
дурӯғ мепиндоранд ва аз паи
ҳавою ҳавасҳои хеш мераванд.
Ва ҳар кореро ҳадафест. Ва
барояшон хабарҳое омадааст,
ки аз гуноҳашон бозмедорад.
Ҳикматест тамом. Вале
бимдиҳандагон судашон
надиҳанд».
(Сураи Қамар: 1-5).
Довуд Мусо Беткук, ки акнун
раисии ҳизби исломии
Британияро ба ӯҳда дорад
мегӯяд: дар яке аз баҳсҳои
динӣ дӯсте тарҷумаи англисии
Қуръонро ба ман дод. Ман гоҳ
гоҳ онро мехондам, боре сураи
Қамар ба чашмам хурд ва онро
мехондам ва ба худ мегуфтам:
оё моҳтоб ҳам аз миён ду пора
мешавад? Пас аз он Қуръонро
ба ҷое гузошта дигар онро
накушодам.
Рӯзе дар назди телевизор
нишаста будам ва барномаеро
аз канали Бӣ Бӣ Сӣ тамошо
мекардам, ки дар он барнома
рӯзноманигоре аз се
донишманди амрикоӣ
мепурсид, ки чаро дар кишвари
Амрико миллионҳо мардум дар
ҳоли сахт зиндагӣ мекунанд,
боз ҳукумати ин кишвар
миллиардҳо долларро дар фазо
ва кашфи чизҳои бефоида дар
осмон масраф мекунад?
Донишмандон дар посух
мегуфтанд, ки ин кор барои мо
фоидаҳои бузурге овардааст,
хусусан дар соҳаи зироат ва
синоат…
Рӯзноманигор суханашро
идома дода пурсид, ки чаро
Амрико танҳо барои нишастан
дар болои моҳ маблағи беш аз
100 миллиард долларро сарф
намудааст? Сарф намудани
чунин маблағи калон чӣ маъно
дорад?
Донишмандон дар посух
мегуфтанд, ки ин маблағ барои
дарёфти таркиби дарунии
моҳтоб ва ҳаммонандии он бо
замин масраф мешавад. Яке аз
онҳо гуфт: чизи шигифтоваре,
ки дар моҳ моро ба тааҷҷуб
овард, он хатти ҷудокунандае
дар миёни сангҳои бузурги
моҳтоб буд, ки аз боло то поён
ва аз поён то болои сангҳо
дида мешуд. Мо ин маълумотро
ба геологҳо пешкаш намудем
то таҳқиқот намуда андешаи
худро баён созанд. Геологҳо ба
чунин хулосае омаданд, ки
моҳтоб рӯзе аз рӯзҳо аз миён
ҷудо шуда боз бо ҳам
пайвастааст, ки асари ҷудоии
он дар моҳтоб боқӣ мондааст.
Бо муҷараде, ки ман ин суханро
шунидам аз курсии худ
барҷаста гуфтам, ки ин ҳамон
ҳодисаест, ки 1400 сол қабл бо
Муҳаммад (с) рух дода буд, ки
имрӯз барои исботи он
миллиардҳо долларро масраф
намудаанд. Ин дин ҳатман ҳақ
ва аз ҷониби Худост.
Сураи «Қамар» сабаби ислом
овардани Довуд Мусо Беткук
гардид.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев