Гирифтори зару молу паи нафсу хаво боши.
Намегуи,ки:<<Марг омад>>.Намегуи << Киёмат шуд>>.
Машав гарра ба умри худ,ки як шаб то сабо боши.
Чу кирми пилла гар пинхон шави дар атласу дебо,
Ки охир марг меояд дигар гофил чаро боши.
Мисоли анкабуте дар танат пуст аст тору пуд,
Агар Корун шави аз мол охир мубтало боши.
Агар умри ту дар дунё бувад чун Нухи пайгамбар,
Ки охир вакти мурдан дар чахон бо як кабо боши.
На зан ояд ба кори ту, на фарзанду зару молат,
Занат бо дигарон гуяд, ки:<<Фардо ёри мо боши >>.
Хисоби моли худ доим куни шаб то сахар охир,
Намегуе, ки <<Марг ояд>> ,дигар гофил чаро боши.
На хамдам бошаду на ёру фарзанду на гамхоре,
Анисат каждуму акраб, рафикат морхо боши.
Надори токати як шаб табу дарди сари як руз,
Чи гуна метавони дар чаханнам солхо боши.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев