Предыдущая публикация
Шудам пазмон дасти бо дуоят,
Туро ҷӯё шудам назди худоят.
Ба рӯи қабри ту оҳе кашидам,
Ки омад аз қадар акси садоят.
Будам бемору ғам бо ҷонам олуд,
Ки манро холӣ буд дар сина ҷоят.
Агар рӯзе биёӣ бар канорам
Ки созам сурмае ман гарди поят.
Худам бо худ нишастам гиря кардам,
Ки то аз меҳри ту ёбам ҳидоят.
Мани бемор зи ночорӣ нишастам
Ба тақдири азал бурдам шикоят.
Ҳамедонам ба зери хок хуфтӣ,
Дили ғамдидаам буд дар азоят.
Даруни хоки тар носудаи ту,
Барои писари обу адоят.
Сари ман мерасад кай бар сари ту,
Куҷо ҳастӣ дилу ҷонам фидоят.
Шудам зору низор дар ҷустуҷӯят
Аё модар, ки месӯзам бароят.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев