Турбати Мавлоно Ҷалолиддини Балхиро дидан мехоҳед?Хотите увидеть могилу Мавлоно Джалолиддина Балхи? تربت مولانا جلال الدین بلخی را دیدن میخواهید؟ Дӯстони азиз, биёед, бо ҳам ба таври маҷозӣ ба сайри мазори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ биравем ва ба рӯҳи ин бузургмарди адабиёти форсу тоҷик фотиҳае хонем. Мазорашон дар шаҳри Қунияи Туркия қарор дорад, ҳарчанд худи Мавлоно ба гуфтаи муҳаққиқони осораш зодаи ноҳияи Вахши Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Он вақт минтақаи Вахши ҳозира ба вилояти Балх (имрӯз дар ҳудуди Афғонистон) ворид мешуд. Тибқи пажуҳиши олимон падари Мавлоно, ки яке аз шахсиятҳои маъруфи олами Ислом буд, зодаи худи Балх аст. Бо сабабҳои ноамнии рӯзгору ҷангу кашмакашҳо дар минтақаи Осиё
    0 комментариев
    0 классов
    0 комментариев
    0 классов
    АЗ ДИДАНИ ИН НАВОР ПУШАЙМОН НАХОҲЕД, ДӮСТОНИ АЗИЗ! Кӯли 7-#Ҳазорчашма #Ҳафткӯл #Видео #Панҷакент #Haftkul #Panjakent #Tajikistan #Tojikistoniman Заряди телефонҳо ба охир расид.Ҳавои беҳад тозаву пурнакҳат. #Саёҳони #хориҷӣ @Oda_Johanna @Олимчон Курбонов ЗАБОН ОМӮЗЕД!!! Ҳангоме ки ба кӯли 7 - Ҳазорчашма расидем, чанд тан сайёҳи хориҷиро вохӯрдем. Ба бародари ҳамсафарам Олимчон Курбонов, ки забони англиси ро хуб медонад, гуфтам: -Биё, меҳмононро хуш омадед бигӯем ва ҳамроҳашон гап бизанем. Ба Олимҷон гуфтам, ки шумо гуфтаҳои маро ба англисӣ тарҷума кунед. Дар ин суҳбат қиссае ба вуҷуд омад, қиссаи тарҷумонии Олимчон Курбонов бо ман 😃😃😃☺ Вакте сухбат ба поён расид, хостам худоҳофизӣ кунам бо меҳмонҳо. Хостам худам бо англисӣ гуям. Саросема шуда, аз Олимчон пурсидам: Гудбай ба англисӣ чӣ мешавад???))) Олимчон ҳам худашро гум накарда гуфт: Худо ҳофиз мешавад, апаҷон😃😃😃 Бисёр чизҳоро омӯхтаму ҳамин англисӣ мондааст. Ҳангоми мактабхонӣ, ки ба солҳои ҷанг рост омад, мо ҳатто муаллими забони русӣ ҳам надоштем. Буд муаллими забони русӣ. Корро партофт, омӯзгориро... Ба худ гуфтам:Ба Душанбе баргардам, насиб кунад, миёнро маҳкам баста забони англисӣ меомӯзам. Зеро беҳуда нагуфтаанд: ЗАБОН ДОНӢ, ҶАҲОН ДОНӢ. @Дилафрӯз_Қурбонӣ @Delafroz_Kurboni
    0 комментариев
    1 класс
    Умед Бабаханов : ПАДАРАМ МЕГУФТАНД, КИ ҲАМЕША БА ДИГАРОН НЕКӢ КУНЕД... Хотироти сармуҳаррири нашрияи "АЗИЯ+" УМЕД БОБОХОНОВ дар бораи падари бузургворашон, муаррихи шинохта, профессор #МАНСУР_БОБОХОНОВ , ки зимни баргузории маҳфили гиромидошти олими фарҳехта дар #ДОНИШГОҲИ_МИЛЛИИ_ТОҶИКИСТОН рӯзи 30-юми сентябри соли равон ёдоварӣ намуданд.
    0 комментариев
    1 класс
    Холаи Садафмо ва сад сомон ғами ӯ Холаи Садафмо дер боз ба автобус нанишаста буд. Ҳамеша саросема мегашту мехост баробари ба роҳ баромадан ба таксие нишаста, ҳар чи зудтар ба хонааш бирасад. Аммо имрӯз рӯзи истироҳат буд. -Куҷо саросема шавам? Рӯзи корӣ набошад. Баҳузур ба автобус нишаста, рафта харидамро карда бармегардам. Камтар “эконом” карданро ёд гирам-да. Хӯрокамро ҳам, ки барвақт омода намудаам!- бо ин андешаҳо ба автобусе, ки дар назди истгоҳ меистод, савор шуд. Шояд 10 дақиқае сипарӣ шуд, вале автобуси нимапур хаёли ҳаракат карданро надошт. Як ками дигар мунтазир шуд, аммо ҳавсалааш сар рафта, аз пулчинак пурсид: - Ҳаракат намекунед, додарҷон? - Куҷо саросемаӣ, хола? Пур шавад, ҳай мекунем! - Оҳ, то ин пур мешавад, ки рӯз нимрӯз мешавад. Хуб, дар роҳ, ки боз мардум бисёранд! - Хола бисёри бад дерат шуда бошад, марҳамат, ба таксӣ бирав, дар ду дақиқа ба ҷою маконат мерасонад. Ин автобуси давлатӣ. Мо “план” гуфтанӣ гап дорем, мефаҳмӣ холаҷон?! Так что ё тинҷакак бишин, ё бо таксӣ бирав! Холаи Садафмо рӯяшро тарафи тирезаи автобус гардонда, вонамуд кард, ки берунро тамошо дорад ва суханҳои ҷавонро нашунид, аммо дар асл дар шарму ҳаё гум шуда, аз гапи гуфтааш пушаймон шуд. Дар дилаш худашро мазаммат мекард, ки чаро эътироз баён кард, чун ҳама мусофирон ба баҳси онҳо таваҷҷуҳ карданд. Вале барояш ҷои суол буд, ки чаро дигарон дар даҳон об гирифта, ором нишастаанд ва танҳо ӯ гап зад. Лекин гуфтораш беасар буд. Беҳуда намегӯянд: ”Сухан гуфтан нуқра бошад, хомушӣ тилост”. - Охир, дигарон низ бояд сухане мегуфтанд, на ин ки бепарвоёна тамошобин бошанд. Чаро ба тақдири худашон ин қадар бепарвоянд ин мардум???-дилаш туғён мекард. Ниҳоят баъди миқдори зарурии мусофирон ҷамъ шудан автобус ба ҳаракат даромад. Каме банди ҳамин фикрҳо буд. Дилаш кам-кам ором мешуд. Ба тамошои шаҳр машғул дошт худашро. Ногаҳон чашмаш ба саҳнае афтод ва як лаҳза мисли барқзадае карахт шуд. Баробари автобуси онҳо мошини бензинкашӣ ҳаракат мекард. Маълум буд, ки мошин пурбор аст, аммо чӣ боре? Бори маргборе! Бензинро чунон пур кардааанд, ки аз лабҳои новаи мошин ҷорӣ буд ва ба бари бордони мошин шорида ба замин мерехт. - Чӣ дарди зарур доред, ки ин қадар пураш мекунед?- худ ба худ ғур-ғур кард. Гӯё ғоибона соҳибони борро танбеҳ медода бошад. Дар ин вақт яке нақлҳои ҷолиби падари ҳикоягӯяш ба ёдаш омад ва лаҳзае дар лабонаш табассум меҳмон шуд: “Афандӣ косаи чинӣ дар дасташ равғанхарӣ меравад. Чун равғанфурӯш ба косааш равғанро мерезад, ками дигар дар зарфе, ки дар дасташ буд, мемонад. Афандӣ ин ҳолро дида, косаашро рӯи дигар мегардонад ва мегӯяд: ”Боқимондаашро ин ҷо резед, то ризқам аз даст наравад.” Ин нақлро тақрибан ҳама дар қишлоқи онҳо аз ёд медонистанд, вале такрор ба такрор аз падараш хоҳиши шунидани онро менамуданд, чун ӯ бо як лаҳни ширин ва пурмуҳтавову ҷолиб нақлаш мекард. - Хайрият, инҳо ҳам мисли Афандӣ нагуфтаанд, ки “дар пушташ бирез”-гуфта, аз ба ёд овардани он ҳикояву тасаввури ин ҳолат бозавқ хандид. Аммо як дам гӯё хун дар рагҳояш ях кард. Чашмаш ба дудбарои мошини бензиндор афтод, ки аз он ҷо дуди ғализе мебаромад. Дар байни дудҳо шарораҳои оташ медурахшиданд. - Худоё, оҳ Худоҷон, ҳифзамон кун!-ғайриихтиёр бар забонаш ин гуфтаҳо ҷорӣ шуданд. - Агар ин шарораҳо нохост ба бензин бирасанд, тамом- аз тасаввури ин андеша вуҷудашро ларза гирифт. Ҷонҳавлӣ аз ҷояш хест. Ба мусофирони даруни автобус назар кард. Ҳамагон аз дунё бехабар машғули чақчақи худашон буданд. Гӯё агар ними дунёро ҳам об барад, парвое надоранд. - Охир, ҳамаи инҳоро дар хонаҳояшон интизоранд, якеро занаш, дигареро шавҳару фарзандонаш ва дигарҳоро волидайнашон. Оҳ, ҳоли онҳо чӣ мешуда бошад-ин фикрҳо барқсон аз зеҳнаш гузаштанд. Ба ёдаш омад автобусе, ки пур аз мусофирон дар шаҳри Маскав ба садама дучор шуда буд. Тақрибан ҳама мурда буданд ва соҳибонашон чӣ қадар оҳу шеван мекарданд. Дар наворҳои шабакаҳои телевизионӣ онҳоро дида, дилашро панҷаи ғам ва ҳамдардӣ мефишурд. Алъон ҳам бояд коре мекард, ягон роҳе бояд меҷуст, то фалокате сар назанад. Аммо чӣ чорае надешад? Намедонист! Як лаҳза худашро гум кард. Дастпоча шуд. Лекин чизе гӯё ба зеҳнаш расида, ба сӯи кабинаи ронанда раҳсипор шуд. Вале ҳар чӣ фарёд кард ва пушти шишаи кабинааш кӯфт, ронанда ӯро нашунид. Мусиқияш бисёр баланд буд ва ронанда низ зери лаб сурудро ҳамроҳи сароянда замзамакунон, фармони автобусро бо зарби мусиқӣ ҳамнавохт маҳин-маҳин мекӯбид. Дигар дили холаи Садафмо ба кафидан наздик мешуд. Боз як бори дигар ба тарафи мошини бензиндор нигоҳи хастае партофт. Аммо ӯ чӣ медид, Худоё! Ё ӯ девона шудааст ё чашмонаш ӯро фиреб медиҳанд. Не-не, ин ҷо иштибоҳе нест. Яқинан якто буданд ва ҳозир дуто шудаанд он мошинҳо бо бори маргборашон. - Худоё! Раҳми бандагонатро худат бихӯр, бар ҳоламон раҳм кун!- илтиҷо ба холиқи Қодир бурд. Дигар сабрашро аз даст дода, ба мардум рӯй овард: - Ҳой мардум, хобед магар? Ин мошинҳоро бинед дар баратон, марг баробаратон меояд, аммо шумо хобед?! Чашмонатон парда дорад магар! Ин мошинҳои пури бензинро бинед, ки лаболаб пур аст ва ҳатто бар замин резон! Як шарораяк кофист, ки ҳамаамон ба хокистаре табдил ёбем ва бод моро ба ҳар тараф бипошад! Мардум ногаҳон дар таҳлука афтоданд. Гӯё дар хоби амиқе буданду бедор гаштанд. Сару садоҳо баланд шуд. Пулчинак нооромиро мушоҳида карда наздашон расид. - Чӣ гапай? Вазъиятро барояш зуд шарҳ доданд. Ва ин ҷо дар сари Холаи Садафмо боз як фикри тоза омад. - Зуд ба ронандаи автобус бигӯ биистад ва ронандаи ин мошинро огоҳ намояд, зеро ҳозир ё замони дигар, Худо накарда ҳамаро метарконанд ва чангамон дар осмон мешавад. - Кадом мошинро?- пурсид коҳилона ҷавони пулчин. - Мошинҳои бензинро. Бибин бензинашон ба замин рехта истодааст ва чи қадар хатарноканд-ба мошинҳои пурбор ишора кард хола. - Инҳо об доранд, на бензин! - Чӣ хел об? Нигоҳ кун, мошини бензинкашонӣ аст. - Эҳ, хола, содаӣ чӣ бало?! Наход бензинро, ки як литраш қариб ду доллар аст, ин кор намоянд. Кадом девона ин қадар пур мекунад, то ҳамаашро дар замин резонад? Ин мошинҳо пури обанд, барои гулҳои шаҳрро об додан! Ҳозир аз маркази шаҳр обпоширо сар мекунанд! - Гулҳоро об медиҳанд? Дар ин нимрӯзӣ? Дар ин гармо, охир, ду дақиқа пас ҳама обҳо бухор мешаванд. Падарам дар қишлоқ гулу зироатҳоро бегоҳӣ ё шаб об медоданд, то оби додаашон зуд бухор нашуда, нам дар замин бештар бимонад. Акнун холаи дилсӯзи моро ғами гулҳои шаҳр гирифтааст, ки бо ин тарзи обпошӣ нашъунамои хуб накарда аз байн мераванд. - Эй кош, ба ҳамон таксиям мерафтаму зуд бармегаштам. Ин қадар “стресс”-ро намедидам ва ба ғамҳои дилам ғами дигаре зам намешуд. Ду сомон
    0 комментариев
    1 класс
    ФАРИДА АҲМАДӢ - устоди Донишгоҳи Ослои Норвегия дар #Донишгоҳи_миллии_Тоҷикистон - #СОТИМ_УЛУҒЗОДА Ба муносибати 110-солаии нависандаи хушноми тоҷик Сотим УЛУҒЗОДА дар ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН конференсияи байналмилалии илмию амалии "Сотим Улуғзода ва адабу фарҳанги миллӣ" баргузор гардид. Дар ин ҳамоиш муҳаққиқи афғонитабор, устоди Донишгоҳи Ослои Норвегия ФАРИДА АҲМАДӢ дар мавзуи "Баррасии осори Сотим Улуғзода аз дидгоҳи инсоншиносӣ" андешаҳои худро баён доштанд, ки хеле шуниданӣ буд. #ДОНИШГОҲИ_МИЛЛИИ_ТОҶИКИСТОН #КОНФЕРЕНСИЯ #СОТИМ_УЛУҒЗОДА #ДИЛАФРӮЗ_ҚУРБОНӢ #DELAFROZ_KURBONI
    0 комментариев
    0 классов
    ҲАМОСАИ ПАНҶШЕР РӮНАМОИИ КИТОБИ ТОЗАНАШР Муаррифии китоби шеърҳо "ҲАМОСАИ ПАНҶШЕР" Дар ин маҷмуа ашъори шоироне гирд оварда шудаанд, ки ба Ҷабҳаи муқовимати Афғонистон, ба роҳбари ҷабҳа Аҳмад Масъуд бахшида шудаанд. Ин китоби бо заҳмати шоири шинохта Давлат САФАР, шоири номвар БЕҲРӮЗИ ЗАБЕҲУЛЛО ва рӯзноманигори барҷаста РАҲМОНАЛӢ ШЕРАЛИЕВ рӯи чоп омадааст.
    0 комментариев
    3 класса
    Китоби "СЕ НУҚТА" Қисми дуюм – Ҳа, Аҳтамҷон, субҳат ба хайр, ҷӯра! Хуб ҳастӣ? Боз ман гуфтам, маро фаромӯш кардӣ-чӣ? Не, имрӯз дар хонаам. Биё, биё. Ман роҳатро нигоҳ мекунам. Оши ваъдагиро ҳам мепазем. Майлаш, агар наздик омадӣ, занг бизан! Майлаш, то дидор! *** – Хуш омадӣ ба кулбаи фақиронаи мо, биё, Аҳтамҷон, биё, аз болои ин кӯрпача шин! Ин ду бо-лиштро ҳам дар тагаи кашат мону бароҳат сикка зан. Чун дар хонаи худат бош! – Бисмиллоҳи раҳмони раҳим. Илоҳӣ қадам расид, бало нарасад...- боз чанд ҷумлаи дигарро ба забон оварда, Аҳтам дуои хайрияти қадам хонд. Ҳамсари Дилшод дастархон дар даст вориди ҳуҷра гашт. Аҳтам бо дидани Дилноз чашмонаш мисли мош, даҳонаш боз, ҳайратзада нигоҳашро
    0 комментариев
    1 класс
    Вақте бадиҳои як нафарро мешуморӣ, лутфан аз шумурдани хубиҳояш ҳам фаромӯш накун, ё ҳангоме ки хубиҳои худатро ҳисоб мекунӣ, лутф куну бадиҳоятро ҳам як-як бишмор... Шояд ҳисоби ҳардуятон баробар шавад. Дилафрӯз Қурбонӣ
    0 комментариев
    1 класс
    Китоби "СЕ НУҚТА" Қисми аввал Дилшод бо фурӯшанда ҳисобӣ карда, борашро ба даст гирифту ҷониби хонааш рафтан хост. Чашмаш ба чеҳраи ошное бархӯрд, аммо андешид, шояд ба касе монанд кардааст. Барои итминони хотир баргашту бодиққат нигоҳаш кард. – Дилшод? Магар туӣ? – чеҳра ҳам гӯё мунтазири ҳамин фурсат буд, ки садояшро баланд кард. – Аҳтам? А бача, қариб, ки нашинохтамат! Чӣ хел, ҷӯраҷон? Хуб ҳастӣ? Зиндагиҳо тинҷ? – дудилагияш бартараф шуда, дилпурона аҳволпурсӣ кард Дилшод. – Шукри Худо! Худат созӣ? Хонагиҳо нағзанд? – Мешавад, ҳама созанд! Бовар кун, тамоман дигар шудаӣ! Базӯр шинохтамат. – Хайр, дар ин шаҳри калон одамро шинохтан хеле сахт аст! Ин мавҷи одамора бин, мисли мавҷи баҳранд! – Не, ҷӯраҷон, дигар шудаӣ, тағйир ёфтаӣ! – Зиндагӣ, рафиқ, зиндагӣ! Ин зиндагӣ миёни ҳар як мардакора шикастай, ки ҳоло ману ту чием? Як мушти хок! – Ба ҳар ҳол, худатро бисёр бой додаӣ. Чӣ ҳол дорӣ? Ба чӣ кор машғулӣ? – Ҳичӣ, ҳар коре, ки пеш биёяд. – Ин хуб нест. Одам бояд ҷойи коре, манбаи даромаде дошта бошад. – Эҳ, биё мон, ҷӯраҷон. Ту ҳам насиҳатмон накун. Ҳамин қадар насиҳатгари бисёре дорем, ки то бас гуфтана! – Насиҳат не, аз рӯйи дилсӯзӣ мегӯям. Аробаи рӯзгорро чӣ хел мекашӣ? Ризқи аҳли оиларо аз куҷо меёбӣ? – Дилшодҷон, биё, ақаллан ҳамин рӯз як дами беғам бизанам. Ҳо, ана он ҷо як чойхоначаи бароҳате ҳаст, рафта, чорта чақчақ кунем-чӣ? – Майлаш, майлаш! Бо ҳавсала сари мизе нишастанд. Дилшод ин гуна чойхонаҳои бадбӯйро аслан дӯст намедошт. Таҳаммулаш барояш хеле сахт буд, вале хотири дӯсти айёми мактабхонияш баландӣ карду лаб фуру баст. Пешхидмат зуд омада, бо латтаи таре, ки каме бӯйи бад ҳам гирифта буд, болои мизро як даст кашид, ба қавли худаш «тоза кард». Албатта, нонрезаҳояшро қаблан чидаву ҷамъ кард ва дар дасти дигараш бардошт. Ва дар муште резаҳои нон, бо дасти дигар рӯйи мизро молиш медод. Баъди равғанҳои латтаи дар дасташ бударо хуб рӯйи мизи меҳмонон молидан, бо табассуми сохтае аз наздашон дур шуд ва пешхидмати дигар бо дафтари рӯйхати ғизоҳо сари мизашон соя андохту мунтазири фармоиш шуд. То анҷоми хӯрокхӯрӣ садое аз Аҳтам набаромад, чароки дулунҷа кабобу ошро нӯши ҷон мекард. Баъди пиёлаи чойи талх забонаш ба гуфтор боз шуд. – Ку, гап зан, ҷӯра! – Аз чӣ гап занам, Аҳтамҷон? – Аз ҳамсинфон касеро мебинӣ? Бачаҳо ба чӣ кор машғуланд? – Ту хабар надорӣ? – Не! – Чаро? – Охир, чандин сол дар Русия будам. Тақрибан касеро ҳам намедидам. Махсусан аз ҳамдеҳаҳо чандин сол аст, касеро надидаам. Нав баргаштам. – Эҳе, «расиян» шудам, бигӯ! – Бале, ҷӯра, бале. Оила ҳам дар Душанбе. Барои ҳамин дӯстони кӯдакиро кам андар кам мебинам. Ростӣ, як ният дорам. – Чӣ ният, ҷӯраҷон? – Як бори дигар бо ҳамсинфон даври ҳам ҷамъ шуданро. Эҳ, дилам ба ёди он давраи мактабхонӣ гум мезанаде. Мефаҳмӣ? Гоҳ-гоҳ дар хоби шабам ҳам медароянд. – Кӣ? Ҳамсинфон? – Бале, ҳамсинфон, муаллимон, духтарон, дигар талабаҳо, шӯхиҳо, бозиҳо. – Ва он нағмаҳо ҳам медароянд? Нағмаҳои шум ҳам? Фаромӯш накардӣ? – Аз куҷо, ҷӯраҷон? Аз куҷо? Магар имкон дорад, ки аз ёд биравад? – Ҳо, чанд соли охири хатмкунии мактаб гули сари сабад будем, дар ҳама ҷо гап, гапи мо буд, гапи қаҳрамониҳои мо буд. – Ёд бод, он рӯзгорон ёд бод... – Оре ёд бод, бо ҳама неку бадаш! Ростӣ, Аҳтамҷон, ман он ҳама хотиротро дар дафтараке ҷамъ овардаам. – Чӣ? Ҳамаашро? Начакондаву нарезонда? – Бале! Ҳақиқатро! На каму на зиёд. – «Иншо дар мавзӯи озод» навиштам, бугӯ? – Мавзӯяш озод набуд. Яъне, ошкорам буд, ки дар бораи чӣ менависам. – Хайр аз ҳамон аввал ишқи хондан дар дилат буд, савод ҳам доштӣ. Ҷӯраҷон, имконаш ҳаст, мо ҳам чашм давонем? – Ҳавсалаи хонданашро дорӣ? Қариб як китоб аст! – Агар даҳ китоб бошад, ки мехонам. Аз таҳи дил мехонам. Охир, дар он навиштаҳо яке аз қаҳрамонҳои аслияш худам ҳастам-ку. – Ин тавр ки бошад, рафтем. – Ба куҷо, ҷӯраҷон? – О, китобхонӣ намеравӣ? Ман онро дар кисаам гирифта намегардам-ку. – Эҳа, нав фаҳмидам. Ҷӯраҷон, ин тавр ки бошад, ман ягон рӯз баҳузуртар ба хонаат меҳмонӣ меоям. Имрӯз як ваъдаи вохӯрӣ дорам, бахшиш. – Хуб, занг бизану вохӯриятро ба рӯзи дигар бимон! – Наметавонам, хеле муҳим аст. – Хайр майлаш, агар нахоҳӣ, маҷбурат намекунам. – Не, ту маро нафаҳмидӣ. Намехоҳам не, мехоҳам, аммо имрӯз наметавонам, ин кор бисёр зарур аст. Кори маргу зиндагист. Вале ташвиш нашав, ман ҳатман фардо ё пасфардо меоям. Баъд, бароҳат шишта, навиштаатро мехонем. Ба янга ҳам як ош мефармоӣ. Ба як пиёла чой ҷонат халос намешавад, ҷӯраҷон. – Эй Аҳтамҷон, ош ҷон дорад? Садқаи қадамот мешавам. – Майлаш, ҷӯраҷон, пас, ман аз пайи корҳоям шавам, ки тезтар озод шуда биёям. – Гап нест, гап нест, Аҳтамҷон. Пас, ман интизорат мешавам. Омаданӣ шудӣ, ҳатман занг бизан. – Хуб шуд, ки гуфтӣ, о мо шумораҳои ҳамдигарро намедонем, адреси ҳамдигарро намедонем, чи тавр ҳамдигарро дар ин шаҳри калон меёбем? Эҳ, дар забонат садқа, хайрият ба ҳуши ту расиде. – Биё, рақамҳои телефонамро бигиру рақамҳои худатро ҳам ба ман бигӯй, то сабт кунам. Хона ҳам дар кӯчаи Айнӣ. Агар наздик шудӣ, занг бизан, худам пешвозат мебароям, майлаш? – Оҳо, марказнишин шудам, гӯй! – Ту хонаи маро намедонистӣ? – Не, ман фикр мекардам, ки дар ягон гӯшаи шаҳрӣ. – Не ҷӯраҷон, чандин сол аст, ки ман ин ҷо зиндагӣ мекунам. Аз рӯзе, ки ба пойтахт кӯч бастем то имрӯз ҳаминҷоям. – Хеле хуб, шӯхӣ кардам, Дилшодҷон, шаҳр ҳамааш шаҳр аст, чӣ гӯшааш чӣ марказаш. Хайр, то дидор, ҷӯраҷон. – Ҳатман биё! Худо нигаҳбонат. Тамоми роҳ зеҳни Дилшод банди вохӯрии имрӯза бо ҳамсинфи собиқаш буд. «Тавба, одам чӣ қадар тағйир меёфтааст. Аз он Аҳтами зиндадил асаре надидам. Шояд зиндагӣ зӯраш овардааст? Аробаи рӯзгорро ҳам кашидан дар ин шабу рӯз хеле сахт шудааст. Рӯзгору ғор гуфтаанд. Яъне, ин рӯзгор ба як ғори бетаг монанд аст, ки ҳар чи дору надоратро ба даҳонаш партоӣ, фуру мебараду боз ҳам серӣ надорад. Рӯзгор ҳамин аст, як тарафашро нав ҳал мекунӣ, ки боз як масъалаи дигараш пеш меояд, як мушкилии дигар сари роҳатро мебандад. Ёфту тофтат дар зиндагӣ меравад. Баъзан вақт намедонӣ, кадом тарафашро ҳал кунӣ, хона гӯйӣ, шикам мемонад, шикам гӯйӣ, тан луч мемонад. Эҳ, Худоҷон, худат ба ҳоли мо раҳм кун! То ин вақт ҳама нозамонро бардоштӣ, аз ин тараф ҳам хорамон накун. Шукрат, Худоё, саду лак бор шукр. Кадоме гуфта буд, ки барои Худоро шукр гуфтан, барои шукронаи ҳамаи неъматҳояш андоза муайян накун: ҳазор бор шукр, сад ҳазор бор шукр нагӯй. Бигӯ, беадад, беандоза шукрат Худоҷон, то шукри ҳамаи неъматҳояшро ба ҷо оварда бошем!» Ҳангоми гузаронидани ин фикрҳо аз зеҳнаш табассуме дар лабонаш ҳувайдо шуд. «Магар мешавад, шукри ҳамаи неъматҳои Худоро ба тамоми андозааш ба ҷо оварем? Не, албатта, чи сад бор шукр гӯем, ё чи сад ҳазор бор шукр гӯем ва ё беадад шукр гӯем. Одамӣ то охири умр ҳам қудрате надорад, ки шукронаи ҳама неъматҳоеро, ки аз тарафи Холиқи якто барояш ҳадя шудааст, ба ҷо оварад, вале дар ҳар сурат бояд шукргузор бошад, чунки Худо ҳамаи имконро барояш додааст, ки зиндагии шоистаеро барои худаш созмон диҳад. Аммо Аҳтам чаро ин қадар пажмурда буд? Шояд зиндагияш ба ду по мелангад? Бароям муаммо монд. Вале ман корро ин тавр намемонам. Вақте ба хона омад, то таги дилашро кофта, мушкилашро нафаҳмам, оромаш намегузорам», – саргарми андешаҳои бесару по, чи тавр ба хона расиданашро пай набурд. Баробари дарро кушодани ҳамсар, тифлакони дӯстрӯяш чун ҳамеша ба пешвозаш баромада, қиву чувкунон иҳотааш карданд. Ҳар кадомеро бардоштаву дар ҳаво партофта, аз меҳру муҳаббати падарӣ насибае дод. Мисли ҳамеша дастархон густурдаю ҳама аҳли оила дар интизори омадани сарвари хонадон. Дасту рӯ шуста, ба ҷои доимияш дар сари дастархон нишаст. Аммо ҳанӯз ҳам ба дидори имрӯзааш фикр мекард. Ҳамсари рамузфаҳм аз ваҷоҳати шавҳар чизеро пай бурд, аммо аз пурсидан истиҳола кард. «Агар лозим бошад, худаш мегӯяд, бо пурсидани ман шояд кор бадтар шавад,» – ба ҳар гуна тахмину гумонҳои худ нуқта гузошта, хулоса баровард Дилноз. Субҳи барвақт аз занги телефон бедор шуд. «Рӯзи истироҳат асту боз ҳам намемонанд, ки як лаҳза дам бигирем», – ғур-ғуркунон даст ба гӯшӣ бурд Дилшод. Бо шунидани садои шахси зангзада якбора ҳушёр шуд. (Давом дорад) Дилафрӯз Қурбонӣ
    0 комментариев
    1 класс
Показать ещё