Намозхон бояд пеш аз намоз хондан азон гӯяд. Азон шиори ислом аст.
КАЛИМАҲОИ АЗОН
Аллоҳу акбар – 4 маротиба.
Ашҳаду алло илоҳа иллаллоҳ – 2 маротиба
Ашҳаду анна Муҳаммадур расулуллоҳ – 2 маротиба
Ҳайя ъалас салоҳ – 2 маротиба
Ҳайя ъалал фалоҳ – 2 маротиба
Аллоҳу акбар – 2 маротиба
Ло илоҳа иллаллоҳ – 1 маротиба
Муаззин дар вақти азон гуфтан, ҳангоми “Ҳайя ъалас салоҳ” рӯяшро ба тарафи рост ва ҳангоми “Ҳайя ъалал фалоҳ” рӯяшро ба тарафи чап гардонад. Дар намози бомдод, баъди “Ҳайя ъалал фалоҳ” ду маротиба “Ассалоту хайрун минаннавм”, яъне намоз бехтар аст аз хоб гӯяд.
Шунавандаи азон он чӣ муаззин гӯяд, такрор кунад ва дар вақти шунидани “Ҳайя ъалас салоҳ” ва “Ҳайя ъалал фалоҳ” гуяд: “Ло ҳавла ва ло қуввата илло биллоҳил ъалийил ъазим”. Муаззим ва шунавандаи азон баъди азон ин дуъоро хонад.
ДУОЪИ БАЪДИ АЗОН
“Аллоҳума рабба ҳозиҳид – даъвати томмати вассалотил қоимати оти Муҳаммаданил василата вал фазилати ва дараҷатаррафиъата вабъасҳу мақома иаҳмуданаллизӣ ваъаттаҳу варзуқно шафоъатаҳу явмал қиёмаҳ, иннака ло тухлифул миъод.”
ТАКБИР ИҚОМАТ
Такбир худи азон аст, фақат тезтар гуфта мешавад. Баъд аз “Ҳайя ъалал фалоҳ”, ду маротиба “Қад қомасти – с - салот”- ро зиёд карда мешавад.Такбир пеш аз оғози намози фарз гуфта мешавад.
БАЁНИ ФАРОИЗИ НАМОЗ
Дар намоз 12 фарзи муттафақунъалайҳаст:
Оби пок.
Ҷои пок.
Ҷомаи пок ва покии бадан.
Шинохтани вақт.
Рӯй ба сӯи қибла кардан.
Ният.
Такбири таҳрима.
Қиём.
Қироат.
Рукӯъ.
Саҷда кардан.
Қаъдаи охир миқдори ташаҳҳуд хондан.
БАЁНИ ВОҶИБОТИ ЪОМ ДАР НАМОЗ
Лафзи Аллоҳу акбар гуфтан аст дар такбири таҳрима.
Қаъдаи аввал.
Аттаҳиёт хондан дар қаъда.
Ором гирифтан дар рукӯъ ва суҷуд.
Овардани ҳар фарз дар мавзеаш.
Овардани ҳар воҷиб дар мавзеаш.
Хориҷ шудани намозхон аз намоз бо лафзи “Ассалому ъалайкум ва раҳматуллоҳ”
БАЁНИ ВОҶИБОТИ ХОС ДАР НАМОЗ
Таъин кардани ду ракъати аввал барои қироат.
Таъини сураи фотиҳа дар ду ракъати аввал.
Фотиҳа як маротиба хондан.
Замми сура бар фотиҳа камаш миқдори як ояти дароз ё се ояти кӯтоҳ.
Тақдими фотиҳа бар сура.
Дуъои қунут хондан дар витри воҷиб.
Дар баландӣ баланд хондан.
Дар пастӣ паст хондан.
Сукут кардани муқтадӣ дар вақти қироати имом .
Мутобиъат кардани муқтадӣ имомашро.
Саҷдаи тиловат бар имом ва мунфарид.
Такбироти ъидайн.
Такбироти рукӯъи ъидайн.
Саҷдаи саҳв бар имом ва мунфарид.
БАЁНИ СУННАТҲОИ ЪОМ ДАР НАМОЗ
Бардоштани ду даст дар таҳрима.
Бардоштани ду даст дар таркиби қунут.
Бардоштани ду даст дар такбироти идайн.
Парешон кардани ангуштон дар вақти бардоштан.
Субҳонакаллоҳумаро хондан.
Ниҳодани дасти рост бар болои дасти чап.
Такбирҳои интиқолот, яъне такбирҳое, ки онҳоро гуфта аз як рукн ба рукни дигари намоз мегузаранд.
“Субҳона раббиял ъазим” гуфтан дар рукӯъ.
Гирифтани зону дар вақти рукӯъ бо ду даст.
Парешон кардани ангуштон дар рукӯъ.
Қавма, яъне қоматро рост кардан баъди рукӯъ ва баъд аз он саҷда кардан.
Ҷалса, яъне ором гирифтан бийни ду саҷда.
Саҷда кардан бар ҳафт яъзо, яъне ба пешонию бинӣ ва ба ду зону ва ба ду даст ва пой.
“Субҳона раббиял ъало” гуфтан дар саҷда се бор.
Салавот хондан бар расуллуллоҳ баъди аттаҳиёт.
Аллоҳумағфирлӣ хондан.
Салом додан бар рост ва бар чап.
БАЁНИ СУННАТҲОИ ХОС ДАР НАМОЗ
Такбирҳоро баланд гуфтани омом.
Наздик бурдани муқтадӣ такбирашро ба такбири омом.
Мутобиъат кардани муқтадӣ имомашро, дар ҳар феъли имом.
“Аъузу биллоҳи минаш шайтонир раҷим” гуфтан.
Баъд гуфтани “Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим” гуфтан.
Баъди тамом шудани алҳамд (сураи Фотиҳа) барои имом ва танҳогузор, хоҳ дар намози баланд бошад ё паст “Омин” гуфта оҳиста, ки дигаре нашунавад.
“Самиъаллоҳу ли ман ҳамидаҳ” гуфтани имом ва “Раббано лакал ҳамд” гуфтани муқтадӣ. Аммо танҳогузор ҳар дуро мегӯяд.
Хобондани пои чап ва нишастан бар болои ӯ ва истода кардани пои рост дар болои ӯ ва истода кардани пои рост дар қаъда барои мардон, аммо занон дар вақти нишастан ду пои худро аз ҷонии рост мебароранд.
БАЁНИ МУФСИДОТИ НАМОЗ
Сухан гуфтан ба сухани одамиён.
Ханда кардан дар даруни намоз.
Амали бисёр, яъне амале, ки мӯҳтоҷ ба ду даст бошад.
Тарк кардани яке аз фарзҳо бе узр агарчанде, ки бошад бе ихтиёри намозхон.
Худро ҳадас расонидан.
РАКАЪАТҲОИ НАМОЗИ ШАБОНАРӮЗӢ ЧУНИН АСТ
Бомдод – 2 ракаъат суннат, 2 ракаъат фарз.
Пешин – 4 ракаъат суннат, 4 ракаъат фарз. 2 ракаъат суннат.
Ъаср – 4 ракаъат фарз.
Шом – 3 ракаъат фарз, 2 ракаъат суннат.
Хуфтан – 4 ракаъат фарз, 2 ракаъат суннат, 3 ракаъат витри воҷиб.
ВАҚТҲОИ НАМОЗ
Вақти намози бомдод аз дамидани субҳи содиқ, то баромадани офтоб.
Вақти намози пешин баргаштани офтоб аз нуқтаи қиём, аз гаштани соя то расидани сояи ҳар чиз дучанди ҳамон чиз ва то даромадани вақти намози ъаср.
Вақти намози ъаср аз қазо шудани намози пешин, то фурӯ рафтани офтоб тахминан ду соат пеш аз вақти намози шом хонда мешадвад.
Вақти намози шом аз фурӯ рафтани офтоб то ғоиб шудани шафақи сурх.
Вақти намози хуфтан баъд аз ғоиб шудани шафақи сурх то дамидани субҳ, то даромадани намози бомдод хонда мешавад.
Вақти намози витри воҷиб ҳам ҳамин аст (мисли намози хуфтан).
ТАРТИБИ НАМОЗ ХОНДАН
Баъд аз таҳорат бо ҷомаи пок дар ҷои пок истода, рӯй ба тарафи қибла карда ният кунад: “Ният кардам бигузорам... (ду се, чор) ракаъат... (суннати, фарзи витри) намози... (бомдод, пешин, аср, шом, хуфтан) вақте ки дар ман аст, рӯй овардам ба қибла, қиблаи ман ба ҷиҳати Қаъба (агар ба имом иқтидо кунад, “иқтидо кардам ба имоми ҳозир истода” гӯяд) холисаллиллоҳи таъоло”.
ТАКБИРИ ТАҲРИМА
Баъд, Аллоҳу акбар гуфта сари нарангушти ду дасташро ба нармии гӯш мерасонад, (занҳо даруни каф ба тарафи қибла карда, ду дастро баробари китф бардоранд) ин амалро аз ин сабаб такбири таҳрима гӯянд, ки эътиборан аз иг такбир гап задан, таъом хӯрдан ва ғайра ҳаром гардад.
ҚИЁМ
Дасти ростро ба болои дасти чап дар зери ноф монад ва ду чашмашро ба саҷдагоҳ дӯхта истад. Занҳо ду дастро бар болои сина монанд. Ин ҳолатро қиём номанд.
ОГОҲ
Намозхон бояд дар қиём назар ба саҷдагоҳи худ кунад. Дар рукӯъ назар ба ангуштони пои худ дар саҷда назар ба нармии бинии худ кунад, чашмашро напӯшад, ки макрӯҳ аст. Дар қаъда назар ба сандуқи синаи худ кунад. Пайғамбарамон Муҳаммади Мустафо саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам дар ҳадиси шарифи худ фармудаанд:
Ибодат кунед Аллоҳ Таъолоро ҳамчуноне, ки мебинед, ӯро пас агар набинед, Ӯ мебинад шуморо.
Дар қиём аввал сано бихонад.
САНО
“Субҳонакаллоҳумма ва биҳамдика ва табора касмука ва таъоло ҷадука ва ло илоҳа ғайрук”. Баъд “Аъузу биллоҳи минаш шайтонир раҷим, Бисмиллоҳу раҳмону раҳим” гуфта, сураи фотиҳаро бихонад.
СУРАИ ФОТИҲА
Алҳамду лиллоҳи раббил ъоламин,
Арраҳмонирраҳим.
Молики явмидди.
Ийёка наъбуду ва ийёка насстаъин,
Иҳдинас сиротал мустақим
Сиротал лазина анъамта ъалайҳим, ғайрил мағзуби ъалайҳим валаззоллин. Омин. Баъд аз якеашро бихонад.
СУРАИ ЪАСР
Вал ъасри иннал инсона лафи хусрин иллал лазина оману ва ъамилус – солиҳоти ватаво савбилҳаққи ватаво савбиссабр. Баъд Аллоҳу акбар гӯяд.
РУКӮЪ
Хам шуда бо ду даст сарҳои зонуяшро бо ангуштон гирад, чуноне, ки миёни ангуштон кушода бошад, тахтапушташро ба сараш баробар кунад ва се маротиба “Субҳона раббиял ъазим” гуяд. Аз ин рукӯъ “Самиъаллоҳу лиман ҳамидаҳ” – “Рабанно лакал ҳамд” гуяд. Агар худи имом бошад, “Самиъаллоҳу лиман ҳамидаҳ” гӯяд.
САҶДА
Боз Аллоҳу акбар гуфта, ба саҷда равад. Ду зону, ду даст, бинӣ ва пешониро ба замин монад. Ду пой (қадам) – ро рост монда, кӯшиш кунад, ки сари ангуштонаш ба сӯи қибла бошанд. Шикамашро аз ронаш дур ва ковок гирад, аммо занон шикамро ба рон бичаспонанд, дар саҷда се маротиба “Субҳона раббиял аъло” гуяд, баъд “Аллоҳу Акбар” гуфта бишинад, як нафас хомӯш ва ором нишаста, боз ба тартиби боло гузашта саҷда кунад. Бо саҷдаи дуввум як ракаъат намоз мешавад. Аз саҷдаи дуввум “Аллоҳу акбар” гуфта, рост шавад ва дар қиём бо-одобона истода, аввал сураи фотиҳа ва яке аз сураҳоро бихонад.
СУРАИ КАВСАР
Инно аътайно кал кавсар, фасалли лираббика ванҳар. Инна шониака ҳувал абтар.
Баъд рукӯъ ва саҷда карда, дар ин ракаъат нахезад, балки нишаста, дар қаъда ташаҳҳуд бихонад.
ҚАЪДА
Одоби қаъда (нишастан) ин аст. Пои чапро паҳн карда, ба болои ӯ бинишинад ва пои росташро бимонад ба ин тариқ, ки сари ангушноташ бар замин бошаду суми пой ба боло. Ду дасташро ба болои рон бимонад, дастҳо бояд баробари зону бошанд. Аммо занҳо дар болои дунбаи чап нишаста, ду пойро аз ҷониби рост мебароранд. Дар ин ҳолат ташаҳҳуд мехонанд.
ТАШАҲҲУД
Аттаҳиёту лиллоҳи вассалавоту ваттайибот. Ассалому ъалайка айюҳаннабийю ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ. Ассалому ъалайно ва ъало ъибодиллоҳиссолиҳин, ашҳаду алло илоҳа иллаллоҳу ва ашҳаду анна Муҳаммадан ъабдуҳу ва расулуҳ.
Агар намоз ду ракаъатӣ бошад, баъд аз ташаҳҳув салавот ва дуъо мехонад.
САЛАВОТ
Аллоҳума салли ъало Муҳаммадин ва ъало оли Муҳаммад камо саллайта ъало Иброҳима ва ъало оли Иброҳим, иннака Ҳамидум – маҷид. Аллоҳума борик ъало Муҳаммадин ва ъало оли Муҳаммад, камо борикта ъало Иброҳима ва ъало оли Иброҳим, иннака Хамидун – маҷид.
ДУО
Аллоҳуммағфирлӣ вали волидайя вали ҷамиъил мӯ.минина вал мӯминот, вал муслимина вал муслимот. Бирҳматика ё арҳамар роҳимин.
Баъд ба тарафи рост сарашро гардонида , чуноне ки китфашро бинад, “Ассалому ъалайкум ва раҳматуллоҳ” гӯяд ва ба тарафи чапаш ҳам ҳамин хел салом додабарояд.
Агар намоз чор ракаъатӣ бошад, дар қаъдаи ракаъати дуюм фақат ташаҳҳудро хонда, Аллоҳу акбар гӯён аз ҷояш бархеадва рост шуда, дар тартиби боло гузашта сураи фотиҳа хонад. Агар ин намоз намози фарз бошад (монанди фарзи пешин, аср ва хуфтан) баъд аз сураи фотиҳа дигар сура намехонад (мисли суннати пешин, ҷумъа ва таровиҳ) дигар сура низ бихонад. Баъди рукӯъ ва ду саҷда бархезад ва рост шуда, сураи фотиҳа ва дигар сура хонда (дар суннатҳо) ё нохонда (дар фарзҳо) рукӯъ ва ду саҷда кунад. Баъд аз саҷдаи дуюм нишаста, ташаҳҳуд, салавот ва дуо хонда, ба ду тараф салом диҳад.
Дар намози се ракаъата, дар фарзи шом баъд аз ташаҳҳуди ракаъати дуюм рост шуда, сураи фотиҳаро сирран хонад, рукӯъ ва ду саҷда карда, нишаста ба ҳамаи мазкуроти боло намозро тамом кунад. Дар витри воҷиби хуфтан дар ракаъати саввум сураи фотиҳа ва дигар сура хонда, мисли такбири таҳрима “Аллоҳу акбар” гӯён сари нарангуштро ба нармии гӯш бирасонад ва боодобона истода, дуоъи қунутро бихонад.
ДУОЪИ ҚУНУТ
Аллоҳума инно настаъинука ва настағуфирукка ва нуъминубика ва наттаваккалу ъалайка ва нусни ъалайкал хайр. Нашкуррука ва ло накфурук, ва нахлаъу ва натруку май яфҷурук. Аллоҳума ийёка наъбуду валака нусаллӣ насҷуду ва илайка насъо, ва наҳфиду ва нарҷу раҳматика, ва нахшо ъазобика, инна ъазобика бил куффори мулҳиқ “
Маънояш:
Эй, Аллоҳ, аз ту мадад металабем ва аз ту мағфират мехоҳем ва бар ту эътимод (боварӣ) мекунем ва туро ситоиш мекунем. Ба зикри хайраз ту сипосгузорӣ мекунем ва туро ношукрӣ намекунем ва касеро, ки нофармонӣ туст раҳо мекунем ва аз ӯ алоҳида мешавем. Эй Аллоҳ, хос туро ибодат мекунем ва барои ту намоз мегузорем ва саҷда мекунем ва сӯи ту меравем ва анҷоми хидмат менамом ва умедвори раҳмати туем ва аз азоби ту метарсем, ҳамоно азоби ту ба куффор хоҳад расид.
Баъд мисли дигар намозҳо рукӯъ ва ду саҷда карда, ду қаъда ташаҳҳуду салавоту дуъо, ҳамаашро хонда, ба ду тараф салом дода, аз намоз барояд.
Бенамозӣ гуноҳи калон буда, дар охират азоби сахт дорад. Аз бенамоз ҳеҷ хайрот дар назди Аллоҳ қабул намешавад. Имони бенамоз даъвои бедалел аст, бояд ки ҳар як мусулмон панҷ вақт намозро дар вақташ ба ҷо оварад.
Рӯзи машҳар, ки ҷонгудоз бувад,
Аввали пурсиш аз намоз бувад,
Паст макун дар намозҳо тақсир,
То дар он рӯз бошадат тавфир.


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев