🔸 Матни пурсиш:
Банда як минбарӣ ва аз иродатмандони ҳазарти алломаи Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло ҳастам ва гоҳе дар минбарам барои огоҳии мардум аз маъорифи ҳаққаи Ислом, аз фармойишҳои нуронии ин бузургвор ва мавоъизи балиғаи эшон истифода мекунам, вале мутаъассифона бо таваҷҷуҳ ба фазои амниятии мавҷуд дар Эрон ва ҷавви масмуме ки бар зидди ин олими мазлум эҷод кардаанд, қодир ба зикри номи эшон нестам ва наметавонам ин маворидро бо сароҳат аз эшон нақл кунам; Хусусан ки дар миёни аҳли масҷид мутаъассибине ҳузур доранд ки агар номи ин бузургворро аз даҳони ман бишнаванд дигар пушти сари ман намоз намехонанд ва барои ман мушкилоти адидае эҷод мекунанд. Бо ин ҳол, ман гоҳе ба сурати куллӣ ва муҷмал ба ин бузургвор ишора мекунам ва масалан мегӯям: «Ба қавли яке аз бузургон» ё «Ба қавли яке аз уламо» ё «Бархӣ ҳукамо фармудаанд» ва монанди ин, вале намедонам ки оё ин ишорот кифоят мекунад ё на? Ба ҳар ҳол суъолам ин аст ки оё ин кор барои банда бо таваҷҷуҳ ба инки қасди тарвиҷи маъорифи ҳаққаи Исломиро дорам, ҷойиз аст? Агар ҷойиз нест, чи кор бояд анҷом бидиҳам?
Бо ташаккур аз шумо ва ин олими бузург ки мисдоқи боризи «إنّک علی الحقّ المبین» ҳастанд ва бо осори арзишманди худ, сатҳи фикри ва биниши моро нисбат ба Ислом чандин дараҷа болотар бурдаанд ва нигоҳҳои ғалати моро хусусан ба масоъили Маҳдавият ислоҳ фармудаанд ва як инқилоби фарҳангии азим ва бесобиқаро дар ҷаҳони Ислом оғоз кардаанд ки навидбахши инқилоби ҷаҳонии Маҳдавӣ аст ин шоъ Аллоҳ.
🔸 Матни посух:
Ҷойи хурсандӣ аст ки ҳанӯз дар миёни асҳоби минбар, маъдуд озодагоне монанди шумо ёфт мешаванд ки дини худро ба дунё нафурӯхтаанд ва пайрави хоҳишҳои ҷабборон нашудаанд ва фиреби дурӯғҳои муздуронро нахӯрдаанд ва дар партуви китоби Худованд ва суннати Паёмбараш ва беэътино ба илқоъоти ин ва он, ба ҳаққонияти ошкори ҳазарти аллома Мансури Ҳошимии Хуросонӣ ҳафизаҳуллоҳ таъоло ва арзиши волои кори ӯ басират доранд ва қадри «Фармойишҳои нуронӣ ва мавоъизи балиғаи эшон» ро дар ин қаҳтул ҳикма медонанд ва танҳо ба «Тарвиҷи маъорифи ҳаққаи Ислом» меандешанд, вале ҷойи таъассуф аст ки ихтиноқ дар ҷомеъаи Эрон ба ҳадде расидааст ки аҳли илм ҳатто ҷуръати ном бурдан аз касе ҷуз ҳокимон ва аёдии ононро надоранд ва аз бурдани номи як олими мусалмон ва мустақил ва нақли ақволи илмӣ ва ахлоқии ӯ меҳаросанд; Монанди ихтиноқ дар ҷомаи Умавиён ки аҳли илмро аз бурдани номи Алӣ ибни Абӣ Толиб ва нақли ақволи ӯ боз дошта буд ва ба ҷаъли ҳадис бар зидди ӯ барои хушнудии ҳокимон водошта буд ва чунон ҷавви олуда ва торикеро ба вуҷуд оварда буд ки буғзи ӯ пиру ҷавонро фаро гирифта буд; То ҳадде ки ҳокимони Умавӣ, хулафоъи машрӯъи Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам шумурда мешуданд ва аҳли байти он ҳазарт, гурӯҳӣ шӯришӣ ва мунҳариф бо иддаъои дурӯғин ва дар пайи тафриқаангезӣ миёни мусалмонон! ...
📚 Барои идома ба сайти зер муроҷиъа кунед:
Манбаъ: Пойгоҳи иттилоърасонии дафтари Мансури Ҳошимии Хуросонӣ https://www.alkhorasani.com/tg/content/2333/
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев