ТВ Варзиш таъсис дода шуд 23-09-2015 16:47 Душанбе, 23.09.2015. (АМИТ «Ховар»). - Имрӯз дар ҷараёни маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қабули қарори ҳукумат муассисаи давлатии телевизиони Варзиш таъсис дода шуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни тасдиқи аъзои нави ҳайати мушовараи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъсиси шабакаи панҷуми сартосарии телевизиони Тоҷикистон дар назди роҳбарияти Кумитаи мазкур ва дигар расонаҳои давлатии иттилоърасонӣ доир ба беҳсозии барномаҳои ТВ ва дигар маводи расонаӣ супоришҳои мушаххас гузошт. Таъкид гардид, ки зебоиҳои нотакрори табиати биҳиштосои Тоҷикистон ва таъриху фарҳанги пурғановати
Чаҳор голи Ҳусейни Сӯҳробӣ ба дарвозаи “Парвоз”. Чаҳор бозии даври 13-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 11-12 сентябр баргузор шуд. Рӯзи ҷумъа “Истиқлол”-и Душанбе пеш аз сафар ба Малайзия дар майдони худбар тими “Далерон-Ӯротеппа”-и Истаравшан бо ҳисоби 4:0 ғалаба кард. Ҳисобро дар охири қисми аввли бозӣ Фатҳулло Фатҳуллоев боз кард. Се голи дигарро Аҳтам Назаров, Сиёвуш Асроров ва Манучеҳр Ҷалилов дар нимаи дувуми дидор ба самар расонданд. Дар бозии дигари рӯзи ҷумъа «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бозиро бо дастаи меҳмон - «Хайр»-и Ваҳдат - бо ҳисоби мусовии 1:1 ба анҷом расид. Ба голи Кароматулло Саидов (“Вахш”), Мӯҳсин Парпиев (“
САНАИ БАРГУЗОРИИ БОЗИҲОИ НИМФИНАЛИИ ҶОМИ МИЛЛӢ МУАЙЯН КАРДА ШУД. Санаи баргузории бозиҳои нимфиналии Ҷоми Тоҷикистон муайян гардид. Ба иттилои менеҷери Лигаи миллии футболи Тоҷикистон Алишер Урунов, бозии аввали марҳилаи 1/2 финали Ҷоми Тоҷикистон байни КМВА “Помир”-и Душанбе ва “Регар- ТадАз”-и Турсунзода рӯзи 20 сентябр дар Душанбе доир мегардад. Бозии ҷавобӣ дар Турсунзода рӯзи 1 октябр баргузор хоҳад шуд. Бозиҳои нимфиналӣ байни “Истиқлол”-и Душанбе ва “Равшан”-и Кӯлоб рӯзҳои 22 ва 25 сентябр доир мешаванд. Бозии якум дар Варзишгоҳи марказии Душанбе ва бозии ҷавобӣ дар варзишгоҳи марказии Кӯлоб баргузор мешавад. Ҷоми Тоҷикистон-2015 1/2 финал. Бозиҳои якум 20
Показать ещё