Бо назардошти раванди бозсозиву ободонии шахри Истаравшан, хануз мушкилихо ва кабудихои бисере хастанд, ки бартарафкунии онхо хело мухим мебошад. Мардуми мо вактхои охир бисертар фирефтаи "гап-гап"-хои зиёде мешаванд, ки ин аз паст будани маърифатнокии базе аз ашхосон дарак медихад.
Яке аз проблемахои рузмарра, ки фазои Истаравшанро фаро гирифтааст ин "тамбашавии наклиёт" мебошад, ки ба гуфти мардум аз сабаби танг будани роххои мошингарди дохилишахри ба амал омадааст.
Миёни мардум "гап-гап"-хо пайдо шудааст, ки шояд макомоти ичроияи шахр бартарафсозии ин мушкилиро дар васеъ кардани канори роххои дохилишахри (аз даромадгохи шахраки Истаравшан то купруки назди гардиши бозор) мебинанд.
То чи андоза дурустбудани ин гапхоро хечкас намедонад, агар касе маълумот дошта бошанд, мехостем моро низ бархудор намоянд.
Дар хакикат тамбашавии наклиет маъмултарин мушкилоти роххои мошингарди шахрхои калон ба хисоб рафта, бартарафсозии онхоро аз зинаи аввал бояд огоз намуд.
Дар поён якчанд таклифу пешниходхоро бахри бартарафсозии ин мушкилот гуфта мегузарем, агар кобили кабул бошад фикру мулохизахои худро баён созед.
Бахри пешгирии холатхои тамбашавии наклиет чунин корхоро бояд анчом дод, ки бе сарфи маблаги зиедати садди рохи танбашавиро мегирад:
- гузаронидани мониторинг дар участокхои роххои мошингард, ки дар он чо бисёртар тамбашавии наклиет ба вучуд меояд.
- пайдо намудани манбаъи бавучудоварандаи ин мушкилот.
-гузоштани аломати манъкунандаи таваккуфи хамагуна наклиет дар вакти муайя дар ду канори роххое, ки дар ончо боиси танг гаштани рох мешаванд.
( махсусан канори роххои назди бозори шахри Истаравшан, роххои дохили бозор, назди тарабхонахо, ки аксарияташон дар канори рох чойгиранд,
- таъин намудани навбатдор аз хайъати кормандони бозрасии давлатии автомобили, дар катъаи роххои номбаршуда.
- сари вакт ошкор намудан ва бартараф намудани носозихои чарогакхои рохнамо ( онхое, ки дар шахри мо башуморанд).
- кашидани хатхои гузаргоххои пиедагардон (зебрахо) ва хатхои ифодагунандаи аломатхои харакат дар рох.
- манъ кардани харакати мошинхои боркашони гаронхачм ( бе зарурият).
Агар чунин корхо ба сомон расонида шавад мо боварии комил дорем, чанд андоза харакати наклиет дар роххои дохили шахр сабук гардида садди рохи тамбашавиро мегирад.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев