قال الله تعالي: "وَلَوْ أَنَّ
أَهْلَ الْقُرَىٰ آمَنُوا وَاتَّقَوْا لَفَتَحْنَا عَلَيْهِمْ بَرَكَاتٍ مِنَ
السَّمَاءِ وَالْأَرْضِ وَلَٰكِنْ كَذَّبُوا فَأَخَذْنَاهُمْ بِمَا كَانُوا
يَكْسِبُونَ" .الأعراف:96
"Агар мардуми деҳаҳо имон оварда ва парҳезгорӣ пеша карда буданд, баракоти осмону заминро ба рӯяшон мекушодем. Вале паёмбаронро ба дурӯғгӯӣ нисбат доданд. Мо низ ба ҷазои кирдорашон уқубат кардем".Аъроф-96.
"Агар мардуми деҳаҳо имон оварда"- яъне, ки Паёмбарони хешро ба сӯяшон фиристодем, ва онҳо ба он Паёмбарон имон оварда буданд.
"ва парҳезгорӣ пеша карда буданд"-яъне, аз пофишорӣ бар куфр ва дастзадан ба зиштиҳо ва палидиҳое, ки муртакиб мегаштанд.
"баракоти осмону заминро ба рӯяшон мекушодем"-яъне, барои онҳо хайрот ва баракоти
осмон ва заминро фароҳам ва муйяссар месохтем, чуноне, ки дарҳои баста бо боз кардан кушода мешавад. Мурод аз хайри осмон, борон аст. Мурод аз хайри замин, растаниҳо ва баракоти он аст. Ин оят далел бар он аст, ки бардоштани иқтисоди худ бо имон ва тақво ва пойбандӣ ба шариъати Аллоҳ таъоло аст.
"Вале паёмбаронро ба дурӯғгӯӣ нисбат доданд"-яъне, аҳолии он деҳаҳо оёт ва Паёмбарони моро аз ин рӯ на имон оварданд ва на тақво пеша карданд.
"Мо низ ба ҷазои кирдорашон уқубат кардем"- яъне, сабаби ончи мекарданд аз гуноҳ ва куфр буд. Ва онҳоро бо азобу бало фурӯ гирифтем. ФОИДАИ ТАҚВО АЗ ҚУРЪОНИ КАРИМ:
1. "Ва тақво пеша кунед, то растагор гардед". Бақара-189.
2. "Ва бидонед, Худо бо парҳезгорон аст. Бақара-194.
3. "Бале, касе, ки ба паймони худ вафо кунад ва парҳезгорӣ пеша намояд, Худо ӯро дӯст медорад, зеро Худованд парҳезгоронро дӯст дорад".Оли Имрон-76.
4. "Агар истиқомату парҳезгорӣ пеша кунед, нақшаҳои хоинонаи онҳо ба шумо зараре намерасонад. Худованд ба он чӣ анҷом медиҳанд, иҳота дорад". Оли Имрон-120.
5. "Сармояи зиндагии дунё, ночиз аст ва сарои охират барои касе, ки парҳезгор бошад, беҳтар аст". Нисо-77.
6. "Зеро Худо танҳо аз парҳезгорон мепазирад". Моида-27.
7. "Аз он пайравӣ кунед ва парҳезгорӣ пеша намоед, бошад, ки мавриди раҳмати Худо қарор гиред". Анъом-155.
8. "Он масҷиде, ки аз рӯзи нахуст, бар пояи тақво бино шудааст, шоистатар аст, ки дар он ба ибодат биистӣ". Тавба-109.
9. "Сифатҳои биҳиште, ки ба парҳезгорон ваъда дода шудааст, ин аст, ки наҳрҳои об аз зери дарахтонаш ҷорӣ аст, меваи он ҳамешагӣ ва сояаш доимӣ аст. Ин саранҷоми касоне аст, ки парҳезгорӣ пеш карданд ва саранҷоми кофирон оташ аст". Раъд-35.
10. "Сипас онҳоро, ки тақво пеша карданд, аз он раҳоӣ мебахшем ва золимонро дар ҳоле, ки аз заъфу зиллат ба зону даромадаанд, дар он раҳо месозем". Марям-72. НАВЪҲОИ КУШОИШ:
1. Аз мардум инсонҳое ҳастанд, ки Аллоҳ ба онҳо кушоиши рӯзадориро додааст, ки мисли рӯзаи Довуд (алайҳис салом) рӯза гиранд.
2. Ба баъзе инсонҳо кушоишро дар силаи раҳм додааст, ки ақориби худро доим зиёрат карда ба онҳо хайру эҳсон кунанд.
3. Ба баъзе инсонҳо кушоишро дар ёри додан ба муҳтоҷонро додааст, ки онҳо фақир, мискин, қарздор, ятим, ва занони
бепарастор ҳастанд.
4. Ба баъзе инсонҳо кушоишро дар савоб бо воситаи амр ба маъруф ва наҳй аз мункар, ва сабр ба азиятҳоро додааст.
5. Ба баъзе инсонҳо кушоишро дар шафоати шахс, сулҳи байни мардум, халос кардани маҳбусон, боздоштан аз зулм, пешгири аз хунрезӣ, барпо кардани ҳақ, сулҳ байни ду душман, ва бозгардондани
ҳамсар ба шавҳарро додааст.
6. Ба баъзе инсонҳо кушоишро дар боби илм додааст, ки онро таълим дода ҳифз кунад.
САБАБҲОИ КУШОДА ШУДАНИ ДАРИ РАҲМАТ ВА БАРАКОТ:
1.Тақво.
2.Дуо ва илтиҷо ба сӯйи Парвардигори бузург.
3.Силаи раҳм.
4.Нафақот ва садақот.
5.Амали солеҳ.
6.Касби ҳалол. МЕВАҲОИ ТАҚВО:
1. Тақво сабаби муҳаббати Аллоҳ таъолост.
2. Тақво сабаби ноил шудан ба раҳмати Аллоҳ таъоло дар дунё ва охират аст.
3. Тақво сабаби нусрат додани Аллоҳ ба банда аст.
4. Тақво аз тамоми он чизҳое, ки метарсед ва ё аз он ҳазар доред, ва инчунин аз тамоми бадиҳои дунё ва охират сипар аст.
5. Тақво ин пайдо
шудани нур дар қалби инсон аст.
6. Тақво сабаби васеъ шудани ризқи банда аст.
7. Тақво кушоиши ғаму андӯҳ аст.
8. Тақво сабаби осон гардидани умури дунёст. МЕВАҲОИ ИМОН:
1. Имони содиқ ба инсон қалби ором, роҳати нафс, ва кушоиши садр ато фармояд.
2.Имони содиқ шахси муъминро аз зулумоти куфр берун оварда ба сӯйи нури имону савоби он бипайвандад.
3. Имони содиқ инсонро ба комёбии бузург расонад, ки он ризогии Парвардигор ва ҷаннат аст.
4.Худованд доим дар дифоъи муъмини дӯсти Аллоҳ ва ҳизби он аст.
5. Шахси имондорро Худованд дӯст дорад.
6. Имони содиқ сабаби собит будан аст. НАВЪҲОИ ҶАЛБИ БАРАКА:
1. Тақво; "Агар мардуми деҳаҳо имон оварда ва
парҳезгорӣ пеша карда буданд, баракоти осмону заминро ба рӯяшон мекушодем. Вале паёмбаронро ба дурӯғгӯӣ нисбат доданд. Мо низ ба ҷазои кирдорашон муохазашон (уқубат) кардем".
2. Қироъати Қуръони карим; "Ин аст китобе муборак, ки
нозил кардаем, тасдиқкунандаи чизест, ки пеш аз он нозил шудааст. То бо он мардуми Уммулқуро ва мардуми атрофашро бим диҳӣ. Касоне, ки ба рӯзи қиёмат имон доранд, ба он низ имон доранд. Инҳо ҳифзкунандаи намозҳои хешанд". Анъом-92.
3. Ростгӯйи дар хариду фурӯш.
4. Дуо.
5. Таваккал ба Аллоҳ таъоло.
6. Неки ба падару модар.
7. Силаи раҳм. САБАБҲОИ КАМ ШУДАНИ БАРАКА:
1.Гӯноҳи бисёр.
2.Фиребу найранг.
3.Муомила бо рибо. ФОИДАҲО:
1. Бо имону Худотарсӣ аҳли деҳа хушбахтона дар амн зиндагӣ кунанд.
2. Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло раҳмати худро ба аҳли замин нозил кард, ва аз онҳо ғайр аз имону тақво чизи дигаре нахост.
3. Ҳаром будани ғафлат ва воҷиб будани зикри Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло.
4. Худои таъоло дари хайрро ба рӯйи бандае боз мекунад, ки он банда ин дарро кӯфта бошад.
5. Агар Аллоҳ субҳонаҳу ва таъоло ба бандае хайреро хоста бошад, ба ӯ дари баракаи мол ва фарзанд ва ризқро боз кунад.
6. Бо Худотарсӣ дарҳо кушода гашта, раҳматҳои Парвардигор нозил гардад:"Агар мардуми деҳаҳо имон оварда ва парҳезгорӣ пеша карда
будакд, баракоти осмону заминро ба рӯяшон мекушудем".
7.Тамоми хайр дар Худотарсӣ ҷамъ шудааст; "Ва ҳар кӣ аз Худо битарсад, барои ӯ роҳе барои берун шудаи қарор хоҳад дод, ва аз ҷое, ки гумонашро надорад, рӯзиаш медиҳад".
8. Дар амалҳои солеҳ самараҳои бисёр дар дунё ва охират аст. ***
اللهم يا عزيز يا
جبار اجعل قلوبنا تخشع من تقواك واجعل عيوننا تدمع من خشياك واجعلنا يا رب من أهل
التقوى وأهل المغفرة.
Аллоҳ таъоло доност, дуруду саломи Худовандӣ ба Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ва олу асҳобашон.
Аз дуои неки худ моро фаромӯш накунед.
Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва баракотуҳ.
***
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев