Чунин ҷамъиятҳо дар собиқ Давлатӣ Шуравӣ ҳануз солҳои 20 ум дар давраи Сиёсати нави иқтисоди ташкил карда шуда буданд.1. Мафҳум, хусусиятҳои ташкилшавӣ ва фаъолияти хоҷагиҳои ҷамъияти Ҷамъияти саҳҳомӣ шакли нисбатан паҳншудаи ташкилотҳои корпоративӣ ба шумор меравад. Чунин ҷамъиятҳо дар собиқ Давлатӣ Шуравӣ ҳануз солҳои 20 ум дар давраи Сиёсати нави иқтисоди ташкил карда шуда буданд. Соли 1927 дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳоми низомномаи махсус тасдиқ шуда буд. Вале бо баробари қави шудани низоми маъмурии идоракунӣ дар иқтисодиёт дар солҳои 30 юм ҷамъиятҳои саҳҳоми барҳам дода шуда, ба ҷои онҳо корхонаҳои давлати ташкил карда шуданд. Дар ибтидои солҳои 90 ум бо сабаби гузаштан ба иқтисоди бозор ҷамъиятҳои саҳҳоми аз нав фаъолияти худро оѓоз намуданд. Дар бораи чунин ҷамъиятҳо санадҳои меъёрии махсус қабул гардиданд. Аз он ҷумла 12 июни соли 1990 «Низомнома дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳоми ва ҷамъиятҳои масъулияташон маҳдуд» қабул карда шуданд. Ҳоло бошад, санади меъёрие, ки ҳолати ҳуқуқии ҷамъиятҳои саҳҳомиро муайян мекунад, Қонуни ҶТ «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ» мебошад, ки 23 декабри соли 1991 ва бо таѓйироту иловаҳо аз соли 1996, 1997, 1998 амал мекунад. Омили инкишофи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ дар марҳалаи кунуни на танҳо мутобиқ будани ин шакли ташкилот ба шароити иқтисоди бозорӣ, балки хусусигардонии корхонаҳои давлатӣ ва коммуналӣ низ мебошад, ки чун қоида бо роҳи табдилдиҳии онҳо ба ҷамъияти саҳҳоми амалӣ мегардад. Ҷамъияти саҳҳоми ҳамон ҷамъияте дониста мешавад, ки фонди оинномавии он ба миқдори муайяни саҳмияҳо тақсим шудааст. Иштирокчиёни ҷамъияти саҳҳомӣ аз рўи ўҳдадориҳои ҷамъият масъул набуда ва таваккалӣ зарари марбут ва фаъолияти чамъиятро дар доираи арзиши сахмияхои ба онхо тааллукдошта ба зимма мегиранд. Сахмдороие, ки арзиши сахмияро пурра напардохтаанд, аз руи ухдадорихои чамъияти саххоми дар доираи кисми пардохтанашудаи сахмияхои ба онхо тааллук дошта масъулияти муштарак доранд. Чамъияти саххоми аз тарафи як ё якчанд муассис барпо карда мешавад. Дар мавриди барпо кардани чамъият аз тарафи муассисон мачлиси муассисон гузаронида мешавад. Дар он карор оид ба ташкил намудани чамъият, тасдики оиииомаи он ва арзиши умумии амонатхо аз тарафи муассисон бояд бо як овоз кабул карда шавад. Дар хамин мачлис макомоти идоракунии чамъият ба овози на камтар аз се чор хиссаи муассисон интихоб карда мешавад. Хуччати таъсисй чамъияти саххоми оинномаи он ба шумор меравад. Дар мавриди барпо намудани чамъият аз тарафи якчанд муассисон онхо метавонанд шартномаро дар бораи барпо намудан банданд, ки дар он тартиби амалй намудани фаъолият оид ба ташкили чамъият муайян карда мешавад. Вале чунин шартнома хуччати таъсисй шуда наметавонад, зеро вай муносибати байни муассисонро ба танзим медарорад ва муносибати чамъият бо дигар шахсон бошад, аз тарафи оиннома муайян карда мешавад. Чамъияти саххоми ба чамъияти кушода ва пушида чудо мешавад: Чамъияти саххомие, ки иштирокчиёнаш сахмияхои ба онхо тааллук доштаро бе ризоияти сахмдорони дигар бегона карда метавонанд, чамъияти саххомии кушода эътироф мегардад. Чунин чамъияти саххоми хукук дорад, ки мутобики шартхои мукаррар гардидаи конун ва асноди дигари хукукй обуна ва фуруши озоди сахмияхои мебаровардаашро ба рох монад. Чамъияти саххомии кушода хар сол хисоботи солона, тавозуни мухосибави ва хисоби зиёнро барои маълумоти умум нашр мекунад. Чамъияти саххомие, ки сахмияхои он танхо байни муассисонаш ё доираи шахсони дигари пешаки муайяншуда таксим мешаванд, чамъияти саххомии пушида дониста мешавад. Чунин чамъият барои гузаронидани обунаи озоди сахмияхои мебаровардааш ва ё ба тарзи дигар ба доираи номахдуди шахсон барои харид пешниход кардан и онхо хукук надорад. Сахмдорони чамъияти саххомии пушида хаигоми харидани сахмияхои аз чониби сахмдорони дигари ин чамъият фурухташаванда хукуки афзалияшок доранд. Шумораи сахмдорони чамъияти пушида набояд аз 50 нафар зиёд бошад, дар акси хол он бояд дар давоми як сол ба чамъияти саххомии кушода табдил дода шавад. Агар пас аз гузаштани ин мухлат шумораи онхо то хадди мукаррарнамудани конун кам карда нашавад, он бояд аз тарафи суд бархам дода шавад. Молумулки чамъияти саххоми ба ин чамъият хамчун сохибмулк тааллук дорад. Сахмдорон факат хукуки талаб намудаии онро аз чамъият доранд. Молумулки чамъият дар тавозуни мустакили он ифода карда мешавад. Кисми мухими молумулки чамъиятро сармояи оинномавии он ташкил медихад, ки дар вакти барпо кардани чамъият ташкил карда шуда ва дар оинномаи у нишон дода мешавад. Сармояи оинномавии чамъияти саххоми аз арзиши номиналии сахмияхои аз чониби сахмдорон харидашудаи чамъият ташкил карда мешавад. Дар Конун дар бораи чамъияти саххоми хадди акали сармояи оинномавии чамъият нишон дода шудааст. Барои чамъияти кушода вай хазор хадди аккали музди мехнатиро ташкил дода ва барои чамъияти пушида сад хадди аккалро ташкил медихад. Бояд кайд намуд, ки андозаи минималии музди кор дар рузи ба кайдгирии чамъият муайян карда мешавад (м. 7 Конун). Дар мавриди бакайдгирии сармояи оинномави бояд дар хачми на камтар аз 30 % он дода шавад. Кисми бокимондаи сармояи оинномави дар давоми сол бояд пушонида шавад. Агар ин тартибот риоя карда нашавад, сармояи оинномави бояд мутаносибан кам карда шавад. Дар бораи кам кардани сармояи оинномави бояд бо тарики хатти ба кредиторхои чамъият хабар дода шавад. Онхо дар ин сурат хукук доранд, ки кать ё пеш аз мухлат ичро намудани ухдадории чамъиятро, инчунин руёнидани зиёни ба онхо алокамандро талаб намоянд. Дар конунгузорй фаркияти байни сармояи оинномави ва молумулки хакикии чамъият, ки вобаста аз фаъолияти самараноки он мумкин аст нисбат ба сармояи оинномави кам ё зиёд бошад, нишон дода мешавад. Молумулки хакикии чамъият набояд аз андозаи сармояи оинномави кам бошад. Дар холати баръакс сармояи оинномави ба андозаи молумулки хакикии чамъият бояд кам карда шавад. Дар холати риоя накардани коидаи мазкур чамъият бояд бархам дода шавад. Ба хайати молумулки чамъият баъзе фондхои дигаре, ки мумкин ё бояд ташкил карда шавад, низ дохил мешавад. Ба сифати фондхое, ки бояд хатман ташкил карда шавад, аз он чумла фонди захиравй дохил мешавад, ки ба андозаи на камтар аз 15 фоизи сармояи оинномави ташкил карда мешавад. Чамъият вазифадор аст, ки хар сол ба фонди захиравй на камтар аз 5 фоиз фоидаи софи худро чудо намояд. Мувофики моддаи 18 Конун дар чамъият мумкин аст фонди саххомикунонии коркунон ташкил карда шавад, маблагхои кадоме, ки барои ба даст даровардани сахми чамъият бо максади минбаъд фурухтани он ба кормандон харч карда шавад. Молумулки чамъият мумкин аст, ки аз хисоби сармояи карзи зиёд карда шавад. Чамъият хукук дорад, ки ба маблаги сармояи оинномави вомбарг барорад. Вомбарг мумкин аст номдор ё манзуршаванда шавад. Чамъият барои баровардани вомбарг факат баъди пурра додани маблаги сармояи оинномави ё андозаи ба ин максад ба чамъият пешниходкардаи шахсони сеюм хукук дорад. Дар сурати набудани таъминот баровардани вомбарг танхо нас аз се соли фаъолияти чамъияти саххоми ва ба шарти то ин вакт дуруст тасдик кардани ду тавозуни солонаи чамъият мумкин асг. Сармояи оинномавии чамъияти саххоми ба сахмияхо чудо мешавад. Мавчудияти сахмия хусусияти хоси чамъияти саххоми мебошад, зеро онро факат чамъияти саххоми бароварда метавонад. 2. Сахмия ва намудхои он Сахмия когази кимматноке мебошад, ки ухдадории хукукии сахмдорро нисбат ба чамъият тасдик менамояд. Сахмия намудхои гуногун дошта метавонад. Намудхои сахмия дар оинномаи чамъият муайян карда мешавад. Сахмия ба номдор ва манзуршаванда чудо мешавад. Мувофики м. 10 Конун «Дар бораи чамъияти саххоми», чамъият инчунин метавонад сахмияхои одди (мукаррари) ва афзалиятнок барорад. Дорандаи сахмияи одди хангоми халли масъалахо дар мачлисхои сахмдорон як овоз дошта, дар ичрои ухдадорихои чамъияти саххоми дар назди давлат оид ба пардохти андозхо ва ташкили захирахои зарурй иштирок мекунанд. Дорандаи сахмияи афзалиятнок хукуки овоздихи надошта, вале дивидент ба даст оварда, хангоми таксимоти фоида ва бархам хурдани чамъият нисбат ба сахмияхои одди бартарй дорад. Дар сурати набудани фоида ё нокифоя будани он барои пардохти дивидент аз руи сахмияхои афзалиятнок пардохт аз фондхои захира дода мешавад. Сахмияхои афзалиятнок бо маблаги на зиёда аз 25 фоизи сармояи оинномавии чамъият бароварда мешаванд. Хукуки мухимтарини сахмдор – ин хукук ба гирифтани дивидент мебошад. Дивидент мувофики м. 17 Конуни Чумхурии Точикистон «Дар бораи чамъияти саххоми» кисми даромади софи чамъият (баъди пардохти андозхо) мебошад, ки дар байни сахмдорон мувофики шумораи сахмияхо мутаносибан таксим карда мешавад. Чамъияти саххоми дар холати пурра напардохтани сармояи оинномави, хангоми арзишхои активхои чамъияти саххоми аз сармояи оинномави ва фонди эхтиётии он камтар будан, инчунин дар натичаи пардохти дивидентхо арзиши андозаи активхо камтар гардидан хукуки эълон кардану пардохтани дивидентро надорад. Дивидентро хар семоха як бор, дар ним сол ва ё як бор дар як сол пардохтан мумкин аст. Дивиденти мобайнро директорон эълон менамоянд ва он андозаи мукарраршуда дорад. Дивиденти нихоиро аз руи натичахои сол бо назардошти дивидентхои мобайни мачлиси умумии солона эълон мекунанд . Андозаи дивиденти нихоиро ба хисоби як сахмияи мукаррари мачлиси умумии сахмдорон бо пешниходи директорони чамъият муайян менамояд. Дивидент аз пешниходи директорон зиёдтар буда наметавонад, вале аз тарафи мачлис метавонад кам карда шавад Дивиденти доими аз руи сахмияхои афзалиятнок ва фоизи вомбаргхо дар вакти баровардани онхо мукаррар карда мешавад. Дивиденти аз руи сахмияхои ба муомилот бароварданашуда ё дар тавозуни чамъият буда пардохта намешавад. Онро дар шакли сахмияхо, вомбаргхо ва мол пардохтан мумкин аст ба шарте, ки ин дар оинномаи чамъият пешбинй шуда бошад. Барои пардохти дивидент бонки агент мукаррар карда мешавад, ё онро амалй менамояд. Чамъият хачми дивидентро бе назардошти андози онхо эьлон мекунад. Чамъият ё бонки агент дар бобати андозгири аз минбахо хамчун агенти давлат амал карда, ба сахмдорон бо ба хисоб гирифтани андозхои дахлдор дивидентхо медиханд. Чамъият ба сахмдорон пардохти андозаи аккали дивидентро кафолат дода метавонад. Тартиби пардохти дивидентхо хангоми баровардани когазхои кимматноки пешакй мукарраршуда, дар пушти сахмияхои сертификат баён карда мешавад. Аз руи дивидентхо пардохтанашуда ва нагирифта фоиз мукаррар карда намешавад. Макоми олии идоракунии чамъияти саххоми мачлиси умумии сахмдорони он мебошанд. Вай масъалахои тагйир додани оинномаи чамъият, сармояи оинномавии он; интихоб намудани аъзои шурои директорон (шурои нозирон), комиссияи тафтишотии чамъият ва ваколати онхо; таъсис додани макомоти ичроияи чамъият ва пеш аз мухлат кать намудани ваколати онхо; тасдик намудани хисоботи солона, тавозуни мухосибавй ва таксим кардани фоидаю зиёни он; аз он чумла филиалхо ва намояндагихоро ва масъалахои дигари мухими чамъиятро, ки оинномаи он пешбинй намудааст, барраси менамояд. Мачлиси умуми солона ва гайринавбати мешавад. Чамъият соле як маротиба мачлиси умумии солонаи сахмдоронро мегузаронад. Фосилаи байни мачлисхои умумии солона набояд аз 15 мох зиёд бошад. Хамаи мачлисхо ба гайр аз мачлиси солона гайринавбати хисоб мешавад. Мачлисхои гайринавбати аз тарафи директорони чамъият, комиссияи тафтишотй ё сахмдорони дороина камтар аз 10 фоизи сахмияхо даъват карда мешаванд. Хукуки овозро сахмдороне доранд, ки дорои сахмияхои мукаррарй буда, ба хисоби як сахмия як овоз доранд. Мачлиси солонаи сахмдорон хисоботи директорон, тавозуни солона, хисоби даромаду зиёнхо, таксимкунии даромад, аз чумла дивиденти нихоиро тасдик мекунад, директорон ва дигар кормандони рохбарикунандаи чамъиятро интихоб мекунад, аудиторро таъйин карда, мукофотпулии уро мукаррар менамояд. Мачлис дар сурати иштироки на камтар аз нисфи сахмдорон ё намояндагони конунии онхо (аз руи шумораи сахмияхо) комилхукук мебошад. Дар чамъият Шурой директорон (шурой нозирон) таъйин карда мешавад. Дар мачлис раиси шурой директорон раиси мекунад. Дар сурати хозир набудани онхо мувофики интихоби аъзоёни шурои директорон яке аз директорон раисй мекунад. Агар директорон хозир набошанд ва ё аз раиси кардан даст кашанд, он гох мачлис аз чумлаи сахмдорон раисро интихоб мекунад. Дар мачлис масъалахо бо рохи овоздихии ошкоро, агар раиси мачлис ё на камтар аз панч сахмдор (ё намояндагони салохиятдори онхо) ё сахмдорони дорандаи 10 фоизи сахмияхо овоздихии махфиро мувофики микдори сахмияхо талаб накунанд, хал карда мешаванд. Дар сурати баробар будани овозхо овози раиси мачлис халкунанда мебошад. Тагйир додани оиннома ва карор дар бораи катъ гардидани фаъолияти бо аксарияти комили аз чор се хиссаи дар мачлис хозирбудаи сахмдорон кабул карда мешавад. Аз руи масъалахои дигар аксарияти оддии овозхои сахмдорони дар мачлис иштирокдошта кифоя мебошад . Сахмдор ё намояндаи пай танхо дар сурати ба танзим овардани тамоми хисобу китоб аз руи сахмхо иштирок карда метавонад. Намояндаи сахмдор танхо дар сурати мавчуд будани ваколатномаи дар идораи нотариали тасдик шуда, метавонад дар мачлис иштирок кунад ва овоз дихад. Хангоми овоздихии ошкоро хар як сахмдори хозирбуда як овоз, хангоми овоздихии махфй бошад, мутобики шумораи сахмхо овоз дорад. Дар фосилаи байни мачлисхои умумй макомоти олии идоракунии чамъият шурои директорон, (шурои нозирон) мебошад. Шурои директоронро мачлиси умумии сахмдорон мукаррар мекунад ва он бояд ток бошад. Танхо сахмдор ё намояндаи сахмдор, ки микдори сахмхои дар оиннома пешбинишударо дорад, директор шуда метавонад. Директорон ба мухлати аз ду то панч сол интихоб шуда ва якчанд маротиба аз нав интихоб карда шуданашон мумкин аст. Дар мачлис барои интихоб шахсоне, ки аз тарафи директорон ва сахмдорон пешниход шудаанд, пешбари карда мешаванд. Дар ин бора чамьият на дертар аз як хафта пеш аз гузаронидани мачлис бо гирифтани розиги дар хусуси пешбари кардани номзадиаш ба вазифаи директор бо тарзи хатти маълумот дода мешавад. Мачлис метавонад шумораи директоронро зиёд намояд ва директорони иловагиро барои ичрои вазифахои муайян интихоб кунад. Мачлис наметавонад директорро то ба охир расидани ваколатхояш аз вазифа холи намояд. Дар давраи байни мачлисхо Шурои директорон метавонад барои пурра кардани вазифахои холишуда директорро таъйин намоянд. Пеш аз мачлиси навбатии солона вай ваколатхояшро аз сар сокит мекунад, вале мумкин аст аз нав интихоб гардад. Директорон тамоми ваколатхои худро сарфи назар аз вазифахои холишуда, нигох медоранд. Мачлиси шурои директорон аз тарафи раиси шуро ва ё яке аз ду нафари директорон даъват карда мешавад. Директорон раиси шуро ва ё якчанд чонишинро ба муддати аз 2 то 5 сол иитихоб мекунанд. Раиси шуро с чонишини вай дар мачлиси шуро раиси мекунанд. Кароре, ки аз тарафи тамоми директорон имзо шудааст, баробари карори шурои директорон эътибор дорад. Шурои директорон хангоми зарурият метавонад барои хал намудани масьалахои мушаххас аз хисоби худ ва ё дигар кормандони чамъият кумитахо ташкил намояд. Мачлис аз чумлаи директорон камаш ду нафар директорони ичрокунандаро, ки фаъолияти харрузаи чамъиятро рохнамои мекунанд, интихоб меиамояд. Як нафари онхо директори Генералии ичрокунандаи (раис) чамъият таъйин карда мешавад. Директорони ичрокунанда ва мудирхо рохбарони кисмхои калони чамъият раёсати чамъиятиро чун макоми асосии ичроияи чамъият таъсис медиханд. Директори Генерали (раис) дар мачлисхои раёсат раиси мекунад. Дар фосилаи байни мачлисхои сахмдорон ва мачлисхои шурои директорон раёсат дар доираи салохияти худ, ки бо оиинома ба у дода шудааст, ба тамоми фаъолияти чамъият рохбарй мекунад. Чамъият дар холатхои зерин бархам дода мешавад; бо сабаби гузаштани мухлате, ки он таъсис шуда буд, агар чунин коида дар оиинома пешбинй шуда бошад: бо карори мачлиси умумии сахмдорон; бо карори суд. Бархамдихии ихтиёрии чамъиятро комиссяхои бархамдихие, ки он таъйин мекунад ва бархамдихии мачбуриро комиссияе, ки суд таъйин мекунад, анчом медихад. 3. Чамъияти дорои масъулияти махдуд ва иловаги Чамъияти дорои масъулияти махдуд чунин чамъиятест, ки аз чониби як ё якчанд шахс таъсис гардида, сармояи оинномавиаш бо хиссахои ба андозаи хуччатхои таъсисй муайяннамуда таксим шуда, иттарокчиёнаш аз руи ухдадорихои он чавобгар набуда ва таваккали зиёни марбут ба фаъолияти чамъиятиро дар доираи арзиши амонатй гузоштаашон ба душ доранд. Хамин тарик масъулияти онхо аз руи ухдадории чамъият дар хачми маблаги амонати гузоштаашон махдуд мегардад, ки аз ин чо унвони «чамъияти масъулияташ махдуд» сар мезанад. Зимнан сухан дар бораи махдудияти масъулияти чамъият набуда, дар хусуси махдудияти масъулияти аъзоёни чамъият меравад. Дуруст аст, ки дар як маврид хамаи аъзоёни чамъият ба хар хол аз руи ухдадории чамъият масъулият ба душ доранд. Сухан дар бораи масъулияти иштирокчиёне меравад, ки амонаташонро пурра нагузоштаанд. Онхо мутобики ухдадории чамъият дар худуди амонатй напардохтаашон масъулияти муштарак доранд. Вале ин тартибот аз коидаи умумй истисно буда, ба конструксияи умумии ташкилоти мазкур таъсир намерасонад. Бо баробари кабули кисми якуми Кодекси граждани ва Конуни Чумхурии Точикистон аз 10 май соли 2002 «Дар бораи чамъияти дорои масъулияти махдуд»1 мафхуми дакику равшани чамъияти масъулияташ махдуд баркарор шуд. Пештар ин масъала дар асноди конунгузори равшан муайян нашуда буд. Бо вучуди он чамъияти масьулияташ махдуд ва чамъияти саххоми намудхои мухталифи чамъиятхои хочаги мебошанд. Тафовут дар он мебошад, ки дар чамъияти саххоми фоида оинномави ба сахмияхо таксим мешавад, вале дар чамъияти масьулияташ махдуд ба хадди иштирок гайр аз ин чамъияти саххоми низоми нисбатан мураккаби идоракунй хочагидорй мебошад. Теъдоди иштирокчиёни чамъияти масъулияташ махдуд на бояд аз се нафар зиёд бошад. Хангоми зиёд шудани иштирокчиёни чамъият он дар давоми сол бояд ба чамъияти саххоми табдил дода шавад. Агар дар давоми сол ин кор сурат нагирад, чунин чамъият бо карори суд бояд бархам дода шавад. Чамъияти масъулияташ махдудро як ё якчанд шахс ташкил дода метавонад. Хуччати таъсисии он шартномаи таъсисии аз чониби муассисони он имзогардида ва оинномаи тасдикнамудаи онхо мебошад. Агар чамъият аз чониби як шахс таъсис гардад, пас хуччати муассисаи он танхо оиннома мебошад. Фонди оинномавии чамъият аз амонати иштирокчиён ташкил дода мешавад. Он бояд аз хадди акаали имконпазир, ки аз чониби конун дар бораи чамъиятхои дороимасъулиташ махдуд муайян мешавад, кам набошад. Сармояи оинномавии чамъияти дорои масъулияти махдуд хачми минималии молумулки онро, ки манфиати кредиторхоро кафолат медихад, муайян мекунад. Дар конунгузорй ба ташаккул ва нигахдории сармояи оинномави дар сатхи таъйиншуда диккати махсус дода мешавад. Вакти бакайдгирии чамъият на камтар аз нисфи сармояи оинномави бояд аз тарафи иштирокчиёни он пардохта шуда бошад. Кисми бокимондаи сармояи оинномави бояд дар давоми як соли фаъолияти чамъият пардохта шавад. Агар ин тавр нашавад, мутобикан бояд сармояи оинномавии чамъият кам карда шавад, ё чамъият бархам дода шавад. Агар пас аз ба охир расидани соли дуюм ва хар соли минбаъдаи молияви арзиши активхои софи чамъияти дорои масъулияти махдуд нисбат ба сармояи оинномави камтар гардад, чамъият вазифадор аст, ки дар хусуси кам кардани сармояи оинномавии худ зълон дошта, камшавии онро мувофики тартиби мукарраргардида аз кайд гузаронад. Агар арзиши активхои мазкури чамъият аз андози хадди аккали дар конун муайяншудаи сармояи оинномави камтар гардад, чамъият бояд бархам дода шавад. Барои таъмини ташаккули реалии фонди оинномавии манъи озодии баъзе иштирокчиёни чамъият аз ухдадорй пардохтани сахмия ба фонди оинномави дар назар дошта шудааст. Хамчунин пардохти ин амонатхо ба таври бахисобгирии талаби иштирокчиён аз чамъият рох дода намешавад. Дар асноди конунгузорй сармояи оинномави ва амволи реалии чамъият активхои холис возех чудо карда мешавад. Арзиши даромад – активхои холис набояд аз сармояи оинномави кам бошад. Агар чунин холат рух дихад, фонди оинномави бояд то хадди арзиши активхои соф кам карда шавад. Агар арзиши активхои соф аз хачми минималии сармояи оинномавие, ки конун муайян кардааст, камтар бошад, чамъият мувочехи бархамхурист. Камкунии сармояи оинномави танхо баъди огох кардани хамаи кредиторхои он сурат мегирад. Кредиторон хак доранд, ки катьи пеш аз мухлати фаъолияти чамъият ё ичрои ухдадории чамъият ва чуброни зарархоро такозо намоянд. Фонди оинномавии чамъият натанхо кам, балки зиёд хам шуда метавонад. Зиёдшавии фонди оииномавии чамъият танхо баъди аз чониби иштирокчиёни чамъият бо карори мачлиси умумии иштирокчиёни чамъият, ки бо аксарияти аз се ду хиссаи тамоми иштирокчиёни чамъият кабул шудааст, мумкин аст ухдадории онхо дар мавриди мутаносибан ба хиссахояшон дар фонди оинномавии чамъияти дохил нашудани амонати иловаги мукаррар карда шавад. Иштирокчиёни чамъият хукук доранд хиссаи худро дар сармояи оинномавии чамъият ё як кисми онро ба як ё якчанд иштирокчии чамъият ё шахси сеюм фурушанд. Хангоми фуруши хисса ба шахси сеюм дигар иштирокчиёни чамъият барои харидории он имтиёз доранд. Агар иштирокчиёни чамъият дар давоми як мохи огохй ёфтан ё дар мухлати дар оиннома ё созишнома нишондодашуда аз хукуки афзалиятноки худ истифода нанамоянд, хиссаи онхо мумкин аст ба шахси сеюм фурухта шавад. Дар Оинномаи чамъият манъи фуруши хисса ба шахси сеюм зикр шуда метавонад. Дар ин маврид, агар дигар аъзохои чамъият аз харидани хиссаи фурухташаванда даст кашанд, он бояд аз чониби чамъият харидорй шавад. Дар чунин холат чамъият ухдадор аст, ки ба иштирокчиён арзиши вокеии онро бо пул ё молумулкро дар шакли асл дихад. Агар хиссаи (кисми) иштирокчй аз чониби худи чамъият харида шавад, он гох чамъият ухдадор аст, ки онро ба иштирокчиёни дигар ё шахси сеюм фурушад, ё сармояи оинномавии худро кам кунад. Иштирокчии чамъият салохият дорад, ки на танхо амонати дар моликияти чамъият доштаашро фурушад, балки хар вакт аз хайати чамъият барояд. Дар баробари хамин иштирокчии чамъиятро аз хайати он хорич намудан низ мумкин аст. Мувофики конун агар иштирокчии чамъият оинномаи чамъиятро дагалона вайрон намуда, бо хамин ба манфиати он зарар оварад, онро мумкин аст бо карори мачлиси умумии иштирокчиёни он, ки бо аз се ду хиссаи овозхои хамаи иштирокчиёнаш кабул шудааст, аз чамъият хорич карда шавад. Дар чунин холат иштирокчй нисбат ба карори мачлиси умуми метавонад ба суд мурочиат намояд. Иштирокчие, ки аз хайати чамъияти дорои масъулияти махдуд баромадааст, ё хорич карда шудааст, хукук дорад арзиши хиссаи худро дар сармояи оинномави аз хисоби чамъият талаб намояд. Бо созиши байни иштирокчи ва чамъият пардохти арзиши молумулк мумкин аст бо додани молумулк дар шакли асл иваз карда шавад. Вале бояд кайд намоем, ки агар ба сифати хиссаи иштирокчй ба фонди оинномавии чамъият хукуки истифода аз молумулк пешниход шуда бошад, молумулки дахлдор ба иштирокчии аз чамъият хоричшаванда баргардонида мешавад. Макоми олии рохбарикунандаи чамъият мачлиси умумии аъзоёни он мебошад. Мачлиси умумии иштирокчиёни чамъият масъалахои зеринро хал мекунад: тагйъир, додани оиннома ва хачми сармояи оинномави; таъсиси макомоти ичроияи чамъият ва катьи пешазвактии фаъолияти он; тасдики хисоботи солона ва баланси мухосибшавии чамъият бо ташкилоти фоидаю зиёни он; азнавташкилкуни ва бархамдихии чамъият, интихоби комиссияи тафтишотии чамъият ва гайрахо. Макомоти ичроияи чамъият метавонад инфироди ва дастчамъи бошад. Он ба фаъолияти чории чамъият рохбари намуда, ба мачлиси умуми гузориш медихад. Азнавташкилшави ва бархамхурии чамъият бо карори якдилонаи хамаи аъзоёни чамъият сурат гирифта метавонад. Чамъияти дорои масъулияти махдуд метавонад ба чамъияти саххоми ё кооперативии истехсолй табдил дода шавад. Чамъияти дорои масъулияти иловаги хамон чамъияте дониста мешавад, ки аз чониби як ё якчанд шахс таъсис дода шуда, фоида оинномавии он мувофики андозхои дар хуччатхои таъсис муайянгардида ба хиссахо таксим мешавад. Иштирокчиёни чунин чамъият аз руи ухдадорихои он бо молумулки худ ба андозаи дар хуччатхои таъсиси муайянгардидаи барои хамашон баробари арзиши амонатй (сахмй) гузоштаашон масъулият доранд. Чамъияти масъулияташ иловаги аслан шакли дигаршудаи чамъияти масъулияташ махдуд мебошад. Фаркияти чунин чамъият аз чамъияти дорои масъулияташ махдуд дар он аст, ки иштирокчиёни он масъулиятро аз руи ухдадорихои чамъият мутаносибан ба амонате, ки гузоштаанд ба душ доранд. Барои конеъ гардонидани талаботи кредиторхо иштирокчиёни чунин чамъият мумкин ба чавобгарии иловаги дар доираи молумулки шахсии ба онхо тааллукдошта кашида мешаванд. Чунин тарзи чавобгариро чавобгарии муштараки иловаги эътироф менамоянд. Доираи чунин чавобгари низ махдуд мебошад. Вай на ба хамаи молумулк чи хеле ки барои ширкати комил характернок мебошад, дахл дорад, балки дар хамон кисме, ки бо хамаи иштирокчиён ба андозаи яккаратаи маблаги амонатхои гузоштаи онхо баробар аст. Иштирокчиёни чунин чамъият шахси вокей ва хукукй шуда метавонад. Макомоти давлати ва худидоракунии махалли ба сифати иштирокчии чамъият баромад карда наметавонанд. Ташкилоте, ки аз тарафи сохибмулк молия кунонида мешавад, факат бо розигии сохибмулк иштирокчии чамъият шуда метавонад.
Скопировано с сайта: http://infopage.tj/busb/1701-amiyatoi-saomi-va-namudoi-on.html
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев