Оё шарм намедорад оне, ки ҳамсарашро чун бардае мезанад, дар оғози рӯз ӯро зарб мекунаду дар шаб бо ӯ ҳамхобагӣ мекунад, ингуна нафар магар шарм намедорад?!
(Ривояти Имом Абдурраззоқ(ваф: 821мил) дар Мусаннаф, ҳадиси раками: 19032)
-----------------
2- Модари муъминон, Оишаи сиддиқа ривоят карданд, ки:
"Паёмбари Худо (дуруду паёми Худо бар эшон бод) боре бо дасташон, ба истиснои ҳолати набард, чизеро назаданд, на ходимеро ва на ҳамсареро боре ҳам зарб нанамуданд"
(Ривояти Имом Муслим (ваф: 875 мил) дар Саҳеҳашон, ҳадиси: 2328)
---------------------
3- Ҳаким ибни Муовия ривоят карда, ки падараш Фиристодаи Худо ( саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ро пурсид:
Эй Фиристодаи Худо, ҳаққи ҳамсарони мо болои мо мардон кадом аст?
Паёмбар (дуруду салом бар эшон бод) ба ӯ гуфтанд:
"Ҳаққи ҳамсарат бар ту ин аст, ки чун ғизо хури, ӯро низ бо ғизо таъмин намои, чун либос бипуши, барои ӯ низ либос бихари, бар рӯи ӯ зарбу лат нанамои, суханони қабеҳу зишташ нагуи, агар бо ҳам қаҳр кардед, танҳо дар сурате қаҳр бояд куни, ки ӯро дар хонаи худат нигоҳ дори"
(Ривояти Имом Абу Довуд.(ваф: 889) дар Сунан, ҳадиси: 2142.)
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев