Предыдущая публикация
Нимашабҳо бериё бояд гирист.
Оби чашми банда оби Раҳмат аст,
Баҳри ганҷи бебаҳо бояд гирист.
Гиря мебахшад ба чашми дил зиё,
Баҳри таслими ризо бояд гирист.
Гар бувад маҳрум чашме аз сиришк,
Баҳри чашми безиё бояд гирист.
Мустафо аз дида меборид хун,
Чун Расули босафо бояд гирист.
Гиря бояд кард чун ширхорае,
То расад бар ту сафо, бояд гирист.
Кай шавад сарсабз бе борон замин,
Чун саҳоби босахо бояд гирист.
Охири ҳар гиря дорад хандае,
Ханда гар хоҳи, басо бояд гирист.
Бе тазаррӯъ кай дуъо гардад қабул,
Нимаи шабҳо расо бояд гирист.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев