Ба рохи бад хама узви бадан рафт.
Лабу дандон паи гайбат равон шуд,
Хаётам бо хатову шар хазон шуд.
Ду чашме,ки Худо додаст ба хар су,
Зи дин дуру канори чумла тарсу.
Зи тоъат нест дар мо рушнои,
Ба худ ой чони ман ъабди Худои.
Бади кардан бувад осон бародар,
Хатову бе намози нест гавхар.
Худоятро хама дам бандаги кун,
Ба куръону аходис зиндаги кун.
Хаётатро мадех бар дасти шайтон,
Ки дустат нест асло хуб медон.
Биё хар як нафас зикри Худо кун,
Баду некро зи якдигар чудо кун.
Аз ин олам туро хуби хамин аст,
Ки охир чои мо зери замин аст.
Мани Икбол зи шар холи набудам,
Хатохоям бисухт банди вучудам.
Вале навмед набошам аз Худованд,
Агар созад маро бо ъишк пайванд.
Азизам бахри Икбол як дуо кун,
Ба Он зоте ки дар болост вафо кун.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев