чавонони мусалмон Ба номи
худованди ҷон офарин, Ҳакими сухан дар
забон офарин. Аз ҷумлаи масъулиятҳои
бузурге, ки Ислом ба уҳдаи волидайну
мураббиён ва тамоми сарпарастон
гузоштааст, таълим додани аҳкоми наврасӣ ва
балоғат мебошад. Замони шуруъи ин навъ
омӯзиш вақте аст, ки кудак аҳкоми шаръии
марбут ба ангезаи шаҳвониро бишносад ва
эҳсоси рушди ҷинсӣ кунад. Духтару писар дар
ин таълим баробаранд, зеро ҳар ду шаръан
мукаллафанд ва аз амалҳои худ дар назди
Худову Расул (с) ва сарпарастону ҷомиъа
масъуланд. Бинобар ин бар волидайну
мараббиён зарур аст, ки ҳангоме
фарзандашон ба синни наврасӣ аз 12 то 15
солагӣ расиданд, ба эшон ошкоро суҳбат
кунанд. Ба эшон бигӯянд, ки агар дучори
инзоли манӣ бо ҷаҳиш ва шаҳват шуданд,
дигар болиғ шудаанд ва шаръан мукаллафанд.
Ҳар масъулият ва таклифе, ки бар мардони
бузург воҷиб бошад, бар эшон низ минбаъд
воҷиб мебошад. Ҳамчунин модарон ва
сарпарастон духтарони аз нуҳ сола болоро ба
таври ошкор бигӯянд, ки агар хоби шаҳвонӣ
диданд ва дар либосашон оби рақиқи
зардранг намоён гашт ва ё хуни ҳайз аз эшон
падид омад, дигар онҳо шаръан мукаллаф
гаштаанд. Ҳар масъулият ва таклифе, ки бар
занони бузург воҷиб бошад, бар эшон низ
минбаъд воҷиб мебошад. Дини мубини Ислом
масъулияти ошкоро суҳбат намуданро дар ин
маврид ба души падару модар ниҳода аст, то
ки фарзандон дар мавриди масоили ҷинсӣ ва
майли шаҳвонии худ фаҳму биниши амиқ ва
дақиқе дошта бошанд. Ва ҳар масъулият ва
таклифоти шаръие, ки бар уҳдаи эшон воҷиб
гашта бошад, ба шакли дуруст анҷом
бидиҳанд. Чи бисёр духтаронеанд, ки аз
сабаби надонистани аҳкоми ҷанобат ва ҳайз
солҳои дароз нопок гаштаанд? Чи бисёр
писаронеанд, ки аз сабаби надонистани
аҳкоми ҷанобат ва эҳтилом солҳои дароз
нопок гаштаанд? Чи бисёр писарону
духтаронеанд, ки аз сабаби надонистани
аҳкоми ҷанобат ва эҳтилом солҳои дароз бо
тани нопок ба гумони ин ки ибодати Худоро
анҷом додаанд, намоз гузоштаанд? Бинобар ин
аввал падарону модарон, сипас мураббиёну
сарпарастон масъуланд, ки дар ин бора бо
фарзандон пеш аз оне ки ба синни эҳтилом ва
балоғат бирасанд, ошкоро ва ба тарзи
ҳакимона сухан бигӯянд. То эшон аз ин
масоил огоҳ шаванд ва биниши дурусте дар
мавриди ангезаҳои ҷинсӣ ва ғароизи шаҳвонӣ
дошта бошанд. Агар чунин накунем
фарзандони мо дар ноогоҳии комил ба аҳкоми
илоҳӣ умри худро сипарӣ менамоянд. Аҳкоме,
ки бар асоси он бояд ҳаққи Худо, ҳаққи дин ва
ҳаққи нафси худро адо намоянд.
Мутаассифона фарзанд дар ҳоле, ки ҷоҳилу
ғофил аст, гумон мекунад, ки масири ихтиёр
кардааш саҳиҳ аст ва ӯ худ дар роҳи рост
равона аст. Падарону модарон ва мураббиёни
азизу гиромӣ акнун дар ихтиёри шумо
муҳимтарин аҳкоми шаръие, ки ба синни
наврасӣ ва балоғат расидани фарзандон
тааллуқ дорад, мегузорем. То писарони мо
қабл аз ворид шудан дар гуруҳи мардон ва
духтарони мо қабл аз ворид шудан дар гуруҳи
занон аз ин аҳком огоҳии комил пайдо
намоянд: 1.Духтар ва ё писаре, ки хоби
шаҳвонӣ дид ва баъд аз бедор шудан
либосҳояш хушк буд, бар ӯ ғусл воҷиб
намегардад. Зеро Аҳмад ва Насоӣ ривоят
кардаанд, ки Хавла духтари Ҳаким (р) аз
Паёмбари гиромӣ (с) пурсид, ки зане дар хоб
он чиро мебинад, ки мард мебинад, оё бар ӯ
чизе лозим мегардад? Эшон фармуданд: “Бар
ӯ ғусл воҷиб намешавад, то ин ки обро (дар
либосҳояш) бубинад, ҳамчунон ки бар мард
ғусл ваҷиб намешавад, модоме ки (дар
либосҳояш) обро надида бошад”. 2. Духтар ва
ё писаре, ки баъд аз бедор шудан аз хоб дар
либосҳояш тарӣ дид, вале аз хоби дидааш
чизе ба ёдаш наомад, бар ӯ ғусл воҷиб
мегардад. Бинобар ҳадисе, ки имомони
панҷгона аз Оиша (р) ривоят кардаанд: Дар
мавриди марде, ки аз хоб мехезад ва хобаш
дар ёдаш нест, вале дар либосаш обро
мебинад аз Расули гиромӣ (с) пурсида шуд.
Эшон фармуданд: “Ғусл мекунад”. Инчунин аз
он Ҳазрат (с) пусида шуд, ки марде хоби
шаҳвонӣ мебинад, вале дар либосаш ҳеҷ
асаре аз об намеёбад. Ҳазрат фармуданд:
“Бар ӯ ғусл воҷиб нест”. Сипас Умми Сулайм
аз Расули Худо пурсид: “Оё зане обро (дар
либосаш) бинад бар ӯ ғусл воҷиб мегардад”?
Фармуд: “Оре, занҳо порае аз мардон
ҳастанд”. 3. Хориҷ шудани оби манӣ аз мард
ва ё зан бо шаҳват ва ҷаҳиш хоҳ ба сабаби
худқонеъкунӣ ё дидани манзараи шаҳватангез
ва ё бусу канор... бошад, ғуслро воҷиб
мегардонад. Дар ривояти Тирмизӣ аз Алӣ
ибни Абу Толиб (р) омадааст, ки фармуданд:
“Ман доим дар олати худ мазӣ медидам, пас
аз Расули Худо (с) дар ин бора пурсидам, ба
ман гуфт: “Агар мазӣ дидӣ вузӯ бикун ва агар
манӣ дидӣ ғусл бикун”. Мазӣ обест, ки дар
асари бусу канор
ва ё хастагӣ бидуни шаҳват ва ҷаҳиш берун
меояд. Ва дар ривояти Аҳмад омадааст: “Агар
об бо ҷаҳиш ва шаҳват берун ояд, ғусли аз
ҷанобат намо ва агар бидуни ҷаҳиш ва
шаҳват бошад, ғусл воҷиб намегардад”. Аз ин
ривоят бармеояд, ки агар дар ҳолати беморӣ ё
сармо ё зарбу лат ва ё бардоштани бори
вазнин оби манӣ хориҷ шавад, ғусл воҷиб
намегардад, балки вузӯ кифоят мекунад.
4.Пинҳон шудани нуги олати таносулӣ дар
фарҷ ғуслро бар зану мард воҷиб мегардонад,
фарқе надорад, ки манӣ хориҷ шуда бошад ва
ё на. Зеро дар Муснади Абдуллоҳ ибни Ваҳб
омадааст, ки он Ҳазрат (с) фармудаанд:
“Вақте ду олат ба ҳам ҷамъ шаванд ва нуги
яке дар дигаре пинҳон
шавад, ғусл (бар зану мард) воҷиб мегардад,
баробар аст, ки манӣ барояд ва ё на”. 5. Қатъ
шудани хуни ҳайз ва нифос ғуслро воҷиб
мегардонад. Ҳайз хунест, ки аз бачадони зани
болиғи солим ва ҷавон хориҷ мешавад.
Камтарини он се рӯз ва аксари он даҳ рӯз аст.
Нифос хунест, ки пас аз таваллуд аз бачадони
зан хориҷ мешавад. Аксари он 40 рӯз аст ва
ақалли он ба одати ҳар зан марбут аст.
Далели он ин фармудаи Худовандист “(Эй
Паёмбар) туро дар мавриди ҳайз мепурсанд,
бигӯ ки ҳайз як навъ беморист. Дар ҳолати
ҳайз аз занон канора гиред ва ба онон
ҳамхобагӣ накунед, то
ки пок шаванд. Вақте ки пок шуда ғусл
намуданд ба онҳо аз он ҷое, ки Худо
фармудааст наздикӣ намоед. Худованд
тавбакунандагон ва покизагонро дӯст
медорад”. 6. Бадиҳист, ки таълим додани
сабабҳо ва муҷиботи ғусл бар фарзандон
воҷиб аст.Бояд, ки эшон фарзу суннатҳо ва
чигунагии ғуслро бидонанд. Зеро вақте ки
ҷунуб гаштанд, бидонанд, ки чи гуна аз он пок
бишаванд. Ғусл се фарз дорад: Шустани
даҳон, шустани бинӣ ва тамоми бадан.
Бинобар фармудаи Худованд:“Ва агар ҷунуб
бошед, худро пок созед”. Аммо суннатҳои ғусл
оғоз намудан бо ният ва “бисмиллоҳ”, сипас
мисвок задан, хилол намудани ришу ангуштон
ва молидани аъзои бадан мебошад. Шустанро
аз дастҳо оғоз мекунад, баъд аз он олати
таносулӣ ва наҷосати баданро бо об пок
менамояд. Сипас вузӯ мегирад ва се бор бар
тамоми баданаш обро мерезад. Агар бар касе
ғусл воҷиб шуд, вале ба сабаби дурии роҳ ё
тарси аз душман ё шиддат гирифтани беморӣ
ё хавфи ҳалокат аз сардӣ истифодаи об
номумкин гашт, ҷоиз аст, ки таяммум кунад.
Таяммум ба ин тарз адо мегардад. Шахси
ҷунуб бо нияти пок шудан ду панҷаи дасташро
ба чизи поке, ки аз ҷинси замин бошад, мисли
санг, рег, хок, гаҷ, оҳак... мезанад ва баъд аз
таккондан ба рӯи худ мемолад. Дубора ин
амалро такрор намуда, панҷаҳояшро ба ду
дасташ то ба оринҷ мемолад. Ҳамин тавр
ин шахс аз ҷанобат пок ва бар ӯ адои намоз
ва тиловати Қуръон ҷоиз мегардад. Ният низ
яке аз шартҳои таяммум ба шумор меравад.
Таяммум ҷойнишини вузӯ ва ғусл мебошад ва
он барои ҳар ду амал яксон аст. Худои таъоло
дар бораи таяммум чунин фармуда аст: “Агар
бемор бошед ё дар сафар бароед ё қазои
ҳоҷат намоед ва ё бо занҳоятон ҳамхобагӣ
намоед, пас об наёбед, бо хоки пок таяммум
намоед. Онро ба рӯю дастонатон бимолед...”.
Паёмбари гиромӣ дар ин маврид мефармояд:
“Таяммум
ду зарба задан (бар хок) мебошад. Як зарба
аз барои рӯй ва як зарбаи дигар аз барои ду
даст то оринҷ”. Бояд фарзандони мо он чиро,
ки дар ҳоли ҷанобат ҳаром аст
бидонанд, то дучори феъли ҳаром нашаванд.
Шариъати Ислом бар шахси ҷунуб ва заноне,
ки узри занона доранд чандин амалро ҳаром
гардонидааст:
А. Намозу рӯза бар зане, ки ҳайз ва нифос
дидааст ҳаром аст. Баъд аз пок шудан аз
ҳайзу нифос рӯзаро қазо медорад, вале қазо
доштани намоз бар ӯ лозим нест. Зеро
ҳазрати Оиша (р) мегӯяд: “Мо дучори чунин
ҳолат мешудем. Ба мо амр мешуд, ки рӯзаро
пас аз пок шудан қазо бидорем, вале барои
қазо доштани намоз амр нашудаем”. Б. Дохил
шудан ба масҷид бар
зане, ки ҳайз ва нифос дидааст ҳаром аст.
Инчунин истодан дар масҷид бар марди ҷунуб
макруҳ аст. Расули Худо (с) дар ривояти
Абудовуд фармудаанд: “Ман ба масҷид ворид
шудани ҷунуб ва зани ҳайздидаро ҳалол
намешуморам”. В. Тавофи Каъба бар ҷунуб ва
зане, ки ҳайз ва ё нифос дидааст ҳаром аст.
Зеро Каъба низ дар дохили масҷид ҷойгир
шудааст. Г. Барои мардон ҳамхобагӣ бо зане,
ки ҳайз ва ё нифос дидааст бино ба фармудаи
Худованд ҳаром аст.“Дар ҳолати ҳайз аз
занон дурӣ ҷуед ва ба эшон ҳамхобагӣ
накунед”.
Дар ривояти Абудовуд омадааст, ки Абдуллоҳ
ибни Саъд (р) аз Расули Худо (с) пурсиданд,
ки дар ҳолати ҳайзи занон аз онҳо чи гуна
лаззат бардорем? Расули гиромӣ (с)
фармуданд: “Аз болои эзор (бо бусу канор)
лаззат бардоред”.
v Қуръон хондан бар шахси ҷунуб ва зане, ки
ҳайз ва ё нифос дидааст бино ба фармудаи
Паёмбари Худо (с) ҳаром аст. Тирмизӣ ва
ибни Моҷа аз ибни Умар (р) ривоят кардаанд,
ки Расули гиромӣ (с) фармудаанд: “Ҷунуб ва
зани ҳайздида набояд чизе аз Қуръон
бихонанд”. Агар ба нияти қироат не, балки ба
нияти зикру ситоиши Худованд бошад ҷоиз
аст. Мисли баён кардани “Бисмиллоҳир
раҳмонир раҳим”, “Алҳамду лиллоҳи раббил
оламин”,“Ҳуваллоҳул аҳад”... Ва ё ин ки ба
нияти таълим додан, Қуръонро калима калима
талаффуз намояд, ҷоиз аст. Аммо назди Имом
Аҳмад ва Имом Молик хондан ва ба даст
гирифтани Қуръон барои муаллима ва толибае,
ки ҳайз дида бошанд, ҷоиз аст. Инчунин Имом
Молик барои ҷунуб андаке аз Қуръон хонданро
ба хотири руқяи пеш аз хоб ё хавф ё табаррук
ва ё ҳуҷҷату далел овардан барои ҳукми
шаръӣ, иҷозат додааст. Д. Ба даст гирифтани
Қуръон бар шахси бетаҳорат, ҷунуб ва зане, ки
ҳайз ва ё нифос дидааст бино ба фармудаи
Худованди бузург ҳаром аст, магар ин ки дар
ғилоф ва ё ҷуздон бошад.
“Касе Қуръонро ба ҷуз покон даст назанад”.
Дар ривояти Ҳоким аз Ҳаким ибни Ҳизом
омадааст, ки мегӯяд: Вақте Расули Худо (с)
маро ба Яман фиристод, гуфт: “Танҳо дар
ҳолати покӣ Қуръонро ба даст гир”. О. Бар
фарди ҷунуб низ намоз хондан ҳаром аст, зеро
дар он қироати Қуръон аст, ки таҳрими он
шарҳ дода шуд. Аммо рӯзаи ӯ саҳиҳ аст,
модоме, ки ягон намозе қазо нагардад. Пас эй
падару модарон ва эй мураббиёни азизу
гиромӣ барои таълим додани ин аҳком ба
фарзандонатон дар синни наврасӣ ҳарис
бошед! Вақте, ки ба балоғат расиданд ва
мукаллаф шуданд, адои ибодатҳо бар эшон
фарз мегардад. Дар он вақт бидонанд, ки
анҷом додани чӣ амале ҳалол ва чӣ амале
ҳаром аст? Ҳукми шариъатро дар марҳилаи
балоғат ва он чи дар мавриди ғаризаи ҷинсӣ
тааллуқ дорад, бидонанд, балки огоҳии бештар
дар масоили динӣ ба даст оваранд ва аз
фазилати илму таълим баҳраманд гарданд.
Паёмбари гиромӣ (с) дар ин маврид хуб
фармудааст: “Худованд ба касе, хайру некиро
насиб карда бошад, ӯро дар умури дин олим
ва фақиҳ мегардонад”. Шайхайн ривоят
кардаанд. Муаллиф: Торномаи Тураҷон
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев