Шайтон душмани ашаддӣ ва қасамхӯрдаи инсон аст. Ӯ қасам хӯрдааст, ки ҳамаи фарзандони Одамро гумроҳ кунад ва аз Худованд ва биҳишт дур созад. Ӯ бо гуноҳони гуногун моро аз Худо дур мегардонад. Мо бояд ҳамеша ҳушёру бедор бошем ва талош кунем ба доми шайтон наафтем. Нафси мо доми шайтон аст. Нафси мо майдони нуфузи шайтон аст. Нафсе, ки дар даруни мо қарор дорад. Нафсе, ки ҳамеша дар ҳоли дигаргунӣ аст. Нафсе, ки ба хотири ангезаҳои хубу баде, ки дар вуҷуди ӯ вуҷуд доранд, аз шароити берунии худ таъсирпазир аст. Худованд дар ишора ба ин воқеият чунин мефармояд:
“Ва қасам ба нафс ва касе ки онро офарида аст, ки дар он (нафс) фуҷур (гуноҳу зиштӣ) ва тақворо қарор дода аст”.
Роҳҳои муҳофизати нафс аз шайтон
1.Шинохтани нафси худ;
Бояд аз нафси худ дар баробари шайтон муҳофизат кунем. Аввали ин роҳи муҳофизат ин аст, ки нафси худро хуб бишиносем. Бояд раванди
дарунии нафси худро ҳамеша таҳти пайгард қарор диҳем ва тағйироту
таҳаввулотеро, ки дар он ба вуҷуд меояд, зери назар дошта бошем. Ҳадисҳо низ моро ба ин кор ташвиқ мекунанд:
لا معرفة كمعرفة النفس
“Ҳеҷ маърифате чун шинохти нафс нест”.
نَالَ الْفَوْزَ الْأَكْبَرَ مَنْ ظَفِرَ بِمَعْرِفَةِ النَّفْس
“Касе ки ба шинохти хеш даст ёбад, ба болотарин саодат расида аст”.
Ва дар муқобил дар ҳадис омада аст:
أعظم الجهل، جهل الإنسان أمر نفسه
“Бузургтарин нодонӣ, ҷаҳли инсон ба нафси худ аст”.
Бидуни ин шинохт, инсон ба чизе монанди ашёи дигар табдил мешавад. Чизе ки роҳат мешавад онро ба даст овард ва табоҳаш сохт. Шояд ҳам ба тозиёнае табдил шавад, ки бо он мазлумонро бизананд ва ҳаққу хайрро вайрон созанд.
Мутаасифона бисёре аз мардум воқеияти нафсашонро намешиносанд. Ҷуз он касоне ки мавриди раҳмати Худованд қарор доранд. Инҳо шояд худашонро мӯъмин бидонанд, вале агар бо
воқеияти нафсашон ошно шаванд мефаҳманд, ки имон бар зиндагиашон ҳоким нест.
Мумкин аст худро озода бипиндоранд, вале дар воқеият аз озодӣ ва озодагӣ бебаҳраанд ва бардае беш нестанд. Онҳо абзорҳое дар дасти дигарон ҳастанд, ки аз онон барои таъмини хостаҳо ва манофеи худ истифода мекунанд. Асироне ҳастанд, ки дар ҳисорҳои тангу маҳдуде асир ҳастанд ва расонаҳою шабакаҳои иҷтимоӣ ононро зери фишор доранд.
2.Муҳосибаи нафс;
Вақте бо худамон хилват мекунем, аввалин коре, ки бояд анҷом диҳем ин аст, ки ба диққат нуқтаҳои заъф ва қуввати худро шиносоӣ кунем.
Бояд аз ростиҳо ва инҳирофҳои худ огоҳ шавем. Бояд ҳамаи инҳоро дар оинаи воқеият бибинем, на хурдтар ва на калонтар.
Азизон, шайтон намехоҳад, ки инсон ба чунин маърифате
бирасад. Шайтон намехоҳад, ки инсон рӯи оромишу осоишро бибинад. Шайтон фазои мубҳамро дӯст медорад. Аз ин рӯ, кӯшиш мекунад, ки инсонро аз воқеиятҳо дур кунад ва асири сарусадоҳои зиндагӣ намояд.
Баъд аз он ки инсон бояд худро шинохт, бояд ба муҳосибаи нафс бипардозад. Ин ҳамон чизе аст, ки Худованд инсонро ба он даъват карда аст:
“Эй касоне ки имон овардаед, аз Худо битарсед ва ҳар
инсоне бояд нигоҳ кунад (биандешад), ки барои фардояш чӣ коре анҷом додааст ва аз Худованд битарсед (тақвои Илоҳӣ пеша кунед), ҳамоно Худованд бар ҳамаи аъмолатон огоҳ аст. Ва монанди касоне набошед, ки Худоро фаромӯш карданд, пас Худо низ онҳоро ба фаромӯшӣ андохт”.
Дар ҳадис низ омада аст:
حاسبوا أنفسكم قبل أن تحاسَبوا، وزنوها قبل أن توزنوا،
وتجهّزوا للعرض الأكبر
“Нафси худро муҳосиба кунед, пеш аз ин, ки мавриди муҳосиба қарор гиред ва онро вазн кунед, пеш аз ин, ки вазн шавед ва барои саҳнаи бузурги қиёмат омода шавед”.
Боз дар ҳадис омада аст:
ليس منّا من لم يحاسب نفسه كلّ يوم، فإن عمل حسناً
استزاد الله منه، وإن عمل سيّئاً استغفر الله وتاب منه
“Касе ки ҳар рӯз худро муҳосиба накунад аз мо нест. Агар
амали хубе анҷом дода аст, аз Худованд афзунии онро бихоҳад ва агар амали баде анҷом дода аст, аз Худованд талаби бахшиш намояд ва ба сӯи Худованд бозгардад”.
Агар касе чунин накунад, мӯъмину мусулмон нест. Инсон чигуна метавонад мусулмону мӯъмин бошад, вале аз худаш бегона бошад. Вақте ки нафси худамонро шинохтем ва онро мавриди муҳосиба қарор додем, бояд ҷиҳоди бо нафс дошта бошем. Бояд душмани нафсамон бошем, то моро ба ҷаҳаннами бадиҳо, инҳирофот ва дӯзах наандозад. Дар ҳадис омада аст:
من عرف نفسه جاهدها
“Ҳар кас нафси худро шинохт, бояд бо он ҷиҳод намояд”.
مَن حاسَبَ نفسَهُ وقَفَ على عُیوبِهِ ، و أحاطَ
بذُنوبِهِ و اسْتَقالَ الذُّنوبَ ، وأصْلَحَ العُیوبَ
“Ҳаркас ба муҳосибаи нафси худ пардозад, ба айбҳояш огоҳ шавад ва ба гуноҳонаш пай бибарад ва гуноҳонро ҷуброн кунад ва айбҳоро
бартараф созад”. Яке аз душвортарини корҳо ин аст, ки инсон дар баробари нафси худ беистад. Ин ки инсон ба нафси худ бигӯяд: дар муҳаббати Худованд дурӯғ магӯй!. Дар муҳаббати Пайғамбари Худо
(с) дурӯғ магӯй!. Дар муҳаббати Имомон (а) дурӯғ магӯй!. Дар дурустии ангезаҳо ва покии ниятҳоят дурӯғ магӯй!. Иддао мекунӣ, ки фалон шахсро дӯст медорӣ, дар ҳоле ки дар воқеият ӯро дӯст намедорӣ. Ту худатро дӯст медорӣ. Ту аз ӯ барои таъмини хостаҳо ва расидан ба манофеи худат истифода мекунӣ. Ту дар суханони худ дурӯғ мегӯӣ!. Нақдҳои ту барои ислоҳгарӣ нест, балки барои ин аст, ки чизҳоеро алайҳи ӯ исбот кунӣ. Мехоҳӣ бо фалон ҷараён бошӣ, ё инки ин кори ту аз рӯи ҳасад аст, ё буғзу кина.
Вале огоҳон ин корро анҷом медиҳанд ва дар баробари нафси худ меистанд. Ҳамеша дар таъқиби нафси худашон ҳастанд:
قَدْ أَفْلَحَ مَنْ زَكَّاهَا * وَقَدْ خَابَ مَنْ دَسَّاهَا
“Ба таҳқиқ наҷот ёфтааст касе ки нафсашро поку покиза
гардонад. Ва ба таҳқиқ ноумед шудааст касе, ки нафсашро палид гардондааст”.
Пайғамбари Худо, ҳазрати Муҳаммади Мустафо (с) таъкид карда аст, ки ҷиҳоди бо нафс, ҷиҳоди акбар аст.
جهاد النفس مهر الجنّة
“Ҷиҳоди бо нафс, маҳрияи расидан ба биҳишт аст”.
Пас бояд рӯ ба Худованд биоварем, то моро дар баробари нафсамон ёрӣ кунад:
“Худоё, моро дар баробари нафсамон ёрӣ кун, ҳамон тавре ки солеҳонро дар баробари нафсашон ёрӣ расондаӣ, эй меҳрубонтарини
меҳрубонон!”. http://www.bayynattj.com/index.php/1-92/1-107/1440-хутбаи-ҷумъаи-07-07-2017
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2