Гамбускҳо дар арзҳои мӯътадил дар як сол як бор, баъзан якчанд маротиба насл медиҳанд (мас., какана ва баъзе баргхуракқо). Вобаста ба тарзи ҳаёт Гамбускҳоро ба фитофагҳо (алафхӯр), сапрофагҳо (пӯсидахӯр) ва ҳашаротхӯрҳо чудо мекунанд. Гамбускҳои алафхӯр аз 2 гурӯҳ иборатанд: филлофагҳо, ки қисми сабзи растаниро мехӯранд (мас., аксари Гамбускҳои баргхӯр, баъзе Гамбускҳои нӯлдароз ва ғайраҳо.) ва Гамбускҳое, ки кирминаи онҳо дар дохили бофтаи алаф ва дарахт умр мегузаронанд (маc., кирминаи аксари Гамбускҳои нӯлдароз, ғаллахур ва ғайраҳо.). Миқдори зиёди Гамбускҳо дар чӯби пӯсида инкишоф ёфта, минбаъд чун сапрофагҳо зиндагӣ мекунанд (аксари Гамбускҳои чӯбу пӯстлоххӯр ва ғ.). Сапрофагҳо аз 4 гурӯҳ иборатанд; Гамбускҳое, ки боқимондаи растаниро мехӯранд (аксари Гамбускҳои сиёҳак, кирминаи Гамбускҳои мӯйлаббелча ва г.); копрофагҳо, ки наҷосат мехӯранд (мас., саргингелон); некрофагҳо, ки лоша ва боқимондаи ҳайвонро мехӯранд (мас., лошахӯрҳо ва пӯстхӯрҳо); Гамбускҳое, ки ҳашарот, кирм ва ғ. мехӯранд (мас., визвизакҳо, стафилииҳо ва ғ.). Шароити зисти Гамбускҳо вобаста ба даври инкишофи онҳо ҳархела аст. Даври кирминаи гамбуски саврӣ дар хок, даври имаго дар гул ё барг мегузарад. Паразитизм дар байни Гамбускҳо хеле кам аст. Баъзе Гамбускҳо дар даври имаго дар ҳайвонҳои мӯҳрадор ҳаёти нимпаразитй мегузаронанд (маc., кайки қундуз, баъзе стафилинҳои хояндаҳо ва г.); кирминаи баъзе Гамбускҳо дар суворак, занбӯр, кирминаи баъзе визвизакҳо дар зочаи Гамбускҳои дигар ва ғ. паразитӣ мекунанд. Дар олам тақрибан 140 оила (дар фаунаи собиқ СССР 108 оила) ва зиёда аз 300 ҳаз. (дар фаунаи собиқ СССР 25ҳаз., дар фаунаи Тоҷикистон тақрибан 1,4 ҳаз.) намуди Гамбускҳо маълум аст. Гамбускҳо дар рӯи замин (ғайр аз арзҳои Арктика ва Антарктида) хусусан дар тропика хеле бисёранд. Аз Гамбускҳои Тоҷикистон танҳо баъзе намудҳои ба боғу зироати хоҷагии қишлоқ зараррасон омӯхта шудаанд. Гамбускҳои фоиданок хам бисьёранд (мас., каканаҳои ширинча ва зиреҳакхӯр, визвизакҳои калони сурхбадани кирм ва кирминахӯр). Гамбускҳои саргингелон, лошахӯр ва ғ. қисмҳои ба замин афтида, боқимондаи растанию ҳайвонотро мехӯранд ва дар табиат роли санитарӣ мебозанд. Аз баъзе намудҳои Гамбускҳо дору (мас., аз кантарадин) тайёр мекунанд. Гамбускҳоро асосан паррандаю хазандаҳо, обхокиҳои ҳашаротхур ва ғайраҳо мехӯранд.
Бар зидди гамбусакӣ колорадои бо роҳҳои зерин мубориза бурдан мумкин аст: замини кишти кадуро доимо аз назар гузаронида дар ҳолати пайдо шудани гамбусакӣ колорадои онҳоро дастӣ ҷамоварӣ намуда, дар зарфҳое, ки ба онҳо керосин ё маҳлули баланди намаки ошӣ дорад, илова кардан лозим аст. Азназаргузаронии қисмҳои поёнии баргҳо бо мақсади нест кардани тухмҳои гамбусак зарур аст.
Кирми ғӯза
Аз препаратҳои кимиёвӣ бошад, бар зидди тортанаккана, гамбусакӣ колорадои ва кирми ғӯза препарати детсисро ба миқдори 0,25-0,5 л/га истифода бурдан мумкин аст. Дар шароити истифодабарии ин заҳрдору дар заминҳои хурд 2,5 мл дар 10 л об ҳал намуда, истифода бурдан зарур аст. Ин заҳрдоруро 30 рӯз пеш аз пухтани ҳосил истифода бурдан лозим аст.
Ин препаратро дар давраи нашъунамо як маротиба истифода бурдан мумкин аст.
Гусоласарак
Бар зидди гусоласарак воситаҳои фиребро (приманка) истифода бурдан лозим. 20 мл Талстаро дар 5л об ҳал намуда, онро ба 80кг кунҷора пошида, нағз омехта мекунанд. Доми фиребро дар хок пошида онро зери хок мекунанд.
Сафедболак
Бар зидди сафедболак ва ширинча бошад заҳрдоруи Талстарро 1,2-2,4 л\га (2 мл дар 10л об) ё препарати Конфидорро ба миқдори 2 л\га (2мл дар 10 л об) истифода бурдан мумкин аст. Заҳрхимикатҳоро 30 руз пеш то пухта расидани ҳосил истифода мебаранд. Ҳангоми истифодабарии як заҳрхимикат ҳашаротҳо ба он мутобиқат пайдо мекунанд, бинобар ин сабаб деҳқонон ҳангоми истифодабарии заҳрхимикатҳо онҳоро бояд иваз кунанд. Заҳрхимикатҳоро 30 рӯз пеш то пухта расидани ҳосил истифода мебаранд.
Барои мубориза ба муқобили тортанакканаҳо дараҷаи зараррасонии онҳоро маълум намудем, ки ин мавҷуд будани аз 20 то 25 дона ҳашароти болиғ дар як барг иборат аст. Агар миқдорӣ ҳашаротҳои фоидаовар аз 200 то 250 дона бошад, он гоҳ аз коркарди химияви худдори мекунанд.
Аз энтомофагҳое, ки тортанакканаро нест мекунанд, махсусан трипси канахурак, кирмакҳои тиллочашмак, стеторус аҳамияти муҳим доранд, ки онҳо дар як шабонаруз то 70-150 дона тортанаккана ва тухми онро нобуд мекунанд.
Олами тортанакканаро ва умуман канаҳоро, ки ба синфи тортанакшаклон, типи бугумпойҳо дохил мешаванд, илми акарология меомузад.
Мубориза зидди касалиҳо.
Каду ба касалиҳои мозайка, пӯсиши реша, антракноз, шабнами ордак (мучнистая роса) ва переноспороз (ложная мучнистая роса) гирифтор мешавад.
Муборизаи зидди касалиҳо иборат аст аз: ҷорӣ кардани киштгардони дуруст, безарар гардонии тухмӣ пеш аз кишт ва истифодабарии навъҳо ва дурагаҳои устувор.
Аз заҳрхимикатҳо бошад бо пайдо шудани нишонаҳои касалии замбуруғи истифодабарии РИДОМИЛ ГОЛД МЦ ВДГ ва ХОМ 2,5 кг/га (40грам/10литр об) Курзат Р 2 кг/га (30грам/10 литр об) тавсия медиҳанд. Иваз намудани заҳрхимикатҳо ҳангоми истифодабари ҳатми буда деҳқонон бояд ин амалро ҳатман иҷро намоянд.
Бар зидди ин касалиҳо бо роҳҳои зерин мубориза бурдан мумкин аст: истифодабарии тухмиҳои хушсифати бар зидди ин касалиҳо тобовар, бар зидди касалиҳои бактериявӣ ва замбӯруғӣ бояд, ки пеш аз кишт тухми заҳролуд карда шавад. Барои безараргардонӣ, мо маҳлӯли 1% — и перманганати калийро (маргансовка 1 г ба 1 л об) истифода бурда метавонем. Дар маҳлули тайёркардашудаи перманганати калий, тӯхмиро 30 дақиқа тар карда ва баъд дар оби соф шустан лозим.
Маҳлул бар зидди касалиҳо ва зараррасонҳои растаниҳо:
Барои тайёр намудани ин дар 10 литр об бояд 2 кг хокистари нағз майда кардашуда ҳал карда шуда, инчунин ба он ҳамроҳ намудани 100–150 грамм хушкаи тамокуи носӣ, ё ин ки 10 дона тамокуи дудӣ (папирос), як-ду дона сирпиёз (чеснок)-и майдакардашуда, як-ду дона қаламфури майда карда шуда ҳамроҳ кардан лозим аст. Ин маҳлули кориро бояд дар муддати 3–4 рўз дар соя нигоҳ дошт. Баъд аз ин онро аз дока гузаронида, ба он дар рўзи истифодабарӣ пеш аз ба растаниҳо пошидан ба миқдори 100–150 грамм селитраи аммиакӣ (аммиачная селитра), 50–70 грамм хлориди калий, 70-100 грамм суперфосфат ва 20–30 грамм собун ё ин ки айна ҳамроҳ карда, нағз маҳлул намудан лозим аст.
Аз сабаби оне, ки дар таркиби ин маҳлул аз қабили моддаҳои органикӣ ба шакли фитонсидҳо, эфирҳо, ишқорҳо ва ғайраҳо мавҷуданд, онҳо дар якҷоягӣ бо заҳрҳои химиявӣ метавонанд барои нест сохтани замбурғҳо ва дигар микроорганизмҳои зараррасоне, ки дар баргу пояи растанӣ зиндагӣ мекунанд кўмак расонад. Аз тарафи дигар дар таркиби ин маҳлул мавҷуд будани моддаҳои ғизоии барои растаниҳо зарур, ба мисли нитроген, фосфор ва калий барои растаниҳо аҳамияти калон доранд.
Инчунин пеш аз истифодабарии ин маҳлул барои фоиданок гаштанаш ба он ҳамроҳ намудани 10–15 грамм аз қабили заҳрҳои таъсирашон системагӣ, ба монанди нурелл-де, десис, фюре, би-58, рогор, сумисидин барои нест сохтани ҳашаротҳои хоянда ва маканда низ аҳамияти калон дорад. Дар ин маҳлул инчунин метавон дар рўзи истифодабарии ин маҳлул, заҳрҳои кимиёвиро аз қабили арсерид, ридомил, купрозан, синеб ва ғайраро бо сарфи 20–30 грамм ба муқобили касалиҳои замбурўғии пиёз, помидор, картошка, зироатҳои полизӣ ва дигар сабзавотҳо истифода намуд.
Сарфи маҳлули корӣ дар як сотихи замин 6 литр ва дар як гектар 600 литрро ташкил медиҳад. Ин маҳлулро бегоҳӣ баъди ғуруби офтоб, соатҳои 18–20-и вақти маҳалӣ пошидан зарур аст. Ин маҳлули тайёркардашударо деҳқонон метавонанд, ки бо ёрии дорупошакҳои дастӣ ё ин ки бо ҷоруб (агар қитъаи замин он қадар калон набошад) ба растаниҳо пошанд. Дар вақти истифодабарии дорупошакҳо маҳлулро боз як бори дигар бо ёрии дока тоза намудан лозим аст.
Чизи дигаре, ки хело муҳим мебошад ин се- чор маротиба пошидани маҳлули корӣ ба растаниҳо мебошад. Коркарди якуми ниҳолҳоро дар вақте, ки растаниҳо 2–3 барги ҳақиқӣ пайдо менамоянд, бояд гузаронида шавад. Ба кучатҳои зироатҳо бошад баъди 10-15 рўзи ба замин гузаронидани ниҳолҳо тавсия карда мешавад. Коркарди дуюми растаниҳоро бо ин маҳлул баъди 10 –12 рўзи коркарди якум гузаронидан лозим аст. Коркарди сеюму чорумро боз баъди 10–12 рўзи фосилаи вақт аз ҳамдигар гузаронидан лозим аст. Ин маҳлул аз тарафи худи деҳқонон бо харҷи кам ба даст оврдаанд.
Обмонӣ. Каду зироати ба намӣ серталаб аст. Бинобар ин, ба кадузор дар давраи нашъунамои растаниҳо 5-6 маротиба об мондан зарур аст.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2
•Гулов С. М., Мевапарварӣ, Д., 2007; ҳамон муал., Меваҳои гармидӯсти Тоҷикистон, Д., 2008;
•Ӯрунов Ф., Ниҳолпарварӣ, Д., 2008;
•Гулов. С. М. (ва дигарон), Бунёди боғ ва нигоҳубини он дар Тоҷикистон, Д., 2010.
Адабиёт
•Болдырева Е.П., мсх Тадж ССР.- Душанбе, 1974.
•Линдт И.И. Биология обыкновенного паутинного клеща в Таджикистане. – Душанбе, 1974.
•Мухиддинов М. Характеристика сообщества членистоногих хлопкового поля. - Душанбе, 1992.
•Нарзикулов М.Н. Хлопковые тли и меры борьбы с ними. – Душанбе, 1980.
Иқлими ноҳияи Файзобод
Релефаш кӯҳист. Қисми шимоли ғарбиро нишебиҳон ҷанубу шарқии қаторкӯҳи Қаротегин (баландиаш то 300 — 3500 метр) ва қисми ҷануби шарқиро Сурхкӯҳ (2500 — 3000 метр) ишғол кардаанд. Дар байни ин кӯҳҳо ҷамоатҳои деҳоти Қалъаидашт, Мискинобод (баландиаш аз сатҳи баҳр 1100—1700 метр) воқеъ гаштаанд. Дар ноҳия чашмаҳои обашон аз пайвастагиҳои химиявӣ бой (Файзобод, Қӯруғ) мавҷуданд. Оби чашмаи деҳаи Меҳробод (номи пештарааш Гумбулоқ) ҳ...ЕщёАдабиёт
•Гулов С. М., Мевапарварӣ, Д., 2007; ҳамон муал., Меваҳои гармидӯсти Тоҷикистон, Д., 2008;
•Ӯрунов Ф., Ниҳолпарварӣ, Д., 2008;
•Гулов. С. М. (ва дигарон), Бунёди боғ ва нигоҳубини он дар Тоҷикистон, Д., 2010.
Адабиёт
•Болдырева Е.П., мсх Тадж ССР.- Душанбе, 1974.
•Линдт И.И. Биология обыкновенного паутинного клеща в Таджикистане. – Душанбе, 1974.
•Мухиддинов М. Характеристика сообщества членистоногих хлопкового поля. - Душанбе, 1992.
•Нарзикулов М.Н. Хлопковые тли и меры борьбы с ними. – Душанбе, 1980.
Иқлими ноҳияи Файзобод
Релефаш кӯҳист. Қисми шимоли ғарбиро нишебиҳон ҷанубу шарқии қаторкӯҳи Қаротегин (баландиаш то 300 — 3500 метр) ва қисми ҷануби шарқиро Сурхкӯҳ (2500 — 3000 метр) ишғол кардаанд. Дар байни ин кӯҳҳо ҷамоатҳои деҳоти Қалъаидашт, Мискинобод (баландиаш аз сатҳи баҳр 1100—1700 метр) воқеъ гаштаанд. Дар ноҳия чашмаҳои обашон аз пайвастагиҳои химиявӣ бой (Файзобод, Қӯруғ) мавҷуданд. Оби чашмаи деҳаи Меҳробод (номи пештарааш Гумбулоқ) ҳамчун оби минералии нӯшокии «Файзобод» машҳур аст. Иқлими ноҳия вобаста ба баландӣ тағйир меёбад. Сардии ҳаво зимистон (феврал) 20° — 26° буда, тобистон 33° — 38° (июл) гарм аст.
Ҳудуди ноҳия дар ҳавзаи болооби дарёи Элок (шохоби чапи Кофарниҳон) ва соҳили рости дарёи Вахшу обанбори Норак, бо сарзамине 874,11 км² дар водии Рашт ҷой гирифта аст. Дар шимол ва ғарб бо ноҳияи Ваҳдат, дар шарқ — бо ноҳияи Роғун, дар ҷануб — бо ноҳияҳои Норак ва Балҷувони вилояти Хатлон ҳаммарз аст.