Физика
1. Ҷисми массааш 200 кг бо шитоби
20см/с2 ҳаракат мекунад. Қувваи ба
ҷисм ин гуна шитоб бахшандаро аз
рӯйи милинютон муайян кунед! A. 0,4 мН B. 4000 мН C. 400 мН D. 40000
мН E. 4 мН
2. Бори вазнаш 100 Н бо қувваи F дар
мувозиннат аст. Модули F – ро ёбед,
агар китфи якум 20 см ва китфи дуюм
50 см бошад. A. 30 Н B. 10 Н C. 20 Н D. 0,1 Н E. 40 Н
3. Суръати миёнаи квадратии
ҳаракати молекулаҳои гази масааш 3
кг таҳти фишори 20 кПа ба 710 м/с
баробар аст. Ҳаҷми газро муайян
кунед! A. 25м3 B. 75м3 C. 125м3 D. 45м3 E.
15м3
4. Бо 2 маротиба зиёд шудани
ҳарорати гази якатома, энергияи
миёнаи кинетикии молекулаҳои он
чӣ тавр тағйир меёбед? A. 2 маротиба зиёд B. 4 маротиба зиёд
C. 4 маротиба кам D. 2 мраротиба кам
E. тағйир намеёбад
5. Ҳавои ҳаҷмаш 2м3 таҳти фишори
100 Па ва ҳарорати 27 ℃ ба моеъи
зичиаш 0,86∙103кг/м3 табдил доданд. Ҳаҷми моеъи ҳосилшударо муайян
кунед!
A. 3,97 см3 B. 4,2 см3 C. 5 см3 D. 2,3 см3
E. 1,6 см3
6. Ноқили мисини дарозиаш 4 м ба
шабакаи шиддаташ 12 В ва ҷараёни 0,25 А пайваст шудааст. Масоҳати
буриши ноқилро муайян кунед, агар
муқовимати хоси он ба 17∙ 10-8 Ом∙м
баробар бошад.
A. 140 мм2 B. 14 мм2 C. 14,5 мм2 D. 148
мм2 E. 1,4 мм2 7. Энергияи пурраи раққосаки
пружинӣ ба 16 Ҷ баробар аст.
Амплитудаи лаппишро ёбед, агар
ҳангоми ба 1 см ёзонидани он қувваи
баргардонанда ба 2 Н баробар
бошад. A. 0,4 м B. 0,2 м C. 0,3 м D. 0,5 м E. 0,1 м
8. Кунҷи ҳудудҳои инъикоси пура
барои спирт ба 470 баробар аст.
Нишондиҳандаи шикасти спиртро
муайян кунед!
A. 1,45 B. 1,33 C. 1,60 D. 1,36 E. 1,80 9. Бемори массаш 60 кг – ро ба
дохили ванна, ки бо оби ҳарораташ
45 ℃ пур шудааст, ҷойгир намуданд.
Агар ҳарорати бадани бемор 36,6 ℃
пас аз мубодилаи гармӣ ҳарорати
дар ванна муқарраршударо ёбед. Массаи об 100 кг ( Соб = 4500 Ҷ/кгК,
Содам = 3,35 ∙ 103 Ҷ/ кгК)
A. 30,6 ℃ B. 29,6 ℃ C. 31,6 ℃ D. 38 ℃ E.
39,6 ℃
10. Дар ренгеннография кадом шуоҳо
истифода бурда мешаванд? A. инфрасурх B. ултрабунфш C.
рентгенӣ D. кайҳонӣ E. β-шуоҳо
Саволҳое, ки ҷавобашон махфӣ аст
1. Асбобе, ки заряднокии ҷиcмро чен
мекунад, чӣ ном дорад?
2. Формулаи қонуни Кулонро нависед!
3. Агар дар таҳти фишори 200 кПа
ҳарорати газ ба 240 К баробар
бошад, он гоҳ газ бо зиёдшавии
ҳарорат, ки 300 К мебошад, фишор
чӣ миқдор меафзояд? 4. Басомади гардиши винти ҳавоии
самолёт 1500 гардиш/дақ аст.
Ҳангоми 180 км/ст будани суръати
самолёт, винти он дар масофаи 90 км
чанд маротиба гардиш мекунад?
5. Қувваи 60 Н ба ҷисм шитоби 0,8 м/ с2 бахшид. Ба ин ҷисм чӣ гуна қувва
шитоби 2 м/с2 мебахшад?
Математика
Ифодаро содда кунед!
1 – cos2α
2. Ҳисоб кунед! ∛(5√5) ∙ ∛(5√5)
3. Муодиларо ҳал кунед!
(5,3 х+х)/(0,9х+4х) = 2
4. Агар периметри квадрат ба 40 см
баробар бошад, масоҳати онро ёбед!
5. Ҳисоб кунед! (129/10 - 11/15) : 1/6 + 9
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев