❤___Рўзе ки ҳеҷ ёр набинӣ ту дар барат.
❤___Рўзе, ки ҳеҷ шарфа набошад паси дарат,
❤___Бо ишқи сабзи хеш ба доди ту мерасам!
❤___Рўзе, ки ғам занад ба дилат панҷаи фишор,
❤___Рўзе, ки ёр ноз кунад, талху бешумор.
❤___Рўзе, ки аз таҳоҷуми ғам мекунӣ фирор,
❤___Бо ишқи сабзи хеш ба доди ту мерасам!
❤___Рўзе, ки чарх бо дилат ошўб мекунад,
❤___Рўзе, ки дард ҳоли ту нохуб мекунад.
❤___Рўзе, ки яъс ҷисми туро чуб мекунад,
❤___Бо ишқи сабзи хеш ба доди ту мерасам!
❤___Рўзе, ки ёр шикваи бисёр мекунад,
❤___Рўзе, ки чарх қасди ситамкор мекунад.
❤___Рўзе, ки ғам баҳори туро хор мекунад,
❤___Бо ишқи сабзи хеш ба доди ту мерасам!
❤___Рӯзе, ки дасти отифа кутоҳ мешавад,
❤___Рӯзе, ки саҳми синаи ту оҳ мешавад.
❤___Рӯзе мурури хотира ҷонкоҳ мешавад,
❤___Бо ишқи сабзи хеш ба доди ту мерасам!
❤___Вақте фазои хотира дилгир мешавад,
❤___Вақте набуданам ба дилат тир мешавад.
❤___Вақте нигоҳи ойина таҳқир мешавад,
❤___Бо ишқи сабзи хеш ба доди ту мерасам!
❤___Вақте дилат, чу хонаи андуҳу дард шуд,
❤___Вақте баҳор дар нигаҳат пучу зард шуд.
❤___Вақте танури зиндагият сарди сард шуд,
❤___Бо ишқи сабзи хеш ба доди ту мерасам!
❤___Бе ман ғамину хаставу бемор мешавӣ,
❤___Дар лобалои хотира афгор мешавӣ.
❤___Вақте, ки ошиқона ба ман зор мешавӣ,
❤___Бо ишқи сабзи хеш ба доди ту мерасам!
❤Муаллиф:❔❤
❤ФОСИЛА.❤
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1