- Барои писаре, ки дишаб хостгорӣ
омаданд, розӣ ҳастӣ?
Духтар:
-Бале, модар.
Модар:
- Ту ба осонӣ розӣ намешудӣ. Ба кадом сабаб
розӣ шудӣ?
Духтар:
- Ӯ калиди муқаддасе дорад.
Модар:
- Калиди мошин? Калиди қаср? Калиди
суратҳисоби бонкӣ?
Духтар:
- Ҳеҷ кадоми аз инҳо.
Модар:
- Пас, чӣ калидест, ки туро мафтун карду розӣ
шудӣ?
Духтар:
- Дар суҳбаташ аз имону имондорӣ ҳарф
мезад. Шахси имондори қавӣ, дар як рӯз ками
дар кам панҷ вақт намоз адо
мекунад. Магар намедонед, ки «Намоз, калиди
ҷаннат аст».
*** Оиладорӣ дар доираи Ислом хушбахтӣ
меорад, на молу мулки шуҳрат. Бисёр
молдорону шуҳратдорҳоро мебинем, ки ё дар0аввали оиладорӣ ва ё дар байн ё охири оиладорӣ ғамгин мегарданд. Ҳатто чунон
ғамгине, ки гӯё ҳаргиз шодие накардаанд. Ба мисоли:
- Худованд баракати ризқи оиларо дар
муҳаббати зану шавҳар пинҳон кардааст.
(маънои Ҳадис)
Дар кафи даст донаҳои бодом дорӣ. Бо таъби
болида ва ширин нуши ҷон кардан мегирӣ. Дар охир донаи талхе ба даҳон гузорӣ, чунин ҳис ҳукмфармоят мегадад.
Даҳонам талх шуд. Ҳаёт ҳам чунин аст. Дар пиронсолӣ талхие бубинӣ, пас мегӯӣ, ки умрам ба талхӣ гузашт.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 1