Барои ҳамин ӯ доимо мӯҳтоҷаст ба Худованде, ки ӯро ба некбахтии дунёву охират роҳ нишон медиҳад, барои сазовори некбахтй гаштан мо бояд дӯстдори Худову расулаш бошем, то Худованд дӯстдори мо бошад. Мо он вақт дӯстдори Худову расул мешавем, ки гуфтаҳояшонро бо ҷону дил қабул кунему дар амал татбиқ намоем. Инчунин мо бандагони Худованд бо ҳамдигар дӯстй ва рафоқат пайдо кунем, то ки Худои таъоло моро ба некбахътию саодатмандии дунёву охират муваффақ бигардонад. Барои ноил гаштан ба ҷаннату ризогии Худованд бояд имони худро мукаммал созем ва амалҳои нек бикунем, монанди намоз, рӯза, закоту ҳаҷ ва дигар амалҳои нек. Бо суханҳои хушку холй ба ин дараҷа расидан мумкин нест, монанди қавли баъзе шахсон, ки мегӯянд ба Худованд боварй дорам ё дилам рост аст. Мо бояд ростии диламонро дар зоҳир бо амалҳои нек мисли намозу рӯза ва дигар амалҳои нек ошкоро созем. Рӯзе як саҳобае ба Паёмбар алаҳаиссалом гуфтанд, ки эй паёмбари Худо барои ман дуъо бикунед, ки дар ҷаннат ҳамроҳи шумо бошам. Паёмбар гуфтанд: Аъинни ъало нафсика бикасратис сучуд" (ривояти Аҳмад, Табароии ва Байҳақи). Яъне, ту бисёр намоз бигзор, ман дар ҳаққи ту дуо мекунам, бо хости Худованд дар ҷаннат ҳамроҳ мешавем. Бародар ва ҳоҳари азиз, ин фоидаҳои намозро бубинед, ки инсонро ба кадом дараҷаҳо ва манзилҳои муқадцас насиб мегардонад, чй тавре ки Худованд мӯъминонро сифат карда мегӯяд: "Қад афлаҳал мӯъминун. Аллазина ҳум фи салотиҳим хошиъун"сураи Мӯъминин, ояти 1-2. Яъне, дар ҳақиқат наҷот ёфтанд мӯъминон: он мӯъминоне, ки намозашонро бо хушуъу тарс мегузоранд). Яъне мӯъминҳо бо сабаби намоз гузоштанашон аз азоби дӯзах наҷот меёбанд ва дар ҷаннати Худованд дохил мешаванд. Аз паёмбар алаҳиссалом ҳадисе ворид шудааст: Вақте ки Худованд ҷаннатро халқ карду дарахтҳояшро бо дасти хеш бишнонд, ба ҷаннат амр кард, ки сухан бигӯяд ҷаннат гуфто, ки (дар ҳақиқат мӯъминон наҷот ёфтаанд).
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2