(Идома аз мавзуъи гузашта)
ҳамду сано Худои ҷаҳону ҷаҳониёнро ,ки Паёмбараш Муҳаммад(с)-ро ба дину
ҳидояти ҳақ фиристод, то башариятро аз зулму ситам наҷот бидиҳад ва ба роҳи ҳақ ҳидоят намояд. Дуову дуруду салом бар равони паёмбаре, ки Худованд уро пешвою муаллиму доҳии башарият карор намуд, ҳамчунин дуову дуруд бар аҳли хонадони поккаш ва ёрони ҷоннисораш ва дустдорону пайравони боихлосаш то рузи Киёмат паёпай бод.
Аммо баъд: Намозҳои панҷгона ва вақтҳои он
Инак, шурӯъ мекунам аз баёни намозҳои панҷгона: 1. Намози бомдод, ки ду ракъат суннат ва ду ракъат фарз аст; 2. Намози пешин, ки чаҳор ракъат суннат, чаҳор ракъат фарз ва ду ракъат суннат аст; 3. Намози аср, ки чаҳор ракъат фарз аст; 4. Намози шом, ки се ракъат фарз ва ду ракъат суннат аст; 5. Намози хуфтан, ки чаҳор ракъат фарз, ду ракъат суннат ва се ракъат витри воҷиб аст.
Гуфт: Намози бомдод чӣ вақт хонда мешавад?
Гуфтам: Вақти намози бомдод аз ҳангоми тулӯи фаҷри содиқ аст то баромадани офтоб.Фаҷри содиқ, равшаниест, ки наздики субҳ аз тарафи машриқ намоён гардида ва тамоми уфуқро фаро мегирад.
Гуфт: Вақти намози пешин кадом аст? Гуфтам: Оғози намози пешин баъд аз заволи офтоб буда ва охири он вақтест, ки сояи ҳар чиз ба ду баробари худаш бирасад.
Гуфт: Вақти намози аср кадом аст? Гуфтам: Вақти намози аср аз ҳангоми поён ёфтани намози пешин аст то ғуруби офтоб.
Гуфт: Намози шомро кадом вақт бихонам?
Гуфтам: Вақти намози шом аз ғуруби офтоб аст то ғоиб шудани шафақ. Шафақ, сурхиест, ки пас аз ғуруби офтоб зоҳир мешавад.
Гуфт: Вақти намози хуфтан кадом аст? Гуфтам: Вақти намози хуфтан аз ғоиб шудани шафақ аст то ҳангоми субҳи содиқ.
Вузӯ
Гуфт: Чӣ гуна вориди намоз шавам? Гуфтам: Бидон, ки намозгузор бояд қабл аз намоз вузӯ бигирад.
Гуфт: Чӣ гуна вузӯ бигирам?
Гуфтам: Вузӯ ба ин сурат аст: 1. Бисмиллоҳир раҳмонир раҳим гуфта, ният мекунӣ, ки ин амалат барои итоат аз фармони илоҳист. 2. Дастҳоятро то банд се бор мешӯӣ. 3. Даҳонатро се бор мешӯӣ, ки яке аз онҳо ғарғара аст. 4. Се бор ба дохили бинӣ об кашида, онро мешӯӣ. 5. Рӯятро аз ҷое, ки мӯи сар рӯида то охири манаҳ ва аз нармии гӯши рост то нармии гӯши чап се бор мешӯӣ. Агар риши дурушт дошта бошӣ, онро хилол мекунӣ. 6. Сипас ибтидо дасти рост ва пас аз он дасти чапро, аз сари ангуштон то охири оринҷҳо се бор мешӯӣ. 7. Дастатро бо об тар карда, бар тамоми сар ва ҳамчунин гӯшҳо масҳ мекашӣ. 8. Аввал пои рост ва баъд аз он, пои чапро аз сари ангуштон то буҷулакҳо се бор мешӯӣ.
Шиканандаҳои вузӯ
Гуфт: Вузӯ бо кадом чизҳо мешиканад? Гуфтам: Чизҳои зерин вузӯро аз байн мебарад: 1. Ҳар он чи ки аз пешу паси инсон хориҷ мешавад (бавл ва ғоит); 2. Наҷосате, ки аз бадани инсон хориҷ шуда ва саялон менамояд (мисли рим ва хун); 3. Қай намудан (агар даҳонро пур кунад); 4. Хобидан; 5. Аз ҳуш рафтан; 6. Агар дар дохили намоз хандаи қаҳ‒қаҳа занад.
Ғусл
Гуфт: Шунидаам, ки гоҳе мусулмон бояд ғусл кунад. Бароям ғуслро тавзеҳ бидеҳ. Гуфтам: Ҳар гоҳ барои мусулмон чизҳои зерин пеш ояд, бояд ғусл бикунад: 1. Агар бо занаш амали ҷинсӣ кунад; 2. Агар эҳтилом бинад, яъне ҳар гоҳ аз хоб бедор шуда ва дар либосаш манӣ ва ё мазӣмушоҳида кунад ва ҳамчунин агар манӣ ба ҷаҳиш аз ӯ хориҷ шавад; 3. Ҳар гоҳ занон аз ҳолати ҳайз ва ё нифос берун оянд; Дар ин ҳолатҳои сегона ғусл кардан барои мусулмон фарз аст. Албатта инро ҳам бароят гуфта бошам, ки ғусл кардан дар рӯзҳои ҷумъа ва ё иди қурбон ва ё фитр суннат аст.
Гуфт: Ғусл чӣ гуна анҷом дода мешавад?
Гуфтам: Аввал асари наҷосатеро, ки дар баданат боқӣ мондааст дур сохта ва вузӯ мегирӣ, вале пойҳоятро намешӯӣ. Сипас се бор ба тамоми баданат об расонда ва онро мешӯӣ. Инро ҳам бидон, ки касоне, ки зулфҳои бофта доранд, кофист, ки танҳо ба бехи мӯйҳояшон об бирасонанд ва лозим нест зулфҳои худро боз карда ва мӯйҳояшонро тар намоянд. Аммо онҳое, ки мӯйҳояшон дароз, вале бофтанашуда аст, бояд мӯйҳояшонро тар кунанд.
Таяммум
Гуфт: Гоҳе чунин пеш меояд, ки инсон бемор гардида ва об расонидан ба баданаш барои вай зарарнок мегардад ва ё гоҳе низ чунин мешавад, ки ба андозае об ба ҳамроҳ дорад, ки агар бо он вузӯ ва ё ғусл гирад, барои ошомиданаш боқӣ намемонад. Дар чунин ҷойҳо бояд чӣ кор кунад?
Гуфтам: Дар чунин мавридҳое бояд ба ҷои вузӯ ё ғусл, таяммум кунад.
Гуфт: Таяммум чист?
Гуфтам: Таяммум ин аст, ки мусулмон ба ҷои об, бо ҳар чизи поке, ки аз замин аст, худро пок месозад.
Гуфт: Чӣ гуна бояд таяммум кард?
Гуфтам: Таяммумкунанда аввал барои анҷоми фармони илоҳӣ ва адои намоз ният карда, сипас ду дасташро бар рӯи ҳар чизи поке, ки аз замин аст зада ва бар рӯи худ масҳ мекашад. Сипас бори дуюм дастҳои худро бар он чизи пок зада ва ибтидо бар дасти росташ аз сари ангуштон то охири оринҷ бо дасти чап, сипас бар дасти чапаш бо дасти рост аз сари ангуштон то охири оринҷ масҳ мекашад.
Гуфт: Агар мабодо об пайдо карда монам, таяммумам аз байн меравад? Гуфтам: Оре, таяммум ба сабаби пайдо шудани об, ё тавон ёфтан барои истеъмоли он ва ё пеш омадани ҳар он чи вузӯро мешиканад, аз байн меравад.
Масҳ бар масҳӣ
Гуфт: Касоне, ки бар пойҳояшон мӯза ва ё масҳӣ мепӯшанд, онҳо дар вузӯ чӣ кор мекунанд? Оё дар ҳангоми вузӯ бояд мӯза ва ё масҳияшонро аз по бароварда онро бишӯянд?
Гуфтам...... дар мавзуъи оянд поссухашро хоҳам гуфт иншаа Аллоҳ
Давом дорад, бо мо бошед дустони азиз!

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 5