илтимос то охираш
хонед киссаи хуб аст! Мухаммад Хусайни
Багдоди (р) мефармоянд:- вакте аз бозори Макка рад
мешудам бар хасби тасодуф пирамардеро дидам, ки
дасти духтареро ба даст гирифта буд. Бо вучуде, ки он
духтар хело логару рангпарида буд, сураташ дорои
дурахшиши нурони буд. Он пирамард бо садои баланд
мегуфт:- касе хаст, ки харидори ин духтар бошад? касе
хаст, ки уро дуст бидорад? касе хаст, ки бештар аз бист
дирам ба унвони киматаш бипардозад, вале шат ин аст,
ки барои хеч як аз айбхояш маро мукассир (гунахкор)
карор надихад? Ман пеши он шайх (пир) рафтаму
гуфтам:- кимати он канизро, ки дарёфтам холо бигу, ки у
чи айбе дорад? у гуфт:- ин духтар девона аст, хар вакт
гамгин мемонад, тамоми шаб намоз мехонаду тамоми руз
руза мегирад. На гизо мехураду на обе менушад ва дар
хамачо танхоиро дуст дорад. Вакте ман ба суханонаш гуш
додам аз он духтар хело хушам омад. Лизо ман инро
харидаму ба махаллаи икоматам бурдам. Вакте ба у
нигох кардам, дидам, ки сарашро поин андохтааст. Каме
баъд сарашро аз зонуяш бардошту гуфт:- ай арбоби ман!
Ватани шумо дар кучост? худо бар шумо рахм кунад.
Ман гуфтам :- ватани ман дар Ирок аст. Гуфт:- дар
кадом кисмати Ирок? дар Басра ё дар Куфа? Ман
гуфтам:- на дар куфа на дар басра гуфт:- шумо пас аз
ахли Багдод хастед? гуфтам бале. Аз фарти хушхоли
фарёд зад:- бах-бах он, ки шахри обидон аст, он шахри
зохидон аст. Тааччуб кардам, канизе, аз хона ба хонае
мунтакил мешавад чи тавр дар бораи обидону зохидон
медонад? Ман ба манзури ин, ки масхарааш кунам аз у
суол кардам:- аз миёни он обидон ту чи касеро
мешиноси? гуфт:- Моллики Динорро, Башархониро, Солехи
мариро, Абухотами Сачистониро, Маъруфи Кархиро,
Мухаммад ибни Хусайни Багдодиро, Робияи Адвияро,
Шаъвонаи Обидаро ва маймунаро ( худо аз хамаи эшон
рози бод) мешиносам. пурсидам:- ту чи тавр аз ахволи
хамаи онхо бо хабар шуди? гуфт:- ай чавон! чи тавр дар
бораи онхо бо хабар нашавам? Ба худо инхо табибони
калб хастанд. Инхо касоне хастанд, ки ошикро рохе
нишон медиханд, ки ба маъшук мерасонд. Онгох ин
абётро хонд: Инхо касе хастанд, ки фикрашон
мутаваччехи худост ва эхтиёч надоранд ба касе дигар
фикр кунанд. Максудашон факат арбобу раисашон зоти
бениёзест. Бо онхо на дунё дармеовезаду на лаззоти
дуняви, на хушмазагии гизохову на мухаббати авлод
онхоро ба худ мекашад, на издиёти рузафзуни молу на
либоси хуб онхоро мутаваччехи худ месозад. Пас аз он
ман гуфтам:- ай духтар! Худ ман Мухаммади Ибни
Хусайни Багдоди хастам. Гуфт:- Ман аз худо мехостам,
ки чое шуморо бубинам. Он садои чазоби шумо чи шуд,
ки бо он калбхои мурдаи муридонро зинда мекардеду
чашмхои шунавандагонро рушантар месохтед? Ман
гуфтам:- то кунун бо он неъмат бархурдор хастам. Гуфт:-
туро худо, кисмате аз Куръони мачидро барои ман бихон.
Вакте ман " бисмил......"-ро хондам чиг заду аз хуш
рафт. Ман руяш як каме об пошидаму чун бар асари он
кадре холаш бехтар шуд, гуфт:- касе, ки ба махзи
шунидани исмаш ин кадр тахти таъсир карор мегирад
агар уро бишносад ва дар чаннат уро бубинад, чи холе
хохад дошт? Онгох гуфтам:- Аллох чаллашънаху бар
шумо рахм кунад, боз хам бихонед. Ман ин ояро хондам:
" оё онон, ки муртакиби аъмоли зишт ва табахкори
шуданд, гумон карданд рутбаи онхоро монанди касоне, ки
ба худо имон оварда ва накукор шуданд, карор медихем?
то дар марг ва зиндагони хам бо муъминон яксон
бошанд? ( харгиз чуниннест. хукми онхо андешаи бисёр
ботил ва чохилонаест!) (сураи ал-чосия, ояи 21). Вакте ин
ояро шунид гуфт:- Худоро шукр, ки ман хеч вакт на
дигареро парастидаму на бутеро бусидам. Дигар бихонед.
Худо бар шумо рахм кунад. Ман хондам"..... мо барои
кофирони ситамкор оташе мухайё сохтаем, ки шуълахои
он ( монанди хаймахои бузург) гирди онхо ихота кунад ва
агар ( шидати ташнаги) шарбати обе дархост кунанд, обе
монанди миси гудохтаи сузон ба онхо диханд, ки руйхоро
бисузонад ва он об бисёр бад шарбате ва ( он дузах
бисёр бад осмоишгохе хохад буд). ( сураи кахф, ояи 29) У
гуфт:- шумо бар калби худ холати яъсу навмедиро тори
фармудед калби хужатонро байни биму ричо корор
бидихед. Дигар бихонед. Аллох чалла шаънаху бар шумо
рахм кунад. Ман боз хам хондам. " он руз тоифае ( ки
ахли имонанд) рухсорашон ( чун субх) фурузон аст. Ва
хондану шодмонанд. (сураи абаса, оёти 38-39) Ва ин хам
хондам. " он руз рухсори тоифае аз шоди барафрухта ва
нуронист. Ва ба чашми калб чамоли хакро мушохида
мекунанд" (сураи киёмат, оёти 22-23) Бо шунидани он
гуфт:- ай вой ман чи кадр муштоки рузе хастам, ки бо У
(худо) мулокот мекунам ва у худашро ба маърази
тамошои дустонаш карор медихад. Боз хам бихонед,
худо ба шумо рахм оварад. Ман ин оётро тиловат
кардам. Мегарданд гирди эшон писарони човидон бо
кадаххо ва ибрикхову чоми шароби чори. Дарди сар
намекунанд аз ону на аз худ мераванд ( сураи вокеа оёти
18-19). Ба илова чанд оёти дигар то (сураи вокеа, оёти
20), яъне то поёни рукуъи аввали сураи вокеа хондам: ва
мева аз он чо ихтиёр кунанд ва гушти мург аз он чо
мехоханд ва хурони фарохчашм чун амсоли марворид дар
пардахо нигохдошта подош ба сабаби он, ки буданд
мекарданд. Намешунаванд дар он лагве ва асноди бад
кардани магар гуфтани салом-салом ва ёрони чониби
рост чи ёрони чониби рост дар зери сарди бехор ва
дарахти мурди бархам печида ва сояи
хамешакашидашудаву обе резон шудаву меваи бисёре на
гусасташаванда аст ва на манъшуда ва фаршхои
болбурдашуда, ки мо офаридем онхоро офаридани. Пас
гардонидемашон бокирахо шефтаи шавхари худ хамсинни
ёрони чониби рост. Онгох он духтар ба ман гуфт:- фикр
мекунам, ки шумо хам бо хурон номзади кардаед. Оё
барои пардохтани онхо махрияе фикр кардаед ё на ?
гуфтам:- ман, ки одами факире хастам. Худат бигу, ки
махрияи онхо чист? гуфт:- шабхо намози тахаччуд
хондан, рузхо руза гирифтану факирону мискинонро дуст
доштан. Онгох он каниз чанто байт хонд: ай касе, ки
хохишманди номзади бо хурони никобпуше хасти ва
бовучуди олимартаба будани онхо хостори онхо хасти.
Баланд шав , кохилиро харгиз ба худ рох надех. дар
баробари нафси худ чиход кун , онро ба сабр одат дех,
шабхо намози тахаччуд бихону рузхо руза бигир. Ин хаст
махрияи онхо агар харду чашми ту онхоро дар холе
бубинад, ки онхо ба суи ту мехрубонона таваччух кунанд
ва бо душизагони хамсин рох бираванд ва пистонхои
анормонанди аз синахои онхо намоён шавад ва
гарданбандхои дурахшон руи синахои барчастаи онхо бози
кунанд, он вакт хамаи зебу зиннати чахон ба назари ту
ночиз мегардад. Ин абётро хонду бехуш гардид . Вакте ба
руяш об пошидам то андозае ба хол омаду гуфт:- Ай худо
ту маро аз азоб хифз кун бидуни шак ман аз гунохое, ки
аз ман сар зада, эътироф мекунам ту каблан хам аз
хатову лагзишхои бешумори ман чашм пушиди. Ту хеле
мехрубону бахшанда хасти. Мардум дар бораи ман
назари хубе доранд. вале агар ту аз гуноххоям чашм
напуши ман бад тарин мардум хастам ва чорае чуз ин
надорам , ки аз афву бахшоиши ту умедвор бошам. Вакте
ин абётро тамом кард, дубора бехуш шуд. Вакте
наздикаш расидам фавт карда буд. Ман аз дар гузашти
у хело норохат шудам. Баъдан шудам то лавозими
тачхизу такфинашро тахия кунам. Вакте аз бозор бар
гаштам дидам часадаш кафанпушидаву ба он атр
астдуруст шуда баду руи кафанаш аз ду порчаи сабз ба
хати нур навишта шуда буд Ло илоха иллалоху
Мухаммадан Расуллулох. Ва дар сатри дуввум ин оя :
огох бошед, ки барои дустони худо тарсе набошаду на
эшон андухнок мешаванд ( сураи юнус, ояи 62) навишта
шуда буд. Бо кумаки дустон чанозаашро бардоштему ба
гуристон бурдем. Намози чанозаашро хондему дафнаш
кардем. Ман канори кабраш нишастаму сураи ёсин
хондам ва ба хучраам баргаштам , дар холе, ки ашк аз
чашмам саро зер мешуд ва дилам дар фирокаш сангин
буд. Вакте баргаштаму ду ракъат намоз хондаму ба хоб
рафтам. Дар хоб дидам , ки он духтар дар богчае хушбу
заъфарон, ки дар бихишт вокеъ буд, кадам мезанад дар
сурате , ки либосе аз абрешим ва зарбафт ба тан кафше
мурассаъ аз ёкути сурх ба по кардаву точе чавохир
нишон ба сар гузошта аст , баданаш буи хуши мушк ва
анбар медихад ва сураташ рушантар аз хуршеду мох аст.
Ман гуфтам ай духтар! сабр куну бигу, ки ин макоми
арчманд ба подоши чи амали хайр ба даст оварди?
гуфт:- ба подоши мехрабони бо факирону нодорон ва
касрати истигфору барканор сохтани чизхои
норохаткунанда аз рохи мусалмонон. Онгох се то байт
хонд: муборак аст касе , ки шабхо чашмхояш бедор
мемонад ва дар ишки арбобаш тамоми шабхо бо
изтиробу хаячон басар мебарад. Рузхо барои таксирхои
худ гиря мекунаду барои хатохяш нола сар медихад ва
шабхо танхои танхо дар намоз киём мекунад ва аз тарси
азоби худованди ситорагонро мешуморад дар сурате, ки
худо хофизу носираш мебошад.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев