Предыдущая публикация
(ғарибӣ)
Эй чӯҷаи парида боз о ба лонаи ман,
Эй болупардарида боз о ба лонаи ман.
Дар лонаҳои ғурбат нест донаҳои раҳмат,
Эй талху шӯрчашида боз о ба лонаи ман.
Дар ин замон надиди ту болу пар заданҳо,
Эй вақти хуш надида боз о ба лонаи ман.
Бе бӯи ту чи даркор ин боғу ин чаманзор,
Хушбӯи ношамида боз о ба лонаи ман.
Дар бешаҳои ғурбат гирдат пури шағол аст,
Эй оҳуи рамида боз о ба лонаи ман.
Ин чашми чори модар,он ҳоли зори модар,
Поён кунун расида,боз о ба лонаи ман.
Бахтовари Усмон.29.10.18.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев