Ама-лан вай кабати алоҳидае набуда, дар ҳама баландиҳои тах-минан то 100 км (азсатҳи Замин) омехтаи хеле ками озон (як молекулаи озон ва миллион молекулаи нитрогену окси-ген) мавҷуд аст, вале дар тропосфера қариб 10 % ва вобаста аз баландӣ тагйироти хеле хурди консентратсияи молеку-лаҳои озон мушоҳида мешавад. Инро аз расми 5 дидан мумкин аст. Дар стратосфера 90 %-и молекулаҳои озон (0з) ҷойгиранд. Яъне микдори бештари он дар баландиҳои аз 10 то 50 км ҷойгир буда, қимати максималиаш ба 18-26 км мувофиқ меояд (Рас. 6)-Тахмин мекунанд, ки микдори озони таркиби стратосфера 3300 млрд. т аст. Дар қиёси массаи атмосфера ин бузургий хеле хурд аст. Барои тасаввур кардани он агар ҳамаи озони атмосфераро дар фишори мукаррарии атмосферӣ (760 мл
сутуни симоб) ва ҳарорати 20°С дар сатҳи Замин мунтазам дейгиршуда ҳисоб кунем, он гоҳ гафсии қабати озон 2,5 - 3 см мешавад.
Микдори умумии озон аз рӯи ҳамин ғафсӣ ва бо воҳидҳои Добсон муайян карда мешавад. 1 воҳиди Добсон (в.Д.) пардаи озонест, ки гафсии 0,1 мм дорад. Масалан, гафсии 3 сантиметрии озон 300 в. Д. аст. Ҳудуди тағйирёбии озони минтақаҳои гуногуни Замин дар давоми сол, аз 120 то 760 в.Д» (17 маи соли 1958, ҷазираи Кергелани Фаронса) ва қимати миёнааш қариб 290 в. Д. аст (рас. 7)
Озони атмосфера ноустувор аст. Қимати миёнаи умри ' молекулаҳои озон қариб 1 сол аст, вале дар кабатҳои ба сатҳи Замин наздик то 60 шабонарӯз мешавад. Умри беш-тар ба молекулаҳои баландиҳои 15-25 км хос аст. Ба ҳисоби миёна дар ҳар сония қариб 100 т озон ба атому молеку-лаҳои оксиген ҷудо шуда, зери таъсири молекулаҳои атроф (М), зарраҳои баландэнергияи аз кайҳоноянда ё кванти рӯшноӣ (пу) молекулаҳои нави озон ҳосил мешаванд.
Бо вуҷуди микдоран кам буданаш, дар таҳвили энерги-яи Офтоб ин газ мавқеи муҳимтарин дорад, зеро дар ҳудуди 200-290 нм афканишоти ултрабунафцги офтобро амалан пурра фурӯ мебарад (максимуми фурӯбарӣ ба 255 нм муво-фик аст), ки 1,2 % - и энергияи то атмосфера расида аст. Ғайр аз ин дар баландиҳои 30-60 км га:м _иавии атмосфера натиҷаи фурӯбарии мавҷи дарозиаш 9,57 мкм аст, ки гар-диши атмосфера ва устувории иқлим ба он вобастагй дорад.
Нурҳои ултрабунафш аз ҷиҳати биологӣ хеле фаъоланд. Онҳо маҳвкунандаи намудҳои зиёди бактерияҳо буда, саба-би сиёҳшавӣ ва ҳатто сӯҳтани пӯсти одам мешаванд. Барои дар организм ҳосилшавии витамини Д кумак мекунанд, ки омили асосии пешгирии бемории рахити кӯдакон аст. Вале танҳо дозаи ками ин нурҳо фоиданок аст. Илова ба ин фақат мавҷҳое то сатҳи замин мерасанд, ки дарозии 290-320 нм доранд. Ҳангоми зиёдшавии сели нурҳои ултрабунафш аз нуқтаи назари биологӣ зарари бештар ба кислотаҳои нуклеинат мерасад, ки ташкилдиҳандаҳои муҳимтарини организми дилхоҳанд. Дар ҷараёни таҳаввулот орга-низмҳои биосфера ба мавҷҳои дарозиашон бештар аз 320 нм адаптатсия шудаанд, яъне сафеда ингуна мавҷҳоро ба осонӣ фурӯ мебарад ва дар натиҷа ба кислотаҳои нуклеинат осебе намерасад. Вале мавҷфурӯбарии системаҳои биологӣ дар соҳаи 240- 260 нм кам аст ва аз ин рӯ қобилияти ҳифзи кислотаҳои нуклеинатро надоранд. Аз ин рӯ тунукшавии қабати озонӣ, то сатҳи Замин расидани миқдори бештари нурҳои ултрабунафш ҳодисаи номатлубот аст. Иллатнок-шавии шабакияи чашми одаму ҳайвонот, бемориҳои пӯст, тағйироти хусусияти ирсии организмҳо ва ғайра номгӯи нопурраи таъсиротест, ки бо далелҳои эътимодноки илмӣ асос ёфтаанд.
Дар табдилу тавлиди такрории молекулаҳои озон ок-сидҳои нитроген, фулузоти вазнин (мис, оҳан), хлор, фтор, бром -саҳми асосӣ доранд. Дар мувозинати умумии озон газҳои нитроген, хлор, оксиген гидроген мавқеи катализа-тор доранд, яъне миқдори худи ин газҳо бетағйир мемонад ва аз ин рӯ зиёдшавии сунъй (атропогенӣ) - и онҳо сабаби вайроншавии бештари молекулаҳои озон мегардад.
Яънедар натиҷаи ниҳоӣ оксиди нитроген, оксиди гид-роген ва хлор боқй мемонанд, вале молекулаҳои озон (Оз) дар ҳама мавридҳо вайрон мешаванд.
Яке аз сабабҳои зиёдшавии антропогении газҳои ном-бурда истифодаи васеи хлорфторметанҳо (фреонҳо) мебо-шад, ки молекулаҳои ба атмосфера воридд^удаи онҳо дар баландиҳои 30 км ба хлор ва фтор ҷудо шуда, дар вайрон-шавии молекулаҳои озон иштирок мекунанд. Аз рӯи ҳисобҳои назариявӣ ҳар атоми хлори аз фреон ҷудошуда то 100 ҳазор молекулаҳои озонро вайрон мекунад. Дар тарки-би атмосфера мавҷудияти фреонҳо то сад сол эҳтимолнок аст. Ғайр аз ин, мувофики тадқиқи олимони Амрико, ҳар молекулаи фреон дар нигаҳдории гармй ва ба вуҷуд овар-дани «эффекти гармхона» нисбат ба молекулаи ангидриди карбон 20 ҳазор бор бештар саҳм мегузорад.
Мушоҳидаҳои бо ёрии ҳамсафарҳои маснӯи замин гу-заронидашуда нишон медиҳанд, ки ҳар сол дар давомияк моҳ (октябр) микдори озони атмосфера дар минтакаи Ан-тарктида ва қисми поёнии Амрикои Ҷанубй то 60% кам мешавад. Бо вуҷуди фосилаи зиёд давом накардани сурохии озонӣ иқлиму обу ҳавои сайёра тағйир меёбад. Гармшавии ғайримуқаррари атмосфера сабаби ноустуво-рии иклим, боду туфонхо мешавад.
Ҳайати байналхалкии олимон ҳангоми экспедитсияҳои илмй дар тайёраи бо асбобҳои зарурӣ ҷиҳозонидашуда |минтақаи Антарктидаро омӯхта, ба хулосае омаданд, ки нисбат ба соли 1959 микдори озон 40 % кам шудааст. Онҳо сабаби инро дар зиёдшавии микдори моддаҳои кимиёвие мебоинанд, ки ба таври сунъӣ ба атмосфера ворид шудаанд.
Барои барқарор кардани кабати озонии қутби ҷанубии сайёра гурӯҳи инглисии муҳофизони муҳити зист таҳти ун-вони «Ба озон ёрй диҳед» лоиҳае пешниҳод намудаанд. Му-| аллифони ин лоиҳа бовар доранд, ки озонаторҳои бо бате-рияҳои офтобӣ амалкунандаи садҳо кураҳои ҳавоии бо гидрогену гелий пуркардашуда ҳолати қабати озониро беҳтар мекунанд.
Тамоили камшавии озони таркиби атмосфераи сайёраи мо солҳои 70 - ум (махсусан моҳи октябри соли 1979 дар болои Антарктида якбора хеле камшавии микдори он ва то соли 1986 ҳар моҳи октябр такроршавй) ошкор шуда таърихи тулонӣ надорад. Дар саҳифаҳои адабиёти илмй -оммавй маълумотҳои аввалин дар ин бора ба олими инглис Фарман (соли 1985) мутааллиқ аст. Вале зарурияти дарки муҳимии масъала ҳоло дар ҳама мамлакатхои та-раққикарда ҳис карда мешавад. Дар сатҳи давлатӣ маҳдуд кардани миқцори парвози тайёраҳои баландсуръат, ис-теҳсоли фреонҳо, ба барномаҳои илмии байналмилалй до-хил намудани омӯзиши қабати озонӣ (барномаи атмосфе-раи миёна - МАП, Комитети тадқиқоти кайҳонӣ - КОС-ПАР, Ассотсиатсияи байналмилалии геомагнетизм ва аэ-рономия- МАГА, ташкилоти назди Созмони Милали Му-таҳид ЮНЕП ва гайра), гузаронидани машварату кон-фронсҳои байналмилалӣ аз дараҷаи муҳимии ҳалли масъа-ла шаҳодат медиҳанд.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев