Расулуллоҳ (С.А.В.) гуфтанд: Шаби
Меъроч, ба димоғам буи хуше расид
ва аз Ч,абраил пурсидам: Эй
Ч,абраил! Чи буи хушест, ки ба
машомам мерасад? У ч,авоб дод: Ин
буи хуши ороишгари духтари Фиръавн ва кудаконаш аст. Ман
пурсидам: Қиссааш чи гуна
гузаштааст? Ч,абраил гуфт: Ин зан
ороишгари духтари Фиръавн буд ва
у Исломро дар пинҳони қабул
намуд. Вақте, ки сари духтари Фиръавнро шона мезад, ногаҳон
шона ба замин афтод ва у зуд
шонаро аз замин бардошта, гуфт:
Бисмиллоҳ. Ин зани ороишгар панч,
фарзанд дошт ва фарзанди охираш
ширхора буд. Сипас духтари Фиръавн пурсид: Аллоҳ падари ман
аст? Хизматгор ч,авоб дод: На. Аллоҳ
Худои падарат, Худои худат ва Худои
ман аст. Духтари Фиръавн ғазаболуд
шуда ба назди падараш рафта гуфт:
Падар, ин зан ба ч,ои ту дигар Худоро ибодат мекунад. Фиръавн гуфт: Чи? у
ғайр аз ман дигар Худоро парастиш
мекунад? Гуфт: Уро ба назди ман
биёред ва уро оварданд. Фиръавн аз
у суол кард: Худои ту кист? Зан ч,авоб
дод. Худои ман Аллоҳ аст. Фиръавн пурсид: Кист Аллоҳ? Зан ч,авоб дод:
Аллоҳ, Худои ман ва Худои туст.
Фиръавн фармон дод, ки то зарфҳои
калонро биёранд ва дар дарунаш
равған доғ кунанд. Баъд аз ин
фармуд, то ҳамаи фарзандони уро ба ин маҳфил биёранд. Фиръавн гуфт:
Маро ибодат кун, ман Худои туям.
Зан ч,авоб дод: Ҳаргиз! Фиръавн
кудаки аввали уро гирифта ба
даруни зарфи равғани доғшуда
партофт. Дар назди зан устухонҳои писараш аз гушташ ч,удо шуд. Ва
боз писари дуюмашро оварданд, уро
ҳам сузонданд. Зан дар ақидааш
устувор истода буд. Баъд фарзанди
сеюм, баъд фарзанди чаҳорум. Дар
охир навбат ба фарзанди ширмакаш, ки дар дасташ буд
расид. Алакай зан тайёр буд, ки дар
назди ин одамон аз ақидааш
баргардад. Ногаҳон бо нидои Аллоҳ
аз осмон, кудак ба гап даромад.
Кудаки ширмак гуфт: Модарч,он сабр кун! Модарч,он сабр кун! Ҳаққо, ки ту
дар роҳи рост ҳасти! Аллоҳ ба ту
Ч,аннат ваъда додааст. Баъд кудаки
уро дар зарфи ч,ушон партофтанд ва
баъдан навбати зан фаро расид. Зан
медонист, ки уро низ ба зарф мепартоянд ва гиря кард. Фиръавн
пурсид: Барои чи гиря мекуни? Зан
ч,авоб дод: Ман ба он хотир гиря
кардам, намедонам ту хоҳиши маро
ич,ро мекуни ё на? Фиръавн гуфт:
Бигуй хоҳишатро. Зан гуфт: Баъди он ки маро ба зарфи ч,ушон меандози,
бо фарзандонам якч,оя бигурон, то
дар рузи қиёмат якч,оя бо
фарзандонам ҳашр шавем ва дар
Ч,аннат якч,оя бошем.
(teeth)(teeth)
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев