Массаи молекулавии нисбии сафедае, ки дар таркибаш 215 боқимондаи пролин, 315 боқимондаи аланин, 38 боқимондаи кислотаи аспарагинат ва 50 боқимондаи лизин дорад, муайян карда шавад.
Ҷавоб: 39820.
4. Аз 5 г сафедае, ки массаи молекулавии нисбиаш 170000 буда, дар тарки баш 118 боқимондаи кислотаи аспарагинат мавҷуд аст, чӣ кадар кислотаи аспарагинат ҳосил кардан мумкин аст?
Ҷавоб: 0,4581г.
5. Массаи молекулавии нисбии кислотаи рибонуклеиниеро (КРН), ки таркибаш аз 215 боқимондаи аденин, 150 боқимондаи гуанин, 310 боқимондаи тимин ва 375 боқимондаи ситозин иборат аст, ҳисоб кунед.
Ҷавоб: 336078.
6. Массаи молекулавии нисбии КРН 900000 аст. Агар дар таркиби он 438 боқимондаи ситозин мавҷуд бошад, ҳангоми ҳидролизи 18г КРН чӣ кадар ситозин ҳосил кардан мумкин аст?
Ҷавоб: 0,9742г ситозин.
7. Ба таркиби як занҷири молекулаи КДН 432 боқимондаи аденин, 878 боқимондаи гуанин, 243 боқимондаи тимин ва 920 боқимондаи ситозин дохил мешаванд. Миқдори асосҳои нитрогенӣ дар занҷири нисбат ба ин занҷир комплементарии молекулаи КДН ёфта шавад.
Ҷавоб: 432 тимин, 878 ситозин, 243 аденин ва 920 гуанин.
ку рохи халашро партоед химия зурхо
0 Аҷоиб!

Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев