мегузашт. Аз дур ба зане назар мекард,
ки машғули ширҷушии гове буд. Шайтон
наздик шуд ва банди гусолаи говро каме
кушод. Гусола кушиш намуд, ки аз банд
раҳо шавад ва муваффақ ҳам шуд.
Гусола суи гов давид ва сатили ширро
чаппа кард. Зан аз рехтани шир ба ғазаб
омад ва бо чубе ба сари гусола зад.
Гӯсола аз пой афтид. Гов низ гусолаашро
дар чунин ҳол дид ва занро лағаде зад.
Зан аз зарбаи пои гов ҷон бидод.
Падаршавҳари зан зарба задани говро
мебинад ва аз қаҳр бо милтиқаш говро
мепаронад. Шавҳари зан садои тирро
мешунавад ва силоҳашро гирифта
мебарояд. Дар дасти падар силоҳро
мебинаду ҳамсарашро беҷон. Мард дар
ғазаб мешавад ва ба суи падар тир холӣ
мекунад, падар ҳам беҷон мегардад.
Баъди лаҳзае мард ҳақиқатро дарк
мекунад ва худкушӣ мекунад. Шайтон
ҳамаи ин ҳодисаро аз дур тамошо
мекунад ва мегуяд: Ин фалокатро низ ба
ман бор мекунанд. Охир ман ба ҷуз каме
кушода кардани банди гусола, дигар чӣ
кор кардам? Баъзан нафароне чун амали
шайтон ҳаракат мекунанд ва боз даъво
мекунанд, ки охир ман коре накардам?!
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев