Аллоҳ Таъоло баъд аз оятҳое дар мавриди Рамазон мефармояд:
ﻭﺇﺫﺍ ﺳﺄﻟﻚ ﻋﺒﺎﺩﻱ ﻋﻨﻲ ﻓﺈﻧﻲ ﻗﺮﻳﺐ ﺃﺟﻴﺐ ﺩﻋﻮﺓ ﺍﻟﺪﺍﻉ ﺇﺫﺍ ﺩﻋﺎﻥ
«Ва ҳарвақто бандагонам аз ту дар бораи Ман пурсанд, пас (бигу) Ман наздик ҳастам ва дуъои дуъокунандаро иҷобат мекунам, вақто ки дуъо кунад».
(Сураи Бақара: ояти 186)
Расули Худо (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) мефармоянд:
ﺛﻼﺛﺔ ﻻ ﺗﺮﺩ ﺩﻋﻮﺗﻬﻢ : ﺍﻟﺼﺎﺋﻢ ﺣﺘﻰ ﻳﻔﻄﺮ، ﻭﺍﻹﻣﺎﻡ ﺍﻟﻌﺎﺩﻝ، ﻭﺩﻋﻮﺓ ﺍﻟﻤﻈﻠﻮﻡ ﺭﻭﺍﻩ ﺃﺣﻤﺪ .
"Се (гуруҳ) ҳастанд, ки дуъояшон рад карда намешавад:
Рузадор, то ҳангоме, ки ифтор мекунад.
Пешвои одил.
Дуъои мазлум".
(Ривояти имом Аҳмад)
Лаънати Худо барои касоне, ки рузаро беузр мехуранд ва руза сипарӣ мешаваду Аллоҳ Таъоло онҳоро мағфират намекунад:
Аз ибни Аббос (Р.а.) ривоят аст, ки Расули Худо (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) (рузе) болои минбар баромаданд, се маротиба омин гуфтанд ва сипас гуфтанд:
"Оё медонед, ки барои чи омин гуфтам?"
Саҳобагон гуфтанд:
Худо ва Расулаш донотар аст.
Паёмбар (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) гуфтанд:
"Ҷабраил назди ман омаду ба ман хабар дода гуфт:
Шахсе, ки дар назди у номи ту эй Муҳаммад, гирифта шавад, вале он шахс ба ту салавот нафиристад, пас дохили дузах шавад, Аллоҳ Таъоло уро (аз раҳматаш) дур кунад ва ҳалокаш кунад, гуфт омин бигу, пас ман омин гуфтам.
Ҷабраил (боз гуфт), шахсе падару модар ё якеашро дар ҳаёт дошта бошад, вале ба онҳо некӣ накунад ва дохили дузах шавад, Аллоҳ (чунин шахсро) аз (раҳматаш) дур созад ва ҳалокаш кунад, ба ман гуфт омин бигу, гуфтам омин.
Шахсе моҳи Рамазонро дарёбад, вале (амали солеҳ накунад, ки) Худо уро биёмурзад ва дохили дузах шавад, Аллоҳ Таъоло чунин шахсро (аз раҳматаш) дур созад, ба ман гуфт омин бигу, гуфтам омин".
Дар ин ҳадиси муборака ваъид ва сарзаниши сахте аст, ба се тоифа инсонҳо, ки яке аз онҳо касест, ки моҳи Рамазонро дарёбад, вале рузаи онро намегирад ва амали солеҳ намекунад ва Рамазон тамом мешаваду аммо он шахс ғарқи гуноҳ аст, Аллоҳ Таъоло уро аз раҳматаш бенасиб ва дур созад, чунин дуъои Ҷабраил (А.с.), Паёмбар (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) омин гуфтанд.
Пас бародар ва хоҳари исломӣ!
Худро гирифтори дуъои Паёмбар (Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) нагардону мавриди ғазаби Худо нашав!
Рузаи моҳи Рамазонро бигир, то гуноҳонат бахшида шаванд!
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев