АНЧОМ ДОД! Оиша (р.з) ривоят аст, ки
гуфт: «Расули Худо бо мо бо меҳрубонӣ ва
лутф рафтор мекард ва мо ҳам бо меҳрубонӣ
ва лутф бо ў рафтор мекардем, вале бо маҳзи
шунидани азон гўё на ў моро мешинохт ва на
мо ўро». (Яъне расули Худо он қадар бар вақти
намоз аҳамият медод, ки бо шунидани азон
ҳама корҳоро якҷой гузошта, бар намоз тайёрӣ
дида ба сўи масҷид равона мешуд). Инчунин аз
нуқтаҳои аҷиб ин аст, ки Иброҳим ибни
Маймунӣ Марвазӣ дар заргарии тилло ва нуқра
кор мекард. Ибни Муъин мегўяд: Вақте
чакушашро баланд мекард, агар садои
муаззинро мешунид ки азон мегуяд, чакушро
поин намеовард, балки онро бармегрдонид ва
бар замин мегузошт. (Яъне аз шунидани овози
муаззин ҳама корро яксў гузошта омодагӣ ба
намозро медид). 8- Бидон ки шаб ва рўзи
ҷумъа имтиёзот ва одобе доранд, ки онро бар
дигар рўзҳо ва шабҳо бартарӣ медиҳанд, аз
ҷумлаи онҳо иборатанд аз: - Ғуслу шустушўи
рўзи ҷумъа, баъзе аз олимон ва донишмандон
ғусли ин рўзро воҷиб мегўянд ва далели онҳо
ин ҳадиси расули Худо аст, ки мефармояд:
«Ғусли ҷумъа бар ҳар фарди болиғ ва
мукаллаф воҷиб аст». (Муттафақун алайҳӣ).
(Вале аксари олимон бар ин назаранд ки ғусли
рузи чумъа суннат аст). - Тамиз ва пок будан,
хушбўӣ кардан, мисвок истеъмол намудан,
кўтоҳ намудани нохунҳо ва либоси нав ё поку
тоза пўшидан. - Дуруд ва салавоти бисёр бар
расули Худо (салаллохи алайхи васаллам)
фиристодан, чигунае, ки расули Худо (с.в)
мефармояд: «Беҳтарини рўзҳои шумо рўзи
ҷумъа аст, пас барои ман бисёр дуруд
фиристед, зеро дурудатон бар ман пешкаш
мешавад». - Дар рўзи ҷумъа соате барои
ибодати дуо аст. Аз Абуҳурайра ривоят аст, ки
фармуданд: «Расули акрам рўзи ҷумъаро зикр
намуд ва фармуданд: Дар он (рўзи ҷумъа)
соате ҳаст, ки ҳар бандаи мусулмоне дар ин
соат дуо карда ва аз Худованд чизе хоҳад,
Худованд дуои ўро қабул мекунад» ва бо дасти
муборакашон ишора фармуданд, ки ин соат
хеле муддати маҳдуд ва каме аст, (яъне инсон
бояд барои дарёфти ин соат зиракӣ ва ҳушёрии
худро кор фармояд то ки аз ин вақт баҳраманд
шавад ва кўшиш кунад, ки ҳамаи ин рўзи
муборакро дар дуо ва талаб аз Худованд
гузаронад, то ин ки дуо ва талабаш ба ин вақти
қабули дуо баробар гардад). (Ва қавли роҷеҳ
дар ин соат охири рўзи ҷумъа, яъне баъд аз
аср то вақти шом мебошад, пас инсон кўшиш
кунад, ки ин муддати кўтоҳро, ки тақрибан ду
соат мешавад, беҳуда нагузаронад ва аз
Худованд талаби хоҳишоти худро намояд то ин
ки вақти қабули дуоро аз даст надиҳад.) - Аз
ҷумлаи ин одоб барвақт ва пиёда рафтан ба
масҷид аст, расули Худо мефармояд: «Касе ки
рўзи ҷумъа монанди ғусли ҷанобат ғусл намояд
ва баъд ба масҷид равад, монанди касе аст, ки
шутуре дар роҳи Худо қурбонӣ кардааст ва
касе, ки дар соати дуввум биравад, монанди ин
ки гове қурбонӣ кардааст ва касе дар соати
севум биравад, монанди ин ки гўсфанде
(қушқор) қурбонӣ кардааст ва касе, ки дар
соати чаҳорум равад, монанди ин ки мурғеро
дар роҳи Худо қурбонӣ кардааст, ва касе ки дар
соати панҷум равад, монанди инки тухми
мурғеро дар роҳи Худо қурбони, садақа ва
фидо кардааст ва вақте ки имом баромад то
бар минбар рафта хутба бихонад, фариштагон
ҳозир мешаванд то зикри Худо ва хутбаро гўш
диҳанд». (Муттафақун алайҳӣ). (Дар ин ҳадис
расули Худо тарғиб менамояд, ки инсон дар
имрўз ҳарчи барвақттар ба масҷид равад ҳамон
қадар савоби зиёд мегирад ва мисол овард, ки
касе барвақт равад савобу аҷри қурбонӣ ва
садақа кардани шутурро соҳиб мешавад ва
ҳаминхел бо тартиб. Ва тасаввур кунед, ки
вақте инсон барвақт рафт ва савоби қурбонии
шутурро ба даст овард бо ин савобу аҷраш ба
охир намерасад, балки вақте ў ба масҷид
мерасад ба зикри Худо ва Қуръон хондан
машғул мешавад, ки ин ба аҷри қурбонии шутур
изофа мешавад. Инчунин огоҳ бош, ки хондани
Қуръон чи қадар аҷру савоби зиёд дорад, ки
расули Худо дар ҳадиси дигаре фармудааст, ки
барои ҳар як ҳарфи аз Қуръон хондагӣ 10 савоб
мегирад ва мисол ҳам овардааст, ки фикр
накунед, ки «алиф лом мим» як ҳарф аст,
балки (алиф) як ҳарф, (лом) як ҳарф ва (мим)
як ҳарф аст, ки дар ҷумла ин се ҳарфро хондан
соҳиби 30 савоб мегардӣ. Пас тасаввур намо,
ки то вақти намози ҷумъа чанд саҳифа Қуръон
мехонӣ ва чӣ қадар аҷру савоб барои худ ҷамъ
менамоӣ, зиёда бар савоби қурбонии шутур ё
гов ё гўсфанд ва ғайра.) Аз Авс ибни Авс
ривоят аст, ки расули Худо ( салаллохи алайхи
васаллам ) фармуданд: «Касе, ки таҳорат
намуда ва бадани худро шустушў ва оббозӣ
намояд ва субҳи барвақт бархеста тайёрӣ
бинад ва савор нашуда (мошин ё маркаберо)
пиёда ба масҷид равад ва наздики имом
нишаста ба хутба гўш дода гап назанад, бо ҳар
як қадами бардоштааш (ба сўи масҷид) аҷру
подоши яксола рўза ва қиёми он (намози шаб
хондан) ба ў мерасад» (Абудовуд, Тирмизӣ,
Насоӣ ва ибни Моҷаҳ ривоят кардаанд). Қиём:
яъне шабро бо намозхонӣ гузарондан. Ва аз
ҷумлаи одоби рўзи ҷумъа сураи Каҳфро хондан
мебошад, чунонки расули Худо мефармояд:
«Касе, ки дар рўзи ҷумъа сураи Каҳфро
тиловат намояд, Худованд байни ин ҷумъа ва
ҷумъаи ояндаашро нуронӣ менамояд» (Ҳоким
ва Байҳақӣ ривоят кардаанд).
®™
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 4