Дур аз домони Модар ман муҳоҷир.
Басо пазмони рӯи қиблагоҳам,
Намедонам ба дарди хеш тадбир.
Дилам дар синаи тангам ҳамеша,
Ба ёди гӯшаи ҷонам хавотир.
Ватанро оварам ҳар лаҳза бар ёд,
Набошам лаҳзае болидахотир.
Ба дӯшам бори ғурбатҳои дунё,
Дар айёми ҷавонӣ гаштаам пир.
Ғариби шаҳри кас бошам Худоё,
Камони ғам зада бар синаам тир.
Ҷудо аз ёру пайвандони хешам,
Қазо бар пою дастам баста занҷир.
Худовандо, Худоӣ кун, Худоӣ,
Раҳо гардон маро аз доми тақдир.
Ба шаҳри кас дур аз домони Меҳан,
Намехоҳам расад умрам ба охир.
Аз ин танҳо буданҳо ман қимобам,
Надорам баҳри худ ёри мушовир.
Худоё, то ба кай дар шаҳри мардум,
Мусофирам, мусофирам, мусофир.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев