Предыдущая публикация
Гуфта будам мардуми инчо баданд
Диди охир сокаи чонат шикаст
Он азизат ахду паймонат шикаст
Диди эй дил дар чахон як ёр нест
Хечкас дар зиндаги гамхор нест
Ох! диди содаги чон додааст
Чои худро гил ба симон додааст
Диди охир харфи ман бечо набуд
Аз барои ишк инчо,чо набуд
Навбахори умрро диди чи шуд
Зиндагиро хеч фахмиди чи шуд??
Диди эй дил дустихо бевафост
Камтарин чизе ки меёби вафост
Диди ин гулхо хама пажмурдаанд
Рангхо дар дуду сармо мурдаанд
Оре эй дил! Зинда будан сода нест!
Байни одамхо яке дилдода нест
Бояд инчо аз худ эй дил гум шави
Окибат хамранги ин мардум шави...!
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 5
Гуфта будам мардуми инҷо баданд.
Дидӣ охир соқаи ҷонат шикаст,
Он азизат аҳду паймонат шикаст.
Дидӣ эй дил дар ҷахон як ёр нест,
Ҳеҷ кас дар зиндагӣ ғамхор нест.
Оҳ, дидӣ содагӣ ҷон додааст,
Ҷои худро гил ба симон додааст,
Дидӣ охир ҳарфи ман беҷо набуд,
Аз барои ишқ инҷо ҷо набуд.
Навбаҳори умрро дидӣ чи шуд
Зиндагиро ҳеҷ фахмидӣ чи шуд?
Дидӣ эй дил дӯстиҳо бевафост,
Камтарин чизе ки меёби вафост.
Дидӣ ин гулҳо ҳама пажмурдаанд,
Рангҳо дар дуду сармо мурдаанд.
Оре эй дил! Зинда будан сода нест!
Байни одамҳо яке дилдода нест
Бояд инҷо аз худ эй дил гум шавӣ,
Оқибат ҳамранги ин мардум шави!!!