куръон ва суннат
Ислом бар хар яке аз завчайн
хукук ва вазоифи мукарар
кардааст, ки адои он лозим ва
эхтимом бар он вочиб аст ва
дар адои ин хукук хар ду (зану
шавхар) баробар хам масулият
доранд, ба далели кавли
Худованд, ки фармудааст:
“ ﻭﻟﻬﻦ ﻣﺜﻞ ﺍﻟﺬﻱ ﻋﻠﻴﻬﻦّ ﺑﺎﻟﻤﻌﺮﻭﻑ”
Пас бар хар як аз зану шавхар
лозим аст бо дигари хушахлок
ва хушрафтор бошад ва дар
кирдору гуфтори худ нихоят
эхтироми хамсарашро муроот
кунад, зеро Худованди мутаол
мефармояд:
“ ﻭﻋﺎﺷﺮﻭﻫﻦّ ﺑﺎﻟﻤﻌﺮﻭﻑ”
(Бо хамсарони худ ба хубӣ ва
некӣ рафтор кунед).
Аммо хукуке, ки бар завчайн
аст ба шархи зер мебошад:
Аввал: хукуки шавхар бар зан:
мухимтарин хукуки шавхар, ки
бар зан аст итоат аз ӯст ва ба
чуз дар мавориде, ки
нофармонии Худованд ва
паёмбари ӯст, ӯро
фармонбардорӣ намояд,
Худованди мутаол мефармояд:
“ﻓﺎﻥ ﺍﻃﻌﻨﻜﻢ ﻓﻼﺗﺒﻐﻮﺍ ﻋﻠﻴﻬﻦ ﺳﺒﻴﻞ”
(Пас агар занон аз шумо итоат
карданд, пас бар сари онхо хеч
гуна рохи зулмро талаб
накунед), Ислом барои идомаи
масолехи ва ташкили хонавода
ва вафо бар он бар хар яке аз
завчайн хукук ва вочиботи
мукарару муайян сохтааст, зеро
шавхар сарпарасти хонавода
аст ва аз назари аклу сиёсат
комилтар аст ва дасти иродаву
кудрат бар дифоъ ва истодагӣ
ба масолехи хонаводаро
дорад, лизо бар зан вочиб аст,
ки аз шавхар итоат ба маъруф
бикунад ва дар умури харому
мунхиёт итоати касе хатто
волидайн чоиз нест, зеро ки
дар хадис омадааст
( ﻻﻃﺎ ﻋﺔ ﻓﻲ ﻣﻌﺼﻴﺔ ﺍﻧﻤﺎ ﺍﻟﻄﺎﻋﺔ ﻓﻲ
ﺍﻟﻤﻌﺮﻭﻑ)
дар хадиси дигар ин гуна
омада:
( ﻻ ﺗﻄﻊ ﺍﻟﻤﺮﺍﺓ ﺯﻭﺟﻬﺎ ﻓﻲ ﺯﻭﺟﻬﺎ)
ва ин тоат мабни бар эхтиром
ва эчоди як зиндагии хушгувор
дар хонавода ва вафои зан
барои шавхар дар мукобили
истодагии ӯ ба таколифи умури
хонавода мебошад, на ин ки
зан асири шавхар аст. Ва дигар
ин ки зан дар чихати посдорӣ
аз шарафи мард ва мухофизат
аз амволу авлод ва дигар умур
аз хеч талоше кутохи
нананмояд, зеро Худованд
мефармояд:
“ ﻓﺎﻟﺼّﺎﻟﺤﺎﺕ ﻗﺎﻧﺘﺎﺕ ﺣﺎﻓﻈﺎﺕ ﻟﻠﻐﻴﺐ ﺑﻤﺎ
ﺣﻔﻆ ﺍﻟﻠﻪ”
“Занони некукор онхоянд, ки
фармонбардори мутеи ӯ амри
Худованд ва дастуроти
шавхарони худ буда ва исрори
заношуиро нигах медоранд,
зеро ки Худованд ба хифзи
онхо дастур додааст”.
Ва паёмбари гиромии Ислом
мефармояд: “хаки шумо бар
занонатон он аст, ки ичоза
надиханд пои занон ва
мардоне, ки шумо дӯст
намедоред ба манзилатон боз
шавад” дигар ин ки зан бидуни
ичоза ва иттилои хамсар аз
манзил хорич нашавад ва
хангоме, ки аз манзил хорич
гардид сар ба зер ва бо викор
рох биравад ва аз калому
кирдори баду нораво пархез
намояд, аммо аз зане ки аз
нофармони шавхараш бошад
ибодаташ кабул намешавад.
Дар сахехи ибни Хузайма ва
ибни хаббон аз хадиси Ҷобир
омадааст:
“ ﺛﻼﺛﺔ ﻻ ﺗﻘﺒﻞ ﻟﻬﻢ ﺻﻼﺓ ﻭﻻﺗﺼﻌﺪ ﻟﻬﻢ
ﺍﻟﻲ ﺍﻟﺴّﻤﺎﺀ ﺣﺴﻨﺔ، ﺍﻟﻌﺒﺪ ﺍﻵﺑﻖ ﺣﺘﻲ
ﻳﺮﺟﻊ، ﻭﺍﻟﺴّﻜﺮﺍﻥ ﺣﺘﻲ ﻳﺼﺢ ﻭ ﺍﻟﻤﺮﺍﺓ
ﺍﻟﺴّﺎﺧﻄﺔ ﻋﻠﻴﻬﺎ ﺯﻭﺟﻬﺎ ﺣﺘﻲ ﻳﺮﺿﻲ”
“Се касеанд, ки намози эшон
кабул намешаванд ва хеч некӣ
аз онон ба осмон намеравад. 1.
Ғуломе, ки аз саиди худ гурехта
то ин ки бозгардад. 2. Масте ки
бо сабаби шароб хӯрдан ва
ғайри бехуш шудааст, то ин ки
солим бошад. 3. Зане ки
шавхараш аз ӯ норохат аст, то
ин ки розӣ шавад”.
Дуввум: хукуки зан бар шавхар,
хамчунон Ислом барои зан
хукук ва вочибот коил аст ва
барои рохату итминони ӯ
кафил шудааст, ки шавхар ба
адо кардани он мукуллаф аст
ва минчумла аз он хукук:
1. хусни муошират ст, ки
шавхар бо зан ба бехтарин
равиш бо ӯ рафтору зиндагӣ
намояд. Ва бо тундиву шиддат
бо ӯ рафтор накунад. Ва аз хеч
талоше барои икрому эхтиром
ӯ хар чи бештар кутохӣ
нанамояд, зеро Худованди
мутаъол мефармояд:
“ ﻭﻋﺎﺷﺮﻭﻫﻦّ ﺑﺎﻟﻤﻌﺮﻭﻑ”
“Бо хамсарони худ бо некиву
хубӣ рафтор кунед”, паёмбари
Худо дар ин робита
мефармояд:
“ ﺧﻴﺮﻛﻢ ﺧﻴﺮﻛﻢ ﻻﻫﻠﻪ”
“Бехтарини шумо касе аст, ки
бо ахли худ хубтар бошад”. Ва
дар хадиси дигар мефармояд:
“ ﺍﻛﻤﻞ ﺍﻟﻤﺆﻣﻨﻴﻦ ﺍﻳﻤﺎﻧﺎً ﺍﺣﺴﻨﻬﻢ ﺧﻠﻘﺎً
ﻭﺍﻟﻄﻔﻬﻢ ﺑﺎﻫﻠﻪ”
“Комилтарин муъмин аз рӯи
имон касе аст, ки аз назари
ахлок хубтар бошад ва бо ахлу
хонаводаи худ бисёр мехрубон
бошад”. Ва чунки аз назари
Ислом шавхар бузургтарин
масъули хонавода аст, лизо бар
масъул лозим аст, ки бар раият
эхсон, лутфу карам дошта
бошад ва аз фасод, кина ва
азият кардани онхо пархез
кунад. Аммо имом Ғаззолӣ
рахимахуллох мегӯяд: “аз
хукуки зан хусни муъошират ба
эхсон ва маъруф аст, ки шавхар
бо вай ба хубӣ зиндагӣ кунад
ва ахлоки хуб дошта бошад”.
2. Нафака ва маскан: аз хукуки
дигари зан бар шавхар хӯрок,
либос, маскан ва дигар
эхтиёчоти ӯ мебошад, ки баъд
аз акди никохи шаръи ва
таслим шудани зан бар шавхар
лозим мешавад. Ва далели
вучуби нафака, либос ва маскан
кавли Худованд аст:
“ ﻭﻋﻠﻲ ﺍﻟﻤﻮﻟﻮﺩ ﻟﻪ ﺭﺯﻗﻬﻦ ﻭﻛﺴﻮﺗﻬﻦ
ﺑﺎﻟﻤﻌﺮﻑ ﻻﺗﻜﻠﻒ ﻧﻔﺲ ﺍﻻ ﻭﺳﻌﻬﺎ”
“бар ухдаи сохиби фарзанд
(падар) аст, ки хӯроку пӯшоки
модарро ба хадди меъёр
бидихад ва хеч кас чуз ба
андоза худ мукаллаф нест”. Дар
чои дигар низ мефармояд:
“ ﻟﻴﻨﻔﻖ ﺫﻭﺳﻌﻪ ﻣﻦ ﺳﻌﺘﻪ، ﻭ ﻣﻦ ﻗﺪﺭ
ﻋﻠﻴﻪ ﺭﺯﻗﻪ، ﻓﻠﻴﻨﻔﻖ ﻣﻤﺎ ﺍﺗﺎﻩ ﺍﻟﻠﻪ ”
“сохиби вусъат бар хасби
кудрати моли худ нафака кунад
ва касе, ки мубтало ба тангӣ ва
факр шудааст хар чи ки
Худованд ба ӯ додааст ба ӯ
нафака кунад”.
3. Мухофизат бар дину ахлоки
зан: аз чумлаи хукуки зан бар
шавхар ин аст, ки шавхар
барои ислохи умури динӣ ва
ахлоки завчаи худ икдом карда
ва дар фалох ва растагории ӯ
саъй кунад чунончи зан аз
акида ва ахкому арзишхои
динӣ ноогох бошад, мард
барои таълим ва огох
намудани ӯ аз хеч талоши
фуругузорӣ нанамояд ва агар
худ наметавонист, ба ӯ ичоза
дихад, ки дар мачолис ва
дарсхои омӯзиши илму дониш
хузур пайдо кунад. Зеро ниёзи ӯ
ба огохӣ ва маърифати динӣ ва
ахлокӣ дасти каме аз эхтиёчи ӯ
ба хӯроку пӯшок надорад. Ва
барои нигах доштани ӯ аз
инхироф ва гирифтори дунё ва
шаковати охират, занон ниёз
хамчун мардон ба имону амали
солех эхтиёч доранд ва бидуни
илму дониши кофӣ
наметавонанд ба масъулиятхои
худ амал кунанд ва он гуна ки
шоиста аст наметавонанд
фарзандонашонро тарбияти
динӣ ва ичтимоӣ бинамоянд.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев