Беди хайрони сари куят будам
Ташналаб андар лаби чуят будам
ЧОНИ МАН асло фаромушам макун!
Ту бехтарини бехтаринхои
Ту нозанини нозанинхои
Ту зеботарини гулхои
Ту бароям яктои, ту бароям яктои
**********************************************
Лолазоре дорам аз лолаҳо зеботар,
Гулистоне дорам аз гулҳо хушбўйтар.
Монанди Биҳишт аст, лек дар замин аст,
Дар он нозанине дорам, аз Ҳур хушрўйтар.
**********************************************
Фаромўшам макун чонам,
Ки бо ёди ту мемонам
Азизам макун чангам
Гар дар васфат шеъре бихонам.
***************************************
З-ишқат ҳамчун Мачнун,
Аз ишқат гаштам чигархун
Дар ишқат сўхтам шабу рўз,
Ҳамчун Мачнун, ҳамчун Мачнун
Туи хуршеди тобони ман,
Ҳам ишқу ҳам чони ман.
Дар ин дунёи бевафои,
Бароям ту яктои ______чони ман.
*******************************************
Ҳамчун ман ошиқи шайдо кай пайдо бувад,
Ҳамчун ман Маҹнуни бенаво кай пайдо бувад.
Гар ҹамъ овари тамоми ишқи ҹаҳонро якҹо,
Монанди ман дилдодатар кай пайдо бувад.
*******************************************
Ашк мерезад аз чашмом,
Хун мечакад аз дилам.
Аз ишки туи бевафо,
Тан чудо мешавад аз чонам.
*******************************************
Мегирям хамчун борони бахори,
Шабхо хоб надорам дар ин дунёи фони.
Аз ишки ту месузад дили ман,
Мемирам ман имруз аз бевафои.
*******************************************
Ашки чашмонам меремзад мисли борон,
Хун аз дилам хамчун дарё равон.
Ишки ман тарк кард маро ин замон,
Ман низ меравам аз дунёи ишкамон.
Бахор чи фаслест, фасли ошикон аст,
Фасли шукуфоии богу бўстон аст.
Дамида растани дар дашту кўхсорон,
Хама сахро пур аз лолаву райхон аст.
********************************************
Дар зери борони бахори
Ёдам бо ёди ту бигзашта
Дар шаби тори махтоби
Шабам бо ёди ту рў гашта
Дар давру замони чавони
Умрам бо ёди ту хазон шуд
Дар ин дунёи бевафои
Ишкам бо ёди ту сўхта
Ман дар фикри туям ҳамеша,
Ба ту ошиқ шудам бе андеша,
фикр кардам дўст медори маро,
Ба наздат омадам фиреб карди маро.
Гуфти ҹонам биё ба пешам,
Бўса мегирам туро бо дилу ҹони хешам.
Ман омадам, наёфтам туро,
Баъд ба Худо супоридам туро.
Бо шеъри худ тасвир кардам,
Он абрўву ҹамоли туро.
ман мехоҳам туро дидан,
Овози булбулоатро шунидан.
Хандаҳои ширинатро дидан,
Аз лабонат бўса гирифтан.
Рўзҳо дар фикрат ҳайронам,
Бо фикри ту ман хоб вайронам.
Ман туро дўст медорам ҹонам,
Номатро мегардонам дар дилу ҹонам.
Ман ин шеърро менависам бо хуни чигар,
Наёфтам варақ, навистам ба пўсти чигар.
Ҳар гаҳ, ки туроо бинам дар хоб , бигирям
Аз ишқи ту , бо дарди дилу сўзи чигар.
Ҳар гаҳ, ки бишнавам овози булбулонаатро,
Бигўям: Ин аст ишқи ману чони чигар.
Ба ту дил додам ман дар дидори аввал,
Чашмони базебат гашт сабаби дарди чигар.
Ҳар гаҳ, ки туро бинам дилам гўяд ишқ,
Номат бар забон орам дилам гўяд ишқ.
Ҳар шому саҳар дар фикри туям ман,
Дар кучое, ки набошам дилам гўяд ишқ.
Ман мехонам барои шумоён эй дўстон,
Ман мехонам барои шумоён эй ошиқон.
Барои хурсандии шумоён эй Точикон.
Ишқи худро мегўям бар шумо эй рафиқон.
Ман ошиқаму ошиқ хоҳам буд хамеша,
Бо ишқи худ созам ошиқ шуморо эй азизон.
Гўш кунед ин ишқрову ҳаловат баред,
Якчоя бо маҳбубатон даст ба қарсақ баред.
Мардум аз суханони ту ба ханда оянд,
Ошиқон аз нигоҳи ту ба ханда оянд.
Ҳар кас ки ба чеҳраи хандонат бингарад,
Дар гиря бошад ҳам ба ханда ояд.
Шеъри ман барои туст эй ...
Ишқи ман барои туст эй ...
Гар ту дўст дори маро аз таҳти дил,
Чони ман фидои туст эй ...
Ҳамчун ту ман дигар ёр надорам,
Ошиқи туяму бар дигар кор надорам.
Туро меҹўяму ҳaмеша фикрам бо туст,
Монанди ту гули зебои бехор надорам.
Он касе, ки ман хоҳам ту боши,
Он касе, ки ман дўст дорам ту боши,
Дар ин дунё ҳар чи хоҳад дили ман,
Он касе, ки хоҳад дили ман ту боши.
Он абрўву ҹамоле, ки турост,
Он суханони ширине, ки турост.
Чун бингарам бар дигарон наёбам
Ҳеҹ, он зебоие, ки мисли турост.
Ассалом эй ишқипоки ҹониман,
Дуруди бепоён бар булбули хушхони ман.
Ман ошиқитанҳотуям эй ҹониман,
Ошиқидигар шавам бимирам ҹонуҹонониман
Биё охир дилафрузам,
Ба рохат дида медузам.
Чу шамъи хира месузам,
Даруни хонаам бе ту.
--------------------
Мерасад рузе маро ёдам куни,
Харкучо биншаста фарёдам куни.
Бо ду се байте, ки гуфтам бахри ту,
Хар замоне хонию шодам куни.
Бо дидани ту, эй гул, дил изтироб созад,
Тапида дар ишқи ту, ҳолаш хароб созад.
Гаҳе ороми дорад, шўх аст гаҳ чу дарё,
Туро агар набинад, сахт инкилоб созад.
**********************************
Ман ошиқи ту ҳастам, ту лек хабар надори,
Ба сўи ошиқи худ ними назар надори.
Ҳама ошиқон рафтанд ба сўи муроди дил,
Раҳме ба ҳоли ман кун, инсоф магар надори?
************************************
Имшаби ман боз бе огуши ту,
Андар огуши садокат мурд, мурд.
Ишки ман човид бимонад, то абад,
Мехри ту андар хиёнат мурд, мурд.
*****************************
Менависам бар китоби чашми ту.
Бо каламхои нигохи гарми хеш.
Бех зи чонам дусттар дорам туро,
Мефишонам пеши поят калби реш.
***********************
Туро бар сина чо кардам ба чонам ошно кардам.
Маро аз худ бадар карди худо хофиз.
Ало ай рахнамои дил маро афканда пой бар гил.
Рахи худро дигар карди худо хофиз.
Азизи ман биё беморам имшаб
Ситора дар само мешморам имшаб.
Ман ки мурдам зи гам парво надори.
Туро ман бар худо меспорам имшаб.
************************
Дар ин пара духтарай,
Дар у пара духтарай.
Ошик наша чурачон,
Ошики дарди сарай.
Ошикши думба духтар,
Хар руз мечина пахта.
Мега хостгор омади,
Биёр се чор куб тахта.
Якта гов бо гусола,
Чанд либос бахри холла.
Сару по ба момаша,
Кардан ба мо хавола.
Ду буззаку ду гусфанд,
Сад кило равгaну канд.
Чор копча орди якум,
Аз ин гапхо хушум канд.
Як хутик ба додарша,
Як луфтик ба хохарша.
Як чомаву як токи ,
Ба бобову оташа.
Ба очаша сета комбахт,
Жемпури пашмини сахт.
Хамаи ира шунида,
Оятуллох гаштаст карахт.
Хамин боша зангири,
Зан нагирки мемири.
То кая карз меканум,
Нестай рузи дамгири.
Дора се чор дугона,
Муйхоша дора ншона.
Усма ба кошо зада ,
Марa кардай девона.
Лабоша кардай сурхи,
Ба худуш задай духи .
Агар як бусат куна ,
Чанд руз дига мекулхи.
Номаки у Мадина,
Худуш ранги Марчина.
Духтараки хуби хуб,
Дар дил надора кина.
Як руз кардем вохури,
Гуфт чон ту чимехури.
Ита хушруча шидум,
Яке маара нахури.
Як руз таклифи бог кард,
Ру ба суи чорбог кард.
Як ду буса аз руям,
Хамара пури дог кард.
Як руз рафтум кучашон,
Хам ба пеши хонашон.
Яке очаш омадак,
Баромадай чашмошон.
Ба магуфтак э бача,
Сухбат накун дар куча .
Хамсояхо мебинан,
Мекунан гапу кача.
Очаша кардум рози,
Бо матали дарвози.
Неки момаи пируш,
Харгиз намеша рози.
Ма гирифтум мошинча,
Барои Мадинача.
Бади чанд руз вайрон шид,
Пиёда мегардум куча.
Падаруш ай Россия ,
Мега Мадина бия .
Уда чои кор ёфтум,
Бисёр кард фантазия.
Анна аку у рава,
Кори мо чи мешава.
Охир мо туй кун будем,
Коро каша мешава.
Гирифтай шиноснома,
Навиштай се чор нома .
Оятуллохчон зинда боши ,
Тарк мекунам хонама.
Мерам ба мулки мардум,
Дигар бар намегардум.
Фаромуш кун ту маара,
Оятуллохчон чонта гардум.
Мадин кард но ошнои,
Имруз дора чудои.
Ахволи ошика бин ,
Ёруш кард бевафои.
Акнун гашт аз мо Худо,
Гуш кун ту эй ошно.
Ошики харгиз накун,
Мешави обу адо.
Ошик кард ёдовари,
Аз ишку аз дилбари.
Агар дусти ман боши ,
Гапи маара мегири.


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2
офарин !!!!!!