аст, ки кулолгаре онро
сохтааст. Ин косаро замон
эътибор мебахшад. Ҳар қадар,
ки аз умри ин косаи сафол
бигзарад, қимматаш ҳамон
қадар зиёд мешавад. Агар
садсола шавад бо эҳтиром ба
он нигоҳ мекунанд ва агар
дуҳазорсола шавад ҳатто ба
шикастабандҳои хурдаш низ
бо ҳайрат назар меандозанд.
Ман намефаҳмам, ки чаро
ҳамаи мардон аз ишқ ба
унвони як хотира ёд мекунанд.
Онҳо мегӯянд вақте ҷавон
будам ошиқи ин ё он зан
будам. Ҳатто мегӯянд ошиқи
ҳамин зане, ки мебинӣ будам,
вале чаро аз давоми ишқ чизе
намегӯянд. Магар ишқ
мемирад, магар ишқ давом
надорад?!
Пас маълум мешавад, ки онҳо
ошиқ набуданд. Ҳавас ва
ҳирси шаҳват ба назарашон
ишқ менамуд.
Шумо чӣ?! Оё ошиқ ҳастед ва ё
ҳавасу ҳирси шаҳватро ишқ
медонед.
Духтарону писарон якдигарро
дӯст медоранд ва мегӯянд:
"Ман ошиқ шудам". Ин ошиқҳо
чунон барои расидан ба
висоли ҳамдигар талош
мекунанд, ки ҳатто баъзан
бемор ҳам мешаванд. Аз
осмон ситора ҳам меоранд,
маъшуқаи худро аз ҳамаи
гулҳои ҷаҳон зеботар
мебинанд. Шабҳо хобашон
намебарад, хаёлӣ мешаванд,
гапи падару модару
дӯстонашон ба гӯшашон
намедарояд. Ман бе вай
мемурам мегӯянд. Аммо…
ҳамин, ки ба висол расиданд,
аз ҳамдигар ком бардоштанд,
ишқ фаромӯш мешавад. Ишқ
дигар ба ёдашон намерасад.
Оҳиста-оҳиста байни ҳам
ҷанҷол мекунанд, айшашон
талх мешавад. Баъзан
ҳамдигарро бад мебинанд,
ҳатто масъалаи ҷудоӣ ба миён
меояд.
Дӯстони азиз, акнун ба ман
гӯед, ки ишқ куҷо шуд. Наход
раҳи ишқи бечора то даруни
ҷогаҳ бошад. Наход бо як
бӯсаи оташин ишқ сӯхта
мурад…
Магар ишқ ҳамин аст. Афсӯс,
азизони ман, ин бачаҳо, ки
калон шуданд мисли буқачаҳо
дар фикри тайлоқе мешаванд.
(Барои ин беадабӣ маро
бубахшед). Барои ҳамон
тайлоқ хобашон намебарад,
дар даруни ҷогаҳ тоб хӯрда,
дар ҳаваси шаҳват сӯхта, ман
мемурам мегӯянд. Дум-думи
ҳамон тайлоқ давида ман
барои ту аз осмон ситора
мебиёрам, мегӯянд. О, ба ту чӣ
шуд гуфта пурсед, ошиқ
шудам, мегӯянд.
Ин ошиқонро ғаризаи
ҳайвониашон бедор шудааст.
Онҳо чӣ будани ишқро
намедонанд. Ишқ барои онҳо,
бубахшед, бӯсу канори даруни
ҷогаҳ аст. Агар ишқ ҳамин
бошад, пас говҳо, бузу
гӯсфандҳо, сагу гурбаҳо… низ
ошиқанд. Аз ишқи писару
духтарҳои ошиқи мо ишқи ин
ҳайвоҳо фарқе надорад.
Баъзан дар кӯчаҳо мебинем,
ки ҷавоне аз паси духтаре
давида мегардад. Духтар он
ҷавонро дида қадамашро тез
мекунад. Бача давида аз
дасташ меқапад. Духтар бо
шаст дасташро кашида
мегираду мегурезад. Ҷавон боз
ба вай мерасад…Баъд
мебинем, ки онҳо дастҳо ба
гардани ҳамдигар аз касе
шарм накарда, дар рӯзи
равшан, дар қади роҳ ба бӯсу
канор мегузаранд. Қонуни
пода ҳам ҳамин аст, буқа
говро сур мекунад. Дили гов
буқа мехоҳад, вале беихтиёр
аз буқа мегурезад. Шояд вай
худашро ба буқа ширин
мекунад. Буқаи ошиқ говро
ором нагузошта ин тараф он
тараф медавонад. Ниҳоят гов
меистад ва буқа ба меҳрубонӣ
мегузарад.
Акнун ба ман гӯед, ки ишқи он
бачаву духтар аз ишқи ин
буқаву гов чӣ фарқ дорад.
Офарин! Фарқ надорад.
ИШҚ Алайҳисаломро хор
кардем. Ишқро, ки хор кардем
худамон хор шудем, вой бар
мо!!!
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев