Баҳорро набар!
Баҳори сабзчашми пурхуморро набар!
Баҳорро набар, набар баҳорро, нарав!
Ту меравӣ, баройи ман дигар кӣ ноз
мекунад?
Нарав!
Кӣ умри кутаҳи маро чу муйи худ дароз
мекунад? Нарав!
Дигар ба пеши чашми ман ниқоби руйи худ
кӣ боз мекунад? Нарав!
Дигар кӣ ин сукути наҳсу тираи маро
Пур аз садои рушани намоз мекунад? Нарав!
Ту зиндагии баъди марги ман будӣ,
Пас аз хазони хушки ман баҳору барги ман
Будӣ!
Ту Рузи Растахези ман,
Ту фасли гулфишону лоларези ман,
Насими мушкбези ман,
Тулуъи хандарези ман,
Чи гуна меравию мегузориям?
Азизи ман, азизи ман, нарав!
Нарав, ки зор мешавам
Мани ба ноз парваридаат,
Нарав, ки хор мешавад дилам
Чу лолаҳойи чидаат,
Аз он сипас, ки як шабе
Ба чашми сабзи хеш ҷой додиам
Чу шабнаме ба сабзазор,
Нарав, наяфганам ба хок ҳамчу оби дидаат,
Нарав!
Ту, эй ки номи мехрубон-тро
Худо кашида руйи лавҳи умри ман рақам,
Ба ҳурмати ҳамон Худо туро касам
Нарав!
Нарав!
Нарав!
Сиёвуши ҶУНАЙДӢ
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев