Амрико бори дигар шаҳри Санъо ва вилоятҳои Маъриб ва Ал- Ҳадидаи Яманро мавриди таҷовузи нав қарор дод.
Бар асоси гузориши расонаҳои хабарӣ, шаҳри Санъо ва ду вилояти Маъриб ва Ал- Ҳадида дар соатҳои аввали субҳи имрӯз 22 маротиба мавриди ҳамлаҳои ҳавоии Амрико қарор гирифтанд.
Бар ҳамин асос расонаҳои яманӣ аз ҳамлаи субҳдамии Амрико ба манотиқе дар Маъриб ва Ал- Ҳадидаи хабар доданд.
Бар асоси гузориши шабакаи Ал-Масира, минтақаи Ҷарбон дар ноҳияи Санҳон 6 маротиба ва минтақаи Ҷумайма дар ноҳияи Бани Ҳашиш 5 бор ҳадафи ҳамлаи ҳавоии Амрико қарор гирифтанд.
Амрико инчунин дар идомаи таҷовуз ба хоки Яман ҷазираи «Камрон»-ро, ки дар вилояти Ал- Ҳадида қарор дорад, ду маротиба бомббор кард.
Расонаҳои Яман ҳамчунин аз таҷовузи нави Амрико ба манотиқе дар вилояти Маъриб хабар доданд. https://tajikpress.com/2025/04/08/%d1%8f%d0%bc%d0%b0%d0%bd-%d1%81%d0%b0%d0%bd%d1%8a%d0%be-%d0%b0%d0%bc%d1%80%d0%b8%d0%ba%d0%be/
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев