Намоз.
Сипос Худоеро, ки Намозро бар
мусалмонон фарз гардонида ва
онро бузургтарин ибодат ва сутуни
дини Ислом ва василаи наздик
шудан ба худ қарор дод ва дуруду
салом бар беҳтарин фарзанди
Одам (А.с.), Паёмбари бузурги
Ислом, Ҳазрати Муҳаммад
(Саллаллоҳу ъалайҳи ва саллам) ва
бар олу асҳоби бузургвораш бод.
Аммо баъд:
Бародарон ва хоҳарони аҳли
Ислом!
Бидонед, ки Намоз мақоми волое
барои парҳезгорон ва рукни асосии
дин мебошад.
Ҳазрати Умар, писари Хаттоб (Р.а.)
фармуд:
Касе, ки Намозро тарк кунад, дар
Ислом ҳеҷ насибе барояш нест.
(Муваттаъ, имом Молик)
Асҳоби Расули Акрам (Саллаллоҳу
ъалайҳи ва саллам), тарки Намозро
куфр медонистанд ва агар ба
такбири иҳром (такбири аввал дар
Намоз) намерасиданд, бе андоза
нороҳат ва ғамгин мегаштанд.
Эй касе, ки аз Намоз ғофилӣ!
Чигуна ҷуръат менамоӣ, ки дар
бораи ин ибодати бузург ғофил
бошӣ?
Ва ё дар адои он, кутоҳӣ намоӣ ва
ё онро ба шакли дуруст ва дар
вақташ адо нанамоӣ.
Магар намедонӣ, ки Намоз фарқ
миёни кофир ва мусалмон
мебошад.
Магар намедонӣ, ки Намоз дилро
равшан ва чеҳраро нуронӣ намуда
ва гуноҳу хаторо дур мекунад.
Дар ҳадисе, ки Имом Бухорӣ аз
Абуҳурайра (Р.а.) ривоят
намудааст:
Расули Акрам (Саллаллоҳу ъалайҳи
ва саллам) фармуданд:
"Хабар диҳед манро, агар дар
хонаи шахсе аз шумо наҳре ҷорӣ
бошад ва он шахс ҳар руз панҷ
мартаба дар он ғусл кунад, оё бар
баданаш чирке боқӣ мемонад?
Асҳоби киром гуфтанд:
На, ҳеҷ чирке боқӣ намемонад.
Он Ҳазрат (Саллаллоҳу ъалайҳи ва
саллам) фармуданд:
Ҳамчунин аст мисоли Намозҳои
панҷгона, ки Аллоҳ Таъоло ба
василаи он гуноҳонро хоҳад
бахшид".
(Муснади Аҳмад, Бухорӣ ва
Муслим)
Эй касе, ки аз Намоз ғофилӣ!
Оё дидаӣ, ки бародарони
мусалмонат дар шабу руз, дар
гармию сардӣ, дар торикию
равшанӣ ба суи масҷид
мешитобанд, то Намоз бигузоранд
ва ҳеҷ чизе онҳоро аз ин роҳ боз
намедорад, на зулмату торикӣ ва
на гармию сардӣ ва на корҳои
беҳудаи дунё ва саргардонии
рузгору зиндагӣ.
Расули Акрам (Саллаллоҳу ъалайҳи
ва саллам) фармуданд:
"Касоне, ки дар торикиҳо ба
масҷидҳо мераванд, онҳоро ба
нури комил дар рузи Қиёмат
башорат диҳед".
Онҳо мусалмонони растагор ва дар
Намозҳои худ бо хушуъ ҳастанд ва
ҳангоме, ки бар Намоз бархезанд
ба суи Парвардигори худ бо ҷону
дил руй оваранд ва ба мақоми
саҷдагоҳи худ бинигаранд ва аз
ёди Парвардигор ҳама чизро аз ёд
бибаранд.
Эй касе, ки аз Намоз ғофилӣ!
Онгоҳ, ки фарёддиҳандаи ҳақ
мардумро ба суи Намоз мехонд ва
мусалмонони растагор руй ба
даргоҳи Ҳақ меоваранд, ту дар
куҷоӣ?
Оё намедонӣ, ки касолат ва
танбалӣ ва бе таваҷҷуҳӣ дар Намоз
аз сифоти мунофиқон мебошад?
Аллоҳ Таъоло мефармояд:
«Яқинан мунофиқон (мепиндоранд
Аллоҳро) фиреб медиҳанд! Дар
ҳоле, ки Худованд (сазои фиреби
эшонро фиреб медиҳад).
Мунофиқон ҳангоме, ки барои
Намоз бармехезанд, суст ва беҳол
ба Намоз меистанд ва бо мардум
риё мекунанд (Намозашон ба
хотири мардум аст, на ба хотири
Аллоҳ) ва Аллоҳро камтар ёд
мекунанд ва ҷуз андаке ба ибодати
у намепардозанд».
(Сураи Нисо: ояти 142)
Магар ин ваъдаи Парвардигоратро
нашунидаӣ, ки мефармояд:
«Чи чизҳое шуморо ба дузах
кашондааст ва бадон андохта аст?
Мегуянд: (дар дунё) аз ҷумлаи
Намозгузорон набудем».
(Сураи Муддасир: оятҳои 42-43)
Эй касе, ки аз Намоз ғофилӣ!
Эй касе, ки Намозро комилан тарк
намуда ё дар адои он сустӣ ва
танбалӣ менамоӣ ё онро ба
ҷамоъат адо намекунӣ!
Биштоб ба суи тавба пеш аз он, ки
аҷалат фаро расад ва номаи
аъмоли туро бибанданд ва онгоҳ
кор аз кор бигузарад ва фурсат аз
даст биравад.
Дар он замон, ки беҳуда бигуӣ:
Худоё, манро баргардон, вале
баргаште нахоҳад буд.
Худованд мефармояд:
«Замоне, ки марг яке аз ононро
фаро расад мегуянд:
Парвардигоро, маро ба дунё боз
гардон».
(Сураи Му'минун: ояти 99)
Эй касе, ки аз Намоз ғофилӣ!
Марг ва сакароти онро тассаввур
кардаӣ?
Оё дар бораи ранҷу дарди ҷон
кандан фикр намудаӣ?
Он рузе, ки ҳақоиқ ошкор ва
ҷойгоҳи ҳар инсон равшан гардад.
Оё медонӣ, ки баъд аз марг, қабри
танг ва торик, морҳо, каждумҳо ва
кирмҳо дар интизори туст?
Ва баъд аз қабр дубора зинда
шудан ва ҳисобу китоб аст.
Он рузе, ки номаи аъмоли инсонҳо
ё ба дасти чап ва ё ба дасти рост
дода мешавад.
Вой ба ҳоли касе, ки номаи аъмоли
уро ба дасти чапаш бидиҳанд.
Худованд мефармояд:
«Дар он вақт, ҳар касе, ки номаи
аъмолаш ба дасти росташ дода
шавад. Бо у ҳисоби сода ва осон
хоҳад шуд».
(Сураи Иншиқоқ: ояти 8)
Худованд мефармояд:
«Ва аммо касе, ки номаи аъмолаш
ба дасти чапаш дода шавад,
мегуяд:
Эй кош номаи аъмолам ба дастам
дода намешуд!
Ва намедонистам, ки ҳисоби ман
чист».
(Сураи Ҳаққоҳ: оятҳои 25-26)
Оё медонӣ, ки аъмоли инсонҳо
вазн карда мешавад?
Ва оё медонӣ, ки тарозуи аъмоли
ту чигуна хоҳад буд?
Худованд мефармояд:
«Пас ҳар кас ба андозаи зарраи
ғуборе, кори неку карда бошад,
онро хоҳад дид (ва подошро хоҳад
гирифт) ва ҳар кас ба андозаи
зарраи ғуборе кори бад карда
бошад, онро хоҳад дид (ва
сазояшро хоҳад чашид)"
(Сураи Зилзила: оятҳои 7-8)
Оё дар бораи пули сирот фикре
кардаӣ, ки чигуна аз у гузар хоҳӣ
кард?
Худованд мефармояд:
«Ва ҳеҷ як аз шумо нест, ки
вориди ҷаҳаннам нашавад ва ин
ҳукмест ҳатмӣ аз ҷониби
Парвардигори ту.
Он гоҳ парҳезгоронро наҷот
медиҳем ва ситамкоронро
ҳамчунон ба зону нишаста дар он
ҷо вомегузорем».
(Сураи Марям: оятҳои 71-72)
Хуб биандешед...!
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев