******************
Наврӯзи Аҷам омада хуш бар Ватани ман,
Гулҳои Ватан рӯида хуш дар чамани ман.
Бишкуфта дарахтони Ватан ҳамчу арӯсон,
Хобида чӣ хуш сабза ба дашту дамани ман.
Булбул ба наво муждаи наврӯзӣ расонад,
З-он мужда ба рақс омадааст ҷону тани ман.
Наврӯз муборак шавад, эй мардуми меҳан,
Шояд бубарад боди сабо ин сухани ман.
Сарсабзии сарву гули зардолуи чун қанд,
Ин муждаи сарсабзии аҷдоду бани ман.
Гулҳои хазонгашта бирӯянду бисабзанд,
Ҳам лолаву райҳону гули ёсумани ман.
Эй кош ҳамерустӣ чу гулҳои бахорӣ,
Ширинсухани ман, шаҳи гулгункафани ман.
Чандест ғарибона ба сар бурдаам умре,
Эй бод биёр накҳати мушки Хутани ман.
Аз ҳаҷри Ватан ин дили Мақсудалӣ сӯзад,
Эй войи дилу войи ману ҳамватани ман.


Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 2