Предыдущая публикация
дорам, Ба даргоҳат шабу
рӯзон Худоё. Чӣ бошад ҳоли зори
ман ба фардо, Агар аз ман шави
пурсон Худоё. Миёни ҷаннату дӯзах
қарорам, Чӣ бошад ҳукми ман
фармон Худоё. Ба саҳрои васеъ дар
рӯзи маҳшар, Макун сарсону
саргардон Худоё. Агар ғофил яке
рафтам зи дунё, Ту кун ҳамроҳи
ман имон Худоё. Гузорандам маро
дар гӯри торик, Бикун бо раҳматат
рӯшон Худоё. Чу ҳозир шуд
малоикҳо ба пурсиш, Муаррифам
бикун эшон Худоё. Саволе гар
бидоданду ман хомӯш, Забонам
бахшу кун осон Худоё. Пас аз он
руҳи ман ором бихобон, То субҳи
растахез субҳон Худоё. Муроди ман
зи ҷаннат дидани туст, Ба дидорат
мушараф дон Худоё.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев