„Ай мӯъминон, аз Худованд чуноне, ки сазовор барои Ӯст, парво бидоред ва ҷуз дар мусалмонӣ намиред“ (Сураи Оли Имрон: ояти 102)
)يَا أَيُّهَا النَّاسُ اتَّقُواْ رَبَّكُمُ الَّذِي خَلَقَكُم مِّن نَّفْسٍ وَاحِدَةٍ وَخَلَقَ مِنْهَا زَوْجَهَا وَبَثَّ مِنْهُمَا رِجَالاً كَثِيرًا وَنِسَاء وَاتَّقُواْ اللّهَ الَّذِي تَسَاءلُونَ بِهِ وَالأَرْحَامَ إِنَّ اللّهَ كَانَ عَلَيْكُمْ رَقِيبًا(. [النساء:1].
„Ай мардум, аз он Парвардигоратон парво бидоред, ки шуморо аз як тани ягона офарид ва ҳамсарашро аз ӯ халқ кард ва аз он ду мардон ва занони бисёре пароканд. Ва аз Худое, ки ба (номи) Ӯ аз ҳамдигар дархост мекунед, ва аз (гусастании) робитаи хешовандӣ парво доред, бе гумон Худованд бар шумо нигаҳбон аст“ (Сураи Нисо: ояти 1)
(يَا أَيُّهَا الَّذِينَ آمَنُوا اتَّقُوا اللَّهَ وَقُولوا قَوْلاً سَدِيدًا(70)يُصْلِحْ لَكُمْ أَعْمَالَكُمْ وَيَغْفِرْ لَكُمْ ذُنُوبَكُمْ وَمَن يُطِعْ اللَّهَ وَرَسُولَهُ فَقَدْ فَازَ فَوْزًا عَظِيمًا(71)) [الأحزاب].
„Ай мӯъминон, аз Худованд парво бидоред ва сухани устувор бигӯед, то корҳоятонро барои шумо ислоҳ кунад ва гуноҳонатонро барои шумо биомурзад, ва ҳар кас, ки аз Худованд ва Расули Ӯ итоат кунад (бидонад, ки) ба комёбии бузург ноил омада аст“ (Сураи Аҳзоб: оёти 70 ва 71).
Бародарони форсизабони ҷаҳон, ин китоб, ки дар ҳақиқат ҳаҷми он кӯчак, вале муҳтавои он бисёр муҳим аст ва „Навоқизи Ислом“, яъне мухолифат бо Ислом, ном дорад ва алломаи бузург, муфтии ъоми Арабистони Саъудӣ, онро навиштааст, ба шумо тақдим медорем, то бароятон сармашқе дар пайравӣ аз оини поки Ислом бошад. Зеро мумкин аст инсон ин корҳо, яъне мухолифатҳоро, анҷом диҳад ба тавре ки ҷоҳил ва нодон аст, ва ҷаҳл ва нодонии ӯ сабаби куфри ӯ гардад.
Пас бо хондани ин китоб ва амал ба он бароятон возеҳ хоҳад шуд, ки навоқизи Ислом яъне чист ва он навоқиз ва мухолифатҳо чӣ чизҳо ҳастанд.
Аз Худованд хост дорем ин амали ночизро холис барои ризо ва хушнудии Худ қарор диҳад.
Ва ахири даъванаа анилҳамдулиллаҳи Раббил ъаламин. Ва салату ва саламу ъала набиййинаа Муҳаммад ва ъалаа аалиҳи ва саҳбиҳи аҷмаъийн.
Арабистони Саъудӣ, Рияд,
16 Шавволи 1413 ҳ.қ.
Исҳоқ бин Абдуллоҳи Дабирӣ
Муқаддима
الحمد لله رب العالمين، والعاقبة للمتقين، وصلى الله وسلم على عبده ورسوله نبينا محمد، وعلى آله وأصحابه ومن تبعهم بإحسان أما بعد:
Ай бародар ва хоҳари мусалмон, бидон, ки Худованди Таборак ва Таъоло бар тамоми бандагони худ духул дар дини мубини Ислом ва тамсак ва пойдорӣ ба оини онро воҷиб карда аст ва аз мухолифат бо он бар ҳазар дошта аст, паёмбаре ба номи Муҳаммад (салаллоҳу ъалайҳи ва саллам) барои даъвати мардум ба ин дини мубин басъи онон мабъус фармуда аст, пас ҳар касе итоати ин паёмбарро бикунад аз ҳидоятшудагон аст ва ҳар касе маъсийят ва нофармонии Ӯро бикунад аз гумроҳон аст. Худованди Мутаъол дар бисёре аз оятҳои Қуръони маҷид мусалмононро аз ридат ва баргаштан аз дин ва соири анвоъи ширк ва куфр бар ҳазар доштааст. Ва уламои Ислом, раҳимаҳумуллоҳ, дар боби ҳукми муртад зикр кардаанд, ки мумкин аст мусалмон муртад ва аз дин хориҷ шавад, он ҳам бо иртикоб ва анҷоми баъзе аз аъмоле, ки онро навоқиз ва мухолифат бо Ислом номидаанд. Ва он навоқиз сабаб мешавад ҷон ва моли ӯ ҳалол шуда, аз доираи Ислом хориҷ гардад. Ва шадидтарини ин навоқизҳо даҳ чизанд, ки уламо ва донишмандони Ислом онро дар китобҳои худ зикр кардаанд, ва мо онро ба таври мухтасар барои шумо бародарон ва хоҳарони мусалмон зикр мекунем, то аз он мухолифатҳо ва навоқизи Ислом барҳазар бошед, бо мухтасар тавзеҳе дар баъҳе аз мухолифатҳо, ки ба дунболи он зикр хоҳем кард.
Навоқизи Ислом
Аввал: Ширк овардан дар ибодати Худои Якто ва барои Ӯ шарик қоил шудан.
Худованд мефармояд:
(إِنَّ اللّهَ لاَ يَغْفِرُ أَن يُشْرَكَ بِهِ وَيَغْفِرُ مَا دُونَ ذَلِكَ لِمَن يَشَاء) [النساء:116].
„Худованд намебахшад, ки ба Ӯ ширк оварда шавад, ва ҷуз онро барои ҳар кас, ки бихоҳад меомурзад“ (Сураи Нисо: ояти 116).
Ва мефармояд:
(مَن يُشْرِكْ بِاللّهِ فَقَدْ حَرَّمَ اللّهُ عَلَيهِ الْجَنَّةَ وَمَأْوَاهُ النَّارُ وَمَا لِلظَّالِمِينَ مِنْ أَنصَارٍ) [المائدة:72]
„Ба гумон касе, ки ба Худованд шарик оварад, Худованд биҳиштро бар ӯ ҳаром мегардонад ва ҷойгоҳаш оташ (дӯзах) аст, ва ситамкорон ёвароне надоранд“ (Сураи Моида: ояти 73).
Ва аз ҷумлаи ширк дар ибодати Худованди Мутаъол дуъо кардани мурдагон ва талабу мадад хостан аз онҳост ва ҳамчунин назр кардан ва забҳ ва қурбонӣ барои онҳост .
Дуввум: Касе, ки байни худ ва байни Худо воситае қарор диҳад ва аз он восита чизе бихоҳад (яъне, дуъои худро мутаваҷҷуҳи ӯ созад) ва аз ӯ шафоъат биталабад ва бар ӯ таваккал кунад, иҷмоъи уламо ва донишмандони Ислом бар куфри чунин ашхос аст.
Саввум: Касе, ки мушриконро кофир надонад, ва ё ин ки дар куфри он мушрикон шакк ва тардид дошта бошад, ва ё ин ки мазҳаби он мушриконро саҳеҳ бидонад, кофир аст.
Чаҳорум: Касе, ки эътиқод дошта бошад, ки ҳидоят ва дастурҳои ғайри Расули Акрам (салаллоҳу ъалайҳи ва саллам) комилтар ва беҳтар аст аз ҳидоят ва дастурҳои Расули Акрам (салаллоҳу ъалайҳи ва саллам), ва ё ин ки бигӯяд ҳукм ва қазовати ғайри Расулаллоҳ (салаллоҳу ъалайҳи ва саллам) беҳтар аст аз ҳукм ва қазовати паёмбар (салаллоҳу ъалайҳи ва саллам), монанди касоне, ки ҳукм ва қазовати тавоғит (қавонини расмии кишварӣ)ро, ки ғайри шаръи бошад бар қавонийни шаръи ва дини бартарӣ медиҳад ва инҳо ҳама кофир мебошанд.
Панҷум: Касе, ки ба чизе аз он чи Расулуллоҳ (салаллоҳу ъалайҳи ва саллам) барои уммати исломӣ аз ҳидояти башарӣ ва қазоват ва ҳукм ба Қуръон ва суннат оварда буғз варзад, агарчи ба он ҳукм амал кунад, дар ҳоле, ки аз он нафрат дорад, боз ҳам ҷузъи кофирон мебошад. Худованди Мутаъол мефармояд:
(ذَلِكَ بِأَنَّهُمْ كَرِهُوا مَا أَنزَلَ اللَّهُ فَأَحْبَطَ أَعْمَالَهُمْ...) [محمد :9]
„Ин аз он аст, ки онон ончиро, ки Худо нозил карда аст, нохуш доштанд, дар натиҷа Худованд аъмолашонро табоҳ кард“ (Сураи Муҳаммад: ояти 9).
Шашум: Ҳар касе, ки ба чизе аз дини мубини Ислом масхара ва ришханд кунад, ҳамон дине, ки Расулуллоҳ (салаллоҳу ъалайҳи ва саллам) онро аз тарафи Борӣ Таъоло оварда, ва ё аз савоб ва некӣ ва подоши он, ва ё аз ҷазо ва ъиқоб ва кайфури он, кофир шавад ва далелаш қавли Таборак ва Таъоло аст, ки мефармояд:
قُلْ أَبِاللّهِ وَآيَاتِهِ وَرَسُولِهِ كُنتُمْ تَسْتَهْزِؤُونَ(65)لاَ تَعْتَذِرُواْ قَدْ كَفَرْتُم بَعْدَ إِيمَانِكُمْ(66) [التوبة].
„Бигӯ: Оё ба Худо ва оёти Ӯ ва расулаш ришханд мекардед? Ъузр наёваред, ба ростӣ ки пас аз имонатон куфр пеша кардед“ (Сураи Тавба: оятҳои 65 ва 66).
Ҳафтум: Сеҳр ва ҷодугарӣ ва он чӣ шомили он мебошад, аз қабили тирӯдастӣ байни дӯстон ва ҷалби он барои дигарон, ва касе, ки онро анҷом диҳад ва ё аз он розӣ шавад, кофир гардад ва далел қавли Таборак ва Таъоло аст, к
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев