Моҳи зулҳиҷа ба ҳаштум руз буд, Ҷамъи ёрон бо наби дилсуз буд. Ҷабраил (а) овард оёти сафар. Реҳлаташ овард дар пеши назар. Рӯзи душанбе ба фармони Худо. Ҳазрати Азроил (а) омад зад садо. Дасти худ бигзошта дар пеши бар. Рост назди он набии некфар. Гуфт: Пайғамбар (с) каме шав интизор. То биёяд Ҷабраил (а) аз Кирдугор. Аз миёна лаҳзае чун тир шуд. Баъди чанде Ҷабраил (а) хозир шуд. Ҷабраил (а)-ро кард Пайғамбар (с) суол. Аз чи кам омад маро дар умр сол. Гуфт: фармон буд маро умри навад. Аз барои чӣ ба шастусе равад? Ҷабраил (а) гуфт: аз навад он бистуҳафт. Аз барои як шаби Меъроҷ рафт. Боз пурсид Ҷабраил (а)-ро Мустафо (с). Баъди ман ту боз оӣ аз само? Мустафоро(с)-ро Ҷабраил (а) дод ин ҷавоб. Баъди ту даҳ бор оям дар ҳисоб. Бори аввал мебарам сабр аз замин. Сабр бигрезад зи одам баъд аз ин. Баъди ин шарму ҳаёро мебарам. Ору номусе намонад дар ҳарам. Бори сеюм мебарам он рахму меҳр. То намонад лутф дар қалби сипеҳр. Ман адолат мебарам дар бори чор. Умматонат мешавад бе адл хор. Дафъи дигар гар биёям бар замин. Хайру неки мебарам ман бо ҳамин. Дар шашум дафъа саховатро барам. То фақиронро бубинад бад карам. Рости дар бори ҳафтум мебарам. То дуруғ ҳоким шавад баҳру барам. Навбати ҳаштум бувад даври ҳалол. То ҳаром ояд сари ҳар молу ҳол. Ман амалро мебарам бори нӯҳум. Одами бе илм хору марзу бум. Мебарам пас ҷилди Қуръони маҷид. Мекунад рӯзи қиёмат ӯ падид. Ашки Пайғамбар (с) аз ин гашта равон. Пеш аз он ки биспорад бечора чон. Ҷабраил (а)-ро кард аз нав ӯ суол. Умматонамро чиҳо ояд ба ҳол? Гуфт: ҳукми Эзидӣ якто ба мо. Умматонатро супори бар Худо. Рӯзи маҳшар чун биёяд,он Самад. Умматонатро ба ту пас медиҳад. Баъди иҷрои ҳама фарзу намоз. Умматонашро насихат кард боз. Фарқ созедаш ҳалоли аз ҳаром. То ки бошад тоза ҳар девору бом. Деҳ закоти молро бар камбағал. Бар ятиму беваҳою бар касал. Доимо кун рахму шафқат бар фақир. Ҳар дили бечораеро даст гир. Карда парҳез аз бадихо бе ҳудуд. Кинаро берун кунед аз қалби худ. Баъди ин ёрон хама рафта ба дар. Монд Фотима (р) ба паҳлуи падар. Гуфт: Пайғамбар (с) аё эй духтарам. Баъди шаш моҳ ту биёи дар барам. Пас намуд ӯ бар Маликулмавт ру. Заҳмати ҷон кандани аз ман биҷу. Умматонамро бидеҳ ту кам азоб. Ки хама ҳастанд бечора хароб. Азроил (а) бишнида ин арзи варо. Рози шуд бар гуфтаи он Мустафо (с). Ё Расулаллоҳ (с) ҳастам ман ризо. Уммати ту кард фарзаш чун адо. "Ояталкурсӣ" қироат чун кунад. Қабзи ҷонаш бандаро мафтун кунад. Ин бигуфту дасти худ бар ӯ ниҳод. Оҳ гуфт он Расул (с) ҷонаш бидод. Рафт аз дунё Сайидулмурсалин (с). Тарк бинмуд даҳри фониро чунин. Лек то имрӯз дар дилҳои мо. Кори ӯ моро бувад чун роҳнамо.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев