дар дасти туст агар.....!!!
Баноми Худованди бахшояндаи
меҳрубон
Хоҳари азизам ту се марҳалаи
ҳаёт зиндаги дори ва дар ҳар
яке аз онҳо Аллоҳи меҳрубон
ихтиёри даре аз дарҳои ҷанатро
ба шумо дода аст агар бихоҳи он
дарро ба руй инсонҳои мушахас
хоҳи боз кард, агар он дарро боз
накарди ва фурсат аз даст рафт
ғайр аз тасуф чизе барои ту
боқи намемонад!
Хоҳарам вақте ту дар хонаи
волидайн ҳасти қабл аз шавҳар
кардан дарин ҳолат Аллоҳи
зулҷалол ихтиёри дари ҷанатро
ба ту дода аст то ин ки ба руй
волидайнат онро боз куни ва он
ҳам аз ту вобаста аст ҷое шаке
нест ҳар як фарзанд инро
мехоҳад ки волидайнаш дар
ҷанатул фидавс бошанд , акнун
фурсатро ғанимат шумор ва ин
дарро боз кун!
Дар ҳадисе расули акрам ( с.с )
барои шумо хоҳарон инро чунин
баён кардаст назар намо
ﻓﻌﻦ ﺃﻧﺲ ﻗﺎﻝ، ﻗﺎﻝ ﺭﺳﻮﻝ ﺍﻟﻠﻪ : ( (ﻣﻦ ﻋﺎﻝ
ﺟﺎﺭﻳﺘﻴﻦ ﺣﺘﻰ ﺗﺒﻠﻐﺎ ﺟﺎﺀ ﻳﻮﻡ ﺍﻟﻘﻴﺎﻣﺔ ﺃﻧﺎ ﻭﻫﻮ ﻛﻬﺎﺗﻴﻦ
ﻭﺿﻢ ﺃﺻﺎﺑﻌﻪ) ) [ﺭﻭﺍﻩ ﻣﺴﻠﻢ
Аз Анас (р) ривоят аст ки
Расуллоҳ (с.с) гуфт: Шахсе
тарбият кунад ду духтарро то
сини балоғат ва онҳоро ба
шавҳар диҳад, меояд рузи
қиёмат(дохили ҷанат мешавад)
ман ва у монанди ин ду ангушт.
Пас хоҳарам барои ту азин ҳадис
маълум шуд ки вақте ту дар
хонаи волидай ҳасти бояд
муъминаи комил боши ки сабаби
дохил шудани волидайнат дар
ҷанат боши зеро шарти ҳадис ин
аст ки туро бо обру ба шавҳар
диҳад, агар побанд ба қонуни
ислом набоши ту на ин ки дари
ҷанатрои ба руй онҳо басти
балке сабаби духули онҳо ба
ҷаҳанам мешави зеро агар даст
ба бе ифати зади дарин ҳолат
ҳам обруи онҳоро дарин дунё
хоҳи бурд ва сабаби ба азоби
Иллоҳи гирифтор шудани онҳо
хоҳи гашт, ҳоло фурсат ҳаст ин
фурсатро ғанимат шумор!
Марҳалаи дуюм чун вақте ки
издивоҷ мекуни ва ба хонаи бахт
мерави ту комилкунандаи нисфи
имони ҳамсафари ҳаётат хоҳи
шуд зеро дар ҳадис чунин
омадаст
ﺇﺫﺍ ﺗﺰﻭﺝ ﺍﻟﻌﺒﺪ ﻓﻘﺪ ﺍﺳﺘﻜﻤﻞ ﻧﺼﻒ ﺍﻟﺪﻳﻦ ﻓﻠﻴﺘﻖ ﺍﻟﻠﻪ
ﻓﻲ ﺍﻟﻨﺼﻒ ﺍﻟﺒﺎﻗﻲ (ﺣﺴﻦ ﻟﻐﻴﺮﻩ
Ҳар вақте банда издивоҷ кард
пас бо таҳқиқ комил кардаст
нифи динашро пас тақворо пеша
кун дар нисфи боқиаш.
Агар бо ҳасафари ҳаётат
меҳрубонона зиндагиро пеша
куни у ҳаргиз даст ба
нофармониӣ Аллоҳ нахоҳад зад
ва ин меҳрубониӣ ту сабаби
комил шудани дини шавҳарат
хоҳад шуд ва худи шумо дари
ҷанатро ба руй боз кардаед ин
фурсатро барои дусти азизат аз
даст мадеҳ!
Марҳалаи сеюм чун Аллоҳи
меҳрубон ба шумо фарзанд ато
кард онҳоро бо ахлоқи ҳамидаи
исломи тарбия карди ва онҳо
қадри туро донистан ва
эҳтиромат карданд ин рафтори
онҳо сабаби дохил шудани онҳо
ба ҷанат мешавад зеро Расуллоҳ
(с.с) фармуд:
ﺍﻟْﺠَﻨَّﺔُ ﺗَﺤْﺖَ ﺃَﻗْﺪَﺍﻡِ ﺍﻷُﻣَّﻬَﺎﺕِ " ، ﺃﺣﻤﺪ ﻭﺍﻟﻨﺴﺎﺋﻲ ﻭﺍﺑﻦ
ﻣﺎﺟﻪ ﻭﺍﻟﺤﺎﻛﻢ ﻓﻲ ﻣﺴﺘﺪﺭﻛﻪ ﻣﻦ ﺣﺪﻳﺚ ﺍﺑﻦ ﺟﺮﻳﺞ
Гуфт: ҷанат зери қадамҳои
модарон аст, яъне агар мехоҳи
дохили ҷанат шави пас ризои
волидайнро ба даст биовар пас
хоҳарам дар тарбияи фарзанд
кушиш намо ва беаҳмияти макун
зеро онҳоро агар тарбияи хуб
намои саодати дунё ва охират
насибат хоҳад шуд
Дар охир бори дигар таъкид
дорам ба ту эй хоҳарам ки ин
фурсатҳоро аз даст мадеҳ !!!
Дарин рузи сайди аём ҷумъа
агар барои шумо мушкил
набошад дар ҳақи бандаи оси
дуъо кунед то ин ки Аллоҳ
тавфиқи комил ба ман ато
фармояд !
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев