Медони? Имшаб ёдхои ширини ту маро хобидан нагзошт ва мачбур кард, ки калам ба даст гираму розхоямро як-як руи когаз нависам. Ба гушам овози дилкаши ту садо медод, навозишхои дастонатро пазмон шудам. Ба ту рози дил мегуфтаму ту дилбардори мекарди, маро ба зиндаги дилгарм мекарди. Ман ин дунёро на бо чашмони худ, балки бо чашмони ту медидам, шабро ба хотири дидани руи ту субх мекардам, аммо ту рафти... Эй кош ана хамин рафтанхо намебуданду ту бо ман мемонди... Имруз танхо бо хаёлхои гиреххурда, бе максад ва бе орзу рузхои бемаъноямро шабу шабхои хичронро субх мекунам. Субхгохон бошад, аз шамоли сард аз туи бевафо пурсон мешавам. Бевафое, ки маро дар шахри ишк гарибу танхо гузошт. Эй боди сабо... Он бевафо дар кучову чи хол дорад хабар дори ё на? Дар сараш хаёли ба суи ман баргаштанро дорад ё на? Эй боди сабо!!! Ашкхои чашмонамро, доду фигонамро, интизорихоямро бубар ва ба гушаш бирасон, то ки бидонад ман уро чи кадар дуст медорам. Бигу, ки то чон дар тан дорам, то нафаси охирин дуст медорам. Ман уро рузафзун ва бо дили хун, берун аз хукми гардуну берун аз хадди конун дуст медорам. Эй бевафо, охир танхо туро дуст медораму халос...
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев