Ман нақши паи падар биҷӯям дар ту, Бо ҳасрати бешумор - қишлоқаки ман. ххх Қишлоқаки ман сабз чу фарвардин аст, Шабзамзамаи мурғи шабаш ширин аст. Он решаи тиллои гулпуштаи ӯ Дармону давои ҳар дили захмин аст. ххх Қишлоқаки ман ёсу санавбар дорад, Гунҷишкаку чирчираку кафтар дорад. Дар домани осмони худ шомгаҳон, Ришта-ришта мӯҳраи ахтар дорад. ххх Кишлоқаки ман шудам зи ҳулбӯи ту маст, Бо хору хаси гули туям даст ба даст. Ҳарчанд, ки Шаҳрбонуи ин шаҳрам, Мурғи дили ман ҳанӯз дар боғи ту ҳаст. ххх Қишлоқаки ман туро ҷавонӣ додам, Ангезаи ишқу меҳрубонӣ додам. Ҳар кас,ки паёми навбаҳорат орад, Сад гуна гулаш ба муждагонӣ додам. ххх Қишлоқаки ман дар ту гулафшон будам, Дар гардани гулҳои ту марҷон будам. Он лаҳза,ки чида-чида тутат хӯрдам, Гӯё,ки дар биҳишти ризвон будам. ххх Қишлоқаки ман бӯи раёҳин дорад, Ҳар зодаи ӯ дидаи хушбин дорад. Пирони варо нур бувад дар дида, Хар кӯдаки ӯ хандаи ширин дорад. ххх Қишлоқаки ман баҳори ту боронист, Мусиқии ёр-ёри ту боронист. Шеъре ки барои ту нависам, ҳама умр Чун гиряи обшори ту боронист. ххх Қишлоқаки ман дилам ба банди ту бувад, Ошиқ ба ҷамоли дилписанди ту бувад. Борони баҳори ту аҷаб бисёр аст, Боронии ман барги паранди ту бувад. ххх Қишлоқақи ман дар дами субҳи ту хурӯс Бедор кунад туро ба он қудқудус. Хуршед занад хандаю гӯяд шабнам: Боз ову зи чашми сабзи гулғунча бибӯс. ххх Қишлоқаки ман ба чорсӯят малак аст, Дар барги гули лолаи ту шаҳпарак аст. Оне ки зи боғи сабзи ту гул мечид, Бинмой, ки Шаҳрия ҳамон духтарак аст. ххх Дарза-дарза зи шеър хирман дорам, Андар нафасам шамими гулшан дорам. Ёрони азизи ҷониам гарчи каманд, Аз мӯи сарам зиёда душман дорам. ххх Дар раҳрави зиндагонӣ аз по задаам, Гаҳ хеш ба оташу ба дарё задаам. Анҷиру анори боғи мо сард нахӯрд, Афсӯс, ки худ чу себи сармозадаам. ххх Аз дарди замона ҳеҷ ҷои гила нест, Фарёдрасе баски дар ин қофила нест. Дидам, ки дилам наметапад аз ҳаяҷон, Гуфтам, ки дигар зистанам ҳавсала нест. ххх Аз шеъру ғазал шукуфта боғе дорам, Дар сояи нахлашон фароғе дорам. Ҳарчанд, ки аз чашми бадам нест гурез, Аз некии хештан чароғе дорам. ххх Ишқ омаду гуфт навбаҳорон омад, Бархез, ки фасли дӯстдорон омад, То чанд ба шиква менишинӣ , эй дӯст Бо ман ҳама гуна мушкил осон омад. ххх Эй шеър ба зиндагӣ туӣ ҳамрозам, Аз сеҳри ту шуд кушода садҳо розам. Дар хонаи ман зиёфати шоҳӣ нест, Бо шеъру ғазал биё, ки серат созам. ххх Ман шеъру суруди ишқро медонам, Падруду дуруди ишқро медонам, На Каъбаву на буткада аст ҷой варо, Даргоҳи суҷуди ишқро медонам. ххх Дармони тамоми иллатам Шаҳнома, Девони баҳори қисматам Шаҳнома. Лолоии Суҳробу Сиёвуш хонам. Гаҳвораи сабзи миллатам Шаҳнома. ххх Мактуби ту дар боли кабӯтар омад, Ёди хуши ту дубора бар сар омад. Шабҳо,ки наомадӣ болам бишикаст, Хуни ҷигарам ба рӯи дафтар омад. ххх Дар ҷоми ҷаҳоннамо бубинам ватанам, Хушталъату босафо бубинам ватанам. Дар чеҳраи мардумаш ҳама нури Худост, Пур аз нигаҳи Худо бубинам ватанам. ххх Дар давдави зиндагонӣ ман лат хӯрдам, Сад мушт зи дасти сахти қисмат хӯрдам. Ҳарчанд касе нахӯрда ғамҳои маро. Хушбахт аз онам, ғами миллат хӯрдам. ххх Ман ҷуфти худам наёфтам, тоқ шудам, Бар чашми нигоҳи гарм муштоқ шудам. Чун латтаи обшустае дар сари мех, Печидааму тапидаму қоқ шудам. ххх Зебову гулафшону руҳафзост баҳор, Пуршӯру пур аз завқу таманност баҳор. Бар ёсуманистони дили ман ту биё,
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев