Абдуҳамид Одинаев, муовини раиси ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рӯзи 9-уми апрел ба Радиои Озодӣ гуфт, сахттар шудани назорат дар марз, аз ҷумла ташкили ихтиёриён, аз рӯзи душанбеи 6-уми апрел шуруъ шуд.
Дафтари матбуоти ҳукумати Суғд мегӯяд, раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба сокинони минтақаҳои наздимарзии Овчӣ-Қалъача вохӯрда, аз онҳо талаб кардааст, ки ба ҳеч сурат марзро нагузаранд ва ба Қирғизистон нараванд.
Ба қавли Юнусов, "илова ба марзбонон ва кормандони милиса дружиначиёни ихтиёрӣ ташкил шудаанд, ки мардумро барои нагузаштан аз марз огоҳ мекунанд."
Ҷамоатҳои Овчӣ-Қалъача ва Хистеварзи ноҳияи Б. Ғафуров дар марзи Қирғизистон ҷойгир шудаанд.
Ба гуфтаи масъулин, танҳо дар ҷамоати Овчӣ-Қалъача 30 километр роҳ аст, ки аз ду тараф Тоҷикистону Қирғизистон ҷойгир шудааст.
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев