Ансорӣ (р) ривоят мекунад, ки фармуд: “Дар
маҷлиси Саъд ибни Убода будем, ки Паёмбар
(с)
пеши ман омад. Бишр ибни Саъд аз эшон
пурсид, эй
Расули Худо (с), Худованди муттаъол ба мо
дастур
дода, ки бар шумо дуруд бифиристем, чи гуна
дуруд
бифиристем? Расули акрам (с) хомўш
монданд, то ҷое, ки орзу кардем, ки кош
намепурсидем. Сипас
фармуданд, бигўед: “Аллоҳумма салли ъало
Муҳаммадин ва ъало оли Муҳаммадин камо
саллайта ъало Иброҳима ва борик ъало
Муҳаммадин ва ъало оли Муҳаммад камо
боракта
ъало Иброҳима ъалалъоламина иннака
ҳамидуммаҷид. Албатта саломро медонед.”
Ҳадиси
Абўҳумайди Соъидӣ, ки муттафақун алайҳ аст,
низ
шабиҳи ҳамин ҳадис аст. Далелҳо дар ин
замина
бисёр аст. Ибни Қайим (р) мефармояд: ин
ҳаққе аст,
ки махсусан ба онҳо (аҳли байт) таъаллуқ
мегирад.
Дар ин бора байни имомҳои шаръ ихтилофе
нест.
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев