Рузе, моҳӣ кудаки худро насиҳат мекард ва мегуфт; писарам, ҳаргиз болои об ва бар сатҳи дарё шино макун! Зео онҷо мавҷуде ба номи инсон вуҷуд дорад. У бо турҳои пайвастшуда моҳиҳоро шикор мекунад ва чун ба манзилаш орад шиками онҳоро пора мекунад. Бар онҳо намак ва адвияҷот пошида ва бо равғ ани доғ мепазад ва ё бар сих зада руи оташи тасфон бирён мекунад. Моҳии хурдак, ки гуш ба ин насиҳатҳои модар намедод, худро ба сатҳи дарё расонид. Чанд лаҳзае баъд худашро дар даруни тури шикорчӣ дид. Чун аз дарё ҷудо шуд, ба атроф мепарид ва ҳама он насиҳатҳои модарро яқин кард; пора шудани шикам, намаку адвияҷот, рағани доғу сих ва оташи сузону бирён шудан. Оре, достони инсон низ чунин аст. Паёмбарону уламо инсонҳоро аз ҳодисаҳои баъд аз марг бохабар мекунанд, вале инсон тавба намекунад. Чун бимирад ба барзах равад ҳама он чиро, ки паёмбарон дар дунё ба он инзор мекарданд, яқин мекунад. Ҳар оғозеро поёне ва ҳар қувватеро нотавоние аст. Ҳар ҳаётеро марге аст. Пас бихон ва яқин кун, ки хоҳӣ мурд ва туро аз қаср ба шиками қабр месупоранд.
أَيْنَمَا تَكُونُوا يُدْرِككُّمُ الْمَوْتُ وَلَوْ كُنتُمْ فِي بُرُوجٍ مُّشَيَّدَةٍ ۗ
«Дар куҷое, ки набошед марг ба суроғ и шумо хоҳад омад, агарчи дар қасрҳои муҳкам бошед».
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Нет комментариев