Предыдущая публикация
__Дилҳо ба ҳам бархӯрдаву нолида ларзон мешавад.
___Дил мекашад по меравад аз пушти ишқи сарсабил,
__Ду дида гирён мешавад ду хона вайрон мешавад.
___Дар хилвати шабҳои тор зери навои ,,Гулъузор",
__Оби муҳаббатхоҳи дил, ҷӯшида сӯзон мешавад.
___Чун моҳии дар зери шаст, аз соғари дилҳои маст,
__Нӯшида он зарринқабо хандида гирён мешавад.
___Болои марзи синааш дил аз паси сайде равон,
__Сайёди оҳугири ман рӯ сӯи домон мешавад.
___Пайдовари гул дар канор чун оби софи чашмасор,
__Бӯсида аз барги лабаш рӯзе сухандон мешавад.
Шараф Пайдовар (Умарзода,)
4.08.2018
Присоединяйтесь — мы покажем вам много интересного
Присоединяйтесь к ОК, чтобы подписаться на группу и комментировать публикации.
Комментарии 3